Шабонарӯзи гузашта дар ҷаҳон беш аз 281 ҳазор нафар гирифтори COVID-19 шудаанд
ДУШАНБЕ, 07.08.2020 /АМИТ «Ховар»/. Шумораи ҳолатҳои тасдиқшудаи гирифторӣ ба COVID-19 дар ҷаҳон давоми шабонарӯзи гузашта беш аз 281 ҳазор нафар зиёд шуд. Ин маълумотро Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ 7 август интишор намуд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар».
Ба ҳолати соати 9:00-и 7 август ба вақти Душанбе, дар ҷаҳон 19 257 726 гирифторон ва 717 687 фавт ба қайд гирифта шудааст. Шабонарӯзи гузашта шумораи гирифторон 281 002 ва теъдоди ҳолатҳои фавт 6 464 кас зиёд гардид.
Дар минтақаи Амрикои Шимолӣ ва Ҷанубӣ давоми шабонарӯзи охир 139 362 нафар сироят ёфта, 4 574 нафар беморон вафот кардаанд. Дар Аврупо давоми 24 соати охир шумораи гирифторон 25 178 нафар ва ҳолатҳои фавт 430 кас зиёд шуд.
Дар минтақаи Осиёи Ҷанубу Шарқӣ шумораи сироятёфтагон давоми шабонарӯзи гузашта 61 288 нафар ва фавтидагон 1003 кас зиёд гардид.
Шумораи зиёди ҳолатҳои сироятёбӣ дар ИМА ба қайд гирифта шудааст — 5 032 179. Баъдан Бразилия (2 917 562), Ҳиндустон (2 025 409), Россия (871,894), Африқои Ҷанубӣ (538 184), Мексика (462 690), Перу (455 409), Чили (366 671), Колумбия (357 710) ва Испания (354 530) ҷойгиранд.








Нақши Президенти Тоҷикистон дар бунёди низоми муосири идоракунии давлатӣ назаррас аст
САҲМИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН ДАР ТАКМИЛИ ФОНДИ ОСОРХОНАИ МИЛЛӢ БУЗУРГ АСТ. Эҳдо ба Рӯзи Президент
Директори Агентии «Тоҷикстандарт»: Садоқат ба Президент, садоқат ба Ватан аст!
ПЕШВОИ РАЪИЯТПАРВАРИ МИЛЛАТ. Эҳдо ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
ПАДИДАИ ПЕШВО ДАР ТОҶИКИСТОН-АКСИ САДОИ ТАЪРИХ БА НИЁЗҲОИ СИЁСИИ МИЛЛАТИ ТОҶИК. Ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон бахшида мешавад
Эмомалӣ Раҳмон -таҳкимбахши Истиқлолияти давлатӣ ва Пешвои ваҳдатофар
Дар Осорхонаи миллӣ ба ифтихори Рӯзи Президент Рӯзи дарҳои кушод гузаронида мешавад
ҲАР РӮЗИ ФАЪОЛИЯТИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ТАЪРИХСОЗИСТ. Андешаҳои академик Фарҳод Раҳимӣ бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Сарвари давлат: «Ҳар як фарди ҷомеа вазифадор аст, ки моҳияту аҳаммияти Конститутсияро ба фарзандони худ ҳанӯз аз хурдсолӣ фаҳмонад»
Эмомалӣ Раҳмон: «Маҳз ба шарофати Конститутсия ва амалӣ шудани меъёрҳои он дар Тоҷикистон фазои орому осуда муҳайё гардид»
Президенти Тоҷикистон: «Конститутсия соҳибистиқлолии халқи моро ба расмият дароварда, асосҳои бунёдии ҷомеа ва давлати навини тоҷиконро муайян намуд»
КОНСТИТУТСИЯ — ШАҲОДАТНОМАИ ХАЛҚИ ТОҶИКИСТОН. Иқтибосҳо аз суханрониҳои Президенти Тоҷикистон






