Шабонарӯзи гузашта дар ҷаҳон беш аз 281 ҳазор нафар гирифтори COVID-19 шудаанд

Август 7, 2020 11:33

ДУШАНБЕ, 07.08.2020 /АМИТ «Ховар»/. Шумораи ҳолатҳои тасдиқшудаи гирифторӣ ба COVID-19 дар ҷаҳон давоми шабонарӯзи гузашта беш аз 281 ҳазор нафар зиёд шуд. Ин маълумотро Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ 7 август интишор намуд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар».

Ба ҳолати соати 9:00-и 7 август ба вақти Душанбе, дар ҷаҳон 19 257 726 гирифторон ва 717 687 фавт ба қайд гирифта шудааст. Шабонарӯзи гузашта шумораи гирифторон 281 002 ва теъдоди ҳолатҳои фавт 6 464 кас зиёд гардид.

Дар минтақаи Амрикои Шимолӣ ва Ҷанубӣ давоми шабонарӯзи охир 139 362 нафар сироят ёфта, 4 574 нафар беморон вафот кардаанд. Дар Аврупо давоми 24 соати охир шумораи гирифторон 25 178 нафар ва ҳолатҳои фавт 430 кас зиёд шуд.

Дар минтақаи Осиёи Ҷанубу Шарқӣ шумораи сироятёфтагон давоми шабонарӯзи гузашта 61 288 нафар ва фавтидагон 1003 кас зиёд гардид.

Шумораи зиёди ҳолатҳои сироятёбӣ дар ИМА ба қайд гирифта шудааст — 5 032 179. Баъдан Бразилия (2 917 562), Ҳиндустон (2 025 409), Россия (871,894), Африқои Ҷанубӣ (538 184), Мексика (462 690), Перу (455 409), Чили (366 671), Колумбия (357 710) ва Испания (354 530) ҷойгиранд.

Август 7, 2020 11:33

Хабарҳои дигари ин бахш

КОНСТИТУТСИЯ—ШОҲСУТУНИ ДАВЛАТ. Иқтибосҳо аз суханрониҳои Президенти Тоҷикистон
Корҳои омодагӣ ба ҷашни 40-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардиданд
Моҳи майи соли 2027 Душанбе мизбони Конфронси байналмилалии сатҳи баланд бахшида ба оғози Даҳсолаи байналмилалии таҳкими сулҳ мегардад
МЕҲРГОН-ҶАШНИ БАРАКАТУ ФАРОВОНӢ ВА МЕҲРУБОНӢ. Иқтибосҳо аз суханрониҳои Президенти Тоҷикистон
35 тавсифи пурарзиши Президенти Тоҷикистон дар ситоиши Истиқлолияти давлатӣ
ИСТИҚЛОЛИЯТ — РАМЗИ САОДАТ ВА АСОЛАТИ МИЛЛАТ. Тавсифҳои истиқлолият аз суханҳои пурарзиши Президенти Тоҷикистон
НУРИ ХУРШЕДИ ИСТИҚЛОЛ ТО АБАД РАВШАНГАРИ ҲАЁТИ ҶОМЕАИ МО БОД! Тавсифҳои истиқлолият аз суханҳои пурарзиши Президенти Тоҷикистон
ИСТИҚЛОЛУ ОЗОДӢ — РАМЗИ ВОҚЕИИ ИФТИХОР АЗ ВАТАНУ ВАТАНДӮСТӢ. Тавсифҳои истиқлолият аз суханҳои пурарзиши Президенти Тоҷикистон
ИСТИҚЛОЛИЯТ — МАРҲАЛАИ СИФАТАН НАВИ РУШДИ ТОҶИКИСТОН. Тавсифҳои истиқлолият аз суханҳои пурарзиши Президенти Тоҷикистон
ИСТИҚЛОЛИЯТ — РАМЗИ БАРҶАСТАИ ПОЙДОРИИ ДАВЛАТ. Андешаҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир ба Истиқлолияти давлатӣ
ҶОИЗАИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН ДАР СОҲАИ ОБ–ВАСИЛАИ ТАҲКИМИ ДИПЛОМАТИЯИ ОБ ДАР ҶАҲОН. Андешаҳо дар ин маврид
ТИРГОН ШЕБУ ФАРОЗИ САДСОЛАҲОРО ГУЗАШТА, ТО БА РӮЗГОРИ МО РАСИДААСТ. Иқтибосҳо аз суханрониҳои Президенти Тоҷикистон ба муносибати ин ҷашн