Шумораи гирифторони COVID-19 дар ҷаҳон ба беш аз 20 миллион нафар расид

Август 10, 2020 11:54

ДУШАНБЕ, 10.08.2020 /АМИТ «Ховар»/. Шурӯъ аз оғози пандемияи коронавирус то имрӯз шумораи гирифторони COVID-19 бо ошкор гардидани 219 598 ҳолати нав давоми шабонарӯзи охир дар ҷаҳон ба 20 026 161 нафар расид, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба хадамоти матбуоти Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ (СУТ).

Бо ҳолати соати 11:00 ба вақти Душанбе, дар ҷаҳон 734 ҳазору 20 нафар гирифторони коронавирус вафот карда, беш аз 12,9 миллион нафар беморон шифо ёфтаанд.

Дар минтақаи Амрикои Шимолӣ ва Ҷанубӣ давоми шабонарӯзи охир 156 817 нафар сироят ёфта, 4 182 нафар беморон вафот кардаанд.

Дар Аврупо давоми 24 соати охир шумораи гирифторон 16 762 нафар ва ҳолатҳои фавт 326кас зиёд шуд.

Дар минтақаи Осиёи Ҷанубу Шарқӣ шумораи сироятёфтагон давоми шабонарӯзи гузашта 69 799 нафар ва фавтидагон 961 кас зиёд гардид.

Шумораи зиёди ҳолатҳои сироятёбӣ дар ИМА ба қайд гирифта шудааст — 5 199 444. Баъдан Бразилия (3 035 582), Ҳиндустон (2 215 074), Россия (887 536), Африқои Ҷанубӣ (559 859), Мексика (480 278), Перу (478 024), Колумбия (387 481) Чили (373 056) ва Испания (361 442) ҷойгиранд.

АКС аз Сергей Бобилев/ТАСС

Август 10, 2020 11:54

Хабарҳои дигари ин бахш

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо медали «Барои хизматҳо дар рушди ҳамкории башардӯстона» сарфароз гардонида шуданд
ТОҶИКИСТОН — МИЗБОНИ ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ. Интихоби Душанбе чун макони баргузории ин чорабиниҳои муҳим ба таҷриба, эътибор ва нуфузи байналмилалии мамлакат асос ёфтааст
Вуруди Резервати биосферии «Ромит» ба Шабакаи ҷаҳонии мамнуъгоҳҳои ЮНЕСКО — рӯйдоди муҳим дар соҳаи экологии Тоҷикистон
ДИПЛОМАТИЯИ ТОҶИКИСТОН: АЗ СУХАНРОНИИ ТАЪРИХӢ ТО ТАШАББУСҲОИ ГЛОБАЛӢ. Эҳдо ба Рӯзи кормандони хизмати дипломатии Тоҷикистон
Президенти Тоҷикистон: «Таъсиси Маркази минтақавии зеҳни сунъиро дар шаҳри Душанбе салоҳи кор мешуморем»
Пиряхҳо ва дигар манбаъҳои обии Тоҷикистон то 60 фоизи захираҳои оби Осиёи Марказиро ташкил медиҳанд
Тоҷикистон дар соҳаи дипломатияи об мавқеи фаъол дорад
Тоҷикистон аз пайомадҳои манфии раванди тағйирёбии иқлим нигарон мебошад
Эмомалӣ Раҳмон: «Қатъномаи махсуси СММ оид ба эълон кардани «Даҳсолаи таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда» мавриди баррасӣ қарор дода шавад»
Президенти Тоҷикистон: «Маҷмаи Умумии СММ имконияти эълон намудани Соли байналмилалии маърифати ҳуқуқиро мавриди баррасӣ қарор диҳад»
Муҳаммадҷаъфари Ёҳаққӣ: «Мо раҳбари хирадмандеро меситоем, ки дасти як миллатро бар «Шоҳнома»-и устоди Тӯс кушода кард»
Бо пешниҳоди Тоҷикистон 14 қатъномаи Маҷмаи Умумии СММ оид ба масъалаҳои обу иқлим қабул гардид