Шумораи ҷонбохтагони таркиш дар Бейрут ба 135 нафар расид

Август 6, 2020 13:43

ДУШАНБЕ, 06.08.2020 /АМИТ «Ховар»/. Шумораи ҷонбохтагони  таркиш  дар пойтахти Лубнон – Бейрут  ба  135 нафар расид, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба канали телевизионии «Al Jazeera». 

Мутобиқи маълумоти  бадастомада, дар ин таркиш ҳадди аққал 135  кас  ҷон бохта,  тахминан  5 ҳазор  нафари дигар  захмӣ шудаанд.

Мақомоти расмӣ  иброз доштааст, ки  эҳтимоли  зиёд  гардидани   шумораи ҷонбохтагон  вуҷуд дорад,  чунки наҷотдиҳандагон ҷустуҷӯйи одамони зиндамонадаро дар зери  биноҳои валангор идома медиҳанд.

Губернатори Бейрут Марван Аббуд гуфт, ки  дар шаҳр то 300,000 нафар бесарпаноҳ мондаанд. Мақомот барои бо ғизо, об ва манзил тамин намудани онҳо кӯшиш мекунад. Таркиш  дар бандари Бейрут шоми 4 август рух дод. Мақомоти маҳаллӣ сабаби  ин ҳодисаро таркиши 2,7 ҳазор тонна нитрати аммиак, ки дар анбори бандар нигоҳдорӣ мешуд, номиданд. Ин маводро соли 2015 хадамоти гумрук мусодира  намуда, онро  дар бандари мазкур  нигоҳдорӣ мекардааст. Дар Бейрут барои ду ҳафта  вазъияти фавқулода эълон шудааст, назорати амният  дар пойтахт ба дӯши низомиён вогузор шудааст.

Август 6, 2020 13:43

Хабарҳои дигари ин бахш

Палатаи поёнии парлумони Беларус дар ҳайати пурра интихоб гардид
Қатар барои шаҳрвандони Тоҷикистон раводидро бекор намуд
Прабово Субианто дар интихоботи президенти Индонезия пирӯз гардид
Директори генералии Созмони ҷаҳонии тандурустӣ Тедрос Аданом Гебрейесус изҳор намуд, ки ҷаҳон ба пандемияи нав омода нест
Александр Стубб дар интихоботи президентии Финландия пирӯз шуд
Дар интихоботи президентии Озарбойҷон Илҳом Алиев бо гирифтани 92,05% овози интихобкунандагон пешсаф мебошад
Теъдоди ҳалокшудагон бар асари сӯхтори ҷангал дар Чили ба 131 нафар расид
Имрӯз дар Озарбойҷон интихоботи ғайринавбатии президентӣ баргузор мешавад
Олжас Бектенов сарвазири нави Қазоқистон таъйин шуд
Дар Озарбойҷон пеш аз баргузории интихоботи президентӣ рӯзи хомӯшӣ эълон гардидааст
Бо сабаби барфи зиёд дар минтақаи Токио 1,8 ҳазор манзил бе барқ мемонанд
ТУРКИЯ ФАЛОКАТИ АСРРО БА ҲАМРАЪЙИИ АСР ТАБДИЛ ДОД. Имрӯз аз заминларзаи шадиди Туркия як сол сипарӣ гардид