Соҳибкор дар шаҳри Хоруғ барои кӯдакон ҳавзи оббозӣ бунёд кард
ХОРУҒ, 14.08.2020 /АМИТ «Ховар»/. Соҳибкори маҳаллӣ аз шаҳри Хоруғ Меликшо Азизов барои кӯдакону наврасони шаҳри Хоруғ каме болотар аз хонаи худ ҳавзи оббозӣ бунёд кардааст.
Дарозии ин ҳавз 8 метр буда, паҳноии он панҷ ва чуқурияш 2 метр аст. Обро ба ин ҳавз ба воситаи қубур аз чашмаи кӯҳӣ овардааст. Меликшо Азизов гуфт, ки «аксарияти кӯдакону наврасони шаҳр ва аз ҷумла, ҳамсоягону фарзандони ман ҳам дар рӯзҳои гарми тобистон барои оббозӣ ба лаби дарёҳои Ғунду Панҷ мераванд ва ҷоеро интихоб мекунанд, ки аз назари калонсолон пинҳон аст. Ин басо хатарнок аст. Аз ин рӯ ман қарор додам бо истифода аз оби чашмаи кӯҳӣ каме дуртар аз хонаам ҳавз бисозам. Як ҳафта пеш онро ба итмом расондам ва ҳоло кӯдакон аз маҳаллаҳои гуногун барои оббозӣ ба ин ҳавз меоянд».
Дар назди ҳавз ҳамарӯза як ё ду нафар аз ҷавонони ин маҳал ҳам навбатдорӣ мекунанд ва ҳам ба кӯдакон усулҳои шиноварӣ меомӯзанд. Кӯдаконе, ки шиноварӣ карда наметавонанд, танҳо бо камзӯлҳои резинӣ, ки намегузоранд кӯдакон зери об раванд, роҳ дода мешаванд.
Меликшо Азизов гуфт, ки «ҳоло ҳатто баъзе аз кормандони идораву муассисаҳои шаҳрӣ хоҳиш кардаанд, ки барои истироҳат ва оббозӣ чанд соат ин ҳавзро дар ихтиёрашон гузорем. Имрӯз чунин дархостро аз кормандони ширкати «Помирэнерҷӣ» дарёфт кардам. Ин ҳавз дар мобайни боғ, дар як ҷои хилвату хушманзара ва аз назари мардум дур ҷойгир аст. Аз ин рӯ духтарон низ имконият доранд дар он бемалол истироҳат ва ё оббозӣ кунанд».








Оид ба Конститутсия ва ҷойгоҳи он дар танзими муносибатҳои идоракунии давлатӣ ҳамоиши ҷумҳуриявӣ доир шуд
«КОНСТИТУТСИЯ-КАФИЛИ АДОЛАТИ СУДӢ». Дар Суди Олии иқтисодии Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
Муассисаи «Шабакаи гармидиҳии шаҳри Душанбе»: «Муштариён метавонанд барои ҳалли мушкилот ба рақами кӯтоҳи 14-44 занг зананд»
Доир ба саҳми академик Муҳаммадҷони Шакурӣ дар рушди илму адаб конференсияи илмӣ баргузор шуд
«КОНСТИТУТСИЯ–ПОЙДОРИИ ДАВЛАТИ ҲУҚУҚБУНЁД». Таҳти чунин унвон конференсияи ҷумҳуриявӣ доир гардид
Роҳҳои баланд бардоштани ҳосилнокии зироатро дар шаҳри Кӯлоб баррасӣ намуданд
Дар мавзуи «Конститутсия ва таъмини ҳуқуқ ба озодии эътиқод» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Дар ҷаласаи Шурои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон механизмҳои нави ҳимояи ҳуқуқи муҳоҷирони меҳнатӣ баррасӣ гардид
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд ҳамоиш доир шуд
Дар ноҳияи Данғара нақшаи ҷамъоварии пахта 100 фоиз иҷро гардид
Дар ноҳияи Деваштич иншооти гуногуни иҷтимоӣ ба истифода дода шуданд
Дар Академияи идоракунии давлатӣ оид ба нақши Конститутсия дар таъмини баробарии гендерӣ ҳамоиш доир шуд






