Собиқ Вазири адлия ва Раиси Суди Олии Тоҷикистон аз олам даргузашт
ДУШАНБЕ, 25.08.2020/АМИТ«Ховар»/. Собиқ Вазири адлия ва Раиси Суди олии Тоҷикистон Шароф Маҳмудов баъди бемории тӯлонӣ 24 август дар синни 89-солагӣ аз олам даргузашт, иттилоъ медиҳад хабарнигори АМИТ «Ховар» бо истинод ба маълумоти пайвандони марҳум.
Шароф Маҳмудов 23 феврали соли 1931 дар шаҳри Конибодоми вилояти Суғд ба дунё омада, соли 1955 факултаи ҳуқуқшиносии Донишгоҳи давлатии ба номи В. И. Ленин (ҳоло Донишгоҳи миллии Тоҷикистон)-ро хатм кардааст.
Фаъолияти худро аз судяи одии собиқ ноҳияи Хуҷанди собиқ вилояти Ленинобод шурӯъ намуда, баъдтар муовини раиси суди шаҳри Чкаловск (ҳоло Бӯстон), узви Суди Олӣ (1962 – 1971), муовини вазир (1971 – 1978) ва Вазири адлияи Тоҷикистон (1972 – 1990) буд.
Ӯ охирин раиси Суди Олии Тоҷикистони Шӯравӣ ва аввалин раиси Суди Олии Тоҷикистони мустақил (1990 — 1994) буд, ки зери Эъломияи истиқлоли Тоҷикистон имзо гузошт ва онро расмӣ кард.
Аз соли 1994 дар нафақа буд.
Ҷасади Шароф Маҳмудов имрӯз дар қабристони Сари Осиёи шаҳри Душанбе ба хок супорида шуд.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад






