ТАВАҶҶУҲ! Дар Душанбе хатсайри нави автобусии №41 ба роҳ монда мешавад
ДУШАНБЕ, 05.08.2020 /АМИТ «Ховар»/. Шурӯъ аз 10 августи соли равон дар шаҳри Душанбе хатсайри нави автобусии №41 (Дарвозаи Ғарбӣ-Бозори Кӯшониён) ба фаъолият оғоз менамояд. Автобусҳо дар хатсайри мазкур тавассути кӯчаву хиёбонҳои Нусратуло Махсум, А. Навоӣ, Карамов, Рӯдакӣ ва Ҳ. Шерозӣ ҳаракат менамоянд. Дар ин бора аз Раёсати иттилоот ва робитаҳои хориҷии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе ба АМИТ “Ховар” хабар доданд.
Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ба таваҷҷуҳи сокинон ва меҳмонони пойтахт мерасонад, ки аз хизматрасонии автобусҳои муосири тамғаи “АКИА” истифода баранд. Пардохти ҳаққи роҳкиро тариқи корти нақлиётӣ ба роҳ монда мешавад.
Ёдовар мешавем, ки ду-се соли охир дар хатсайрҳои автобусии ҳудуди пойтахти мамлакат автобусҳои замонавӣ роҳандозӣ карда шуда, онҳо ба аҳолии шаҳр хизмат расонида истодаанд.
Тавре мутахассисон иброз доштанд, автобусҳои «AKIA» дорои 26 ҷойи нишаст буда, таҷҳизоти гармидеҳу сардкунанда ва низоми идораи электронии он аз дигар автобусҳо бартарӣ доранд. Муҳаррики он истеҳсоли ширкати «Мерседес Бенс» мебошад, ки дар миқёси ҷаҳон солҳои зиёд шуҳрати беандоза дорад. Дар қисми болои дохили автобус мониторҳои калонҳаҷм насб шудаанд, ки барои пахши роликҳои таблиғотӣ ва маълумотдиҳӣ истифода мешаванд. Тугмачаи назди дари мобайн бо аломати маъюбон ба шахсони дорои имкониятҳои маҳдуди ҷисмонӣ имкон медиҳад, ки аз наздик шудани худ ба дар ронандаро огоҳ кунанд.
Акс аз манбаъҳои дастрас








31 ОКТЯБР — РӮЗИ ҶАҲОНИИ ШАҲРҲО. Дар хиёбони Саъдии Шерозии Душанбе 3 эстакадаи дусатҳа бунёд мегардад
Шаҳри Душанбе бо ба даст овардани 65 ҷой ғолиби Озмуни ҷумҳуриявии «Илм – фурӯғи маърифат» гардид
Иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Рустами Эмомалӣ дар кӯчаи Абдулаҳад Қаҳҳорови ноҳияи Фирдавсии пойтахт бо гузоштани санги асос ба сохтмони 3 эстакада ва як пул оғоз бахшиданд
Бо мақсад рушди ҳамкории сайёҳӣ ҳайати шаҳри Душанбе ба музофоти Хайнани Чин сафар намуд
Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Дарвоз аз маҷмааи сайëҳию истироҳатии «Чорчаман» дидан намуданд
Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Дарвоз варзишгоҳи болопӯшидаи «Нури Модар Арена», майдони хурди футбол ва ҳавзи шиновариро мавриди истифода қарор доданд
Рустами Эмомалӣ дар деҳоти Қалъаи Хумби ноҳияи Дарвоз бо фаъолияти комплекси сайёҳии «ЗЕВ-С» ва намоишгоҳи ҳунарҳои мардумӣ шинос шуданд
Рустами Эмомалӣ бо сафари корӣ ба ноҳияи Дарвози Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ташриф оварданд
Иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум баргузор мегардад
Бо қарори Раиси шаҳри Душанбе Рӯзи Президент дар пойтахт дар сатҳи баланди ташкилӣ таҷлил мешавад
Бо мақсади тақвияти ҳамкорӣ дар соҳаи сайёҳӣ ҳайати шаҳри Душанбе ба Чин сафар намуд






