Темурмалик: дар Озмуни ҷумҳуриявии «Фуруғи субҳи доноӣ китоб аст» 14 довталаб беҳтарин дониста шуданд
ДУШАНБЕ, 26.08.2020. /АМИТ «Ховар»/. Дар ноҳияи Темурмалик даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Фуруғи субҳи доноӣ китоб аст» ҷамъбаст гардид. Дар озмуни мазкур 190 нафар довталаб иштирок намуд, ки аз миёни онҳо 14 нафар дар номинатсияҳои гуногун беҳтарин дониста шуда, ба даври сеюм роҳ ёфтанд. Дар ин бора аз мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Темурмаклик ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд.
Яке аз иштирокчии фаъоли озмун аз «номинатсияи хондан ва аз ёд кардани осори адибони классикии тоҷик» Гулистон Сайфурова иброз дошт, ки соли гушата дар озмун иштирок карда натавонистаам, имсол беш аз 4 ҳазор мисраъ шеъру ғазал, дубайтию рӯбоӣ ва чанд достони мукаммалро аз ёд карда, дар озмун иштирок намуда, ба даври дуввум роҳхат гирифтам.
«Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои мо хонандагон шароит фароҳам меорад, ки завқу рағбати мо нисбат ба китобхонӣ бештар гардад. Инчунин моро ҳавасманд мегардонанд, ки аз шеъру ашъори шоирони классику форсу тоҷик баҳраванд гардем. Аз осори ниёгон воқиф гардида, ҳамчун инсонҳои комилу некбин ба воя расем»,- Гулистон Сайфурова.
Ба гуфтаи аъзои ҳакамон, озмуни мазкур аз ҷониби қишрҳои гуногуни ҷомеа ҳамовозии амиқ пайдо намуда, теъдоди иштирокчиён нисбат ба соли гузашта афзудааст. Ҳамчунин ин озмун бори дигар мардуми китобхону китобдӯст ва дӯстдорон шеъру калом будани миллати тоҷикро нишон медиҳад. Зеро баъзе аз иштирокчиён аз талаботи озмун бештар мутолиа намудаанд.
Бояд тазаккур дод, ки Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» дар ташаккули худшиносиву худогоҳии ҳар фарди ҷомеа таъсири амиқ расонида, инсонро ба сӯйи саодату некбахтӣ мебарад.
Ёдовар мешавем, ки даври сеюми озмуни мазкур нимаи дуюми моҳи сентябр дар маркази Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо ва шаҳри Душанбе баргузор мегардад.








ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад






