ТОҶИКИСТОН – МАЪВОИ КӮЛҲОВУ РӮДҲОВУ ОБШОРОН. Ва ё Падидаву шоҳкориҳои беназири табиат дар сарзамини мо

Август 30, 2020 10:04

ДУШАНБЕ, 30.08.2020 /АМИТ «Ховар»/. «Об, Замин, офтоб — ин се сарчашма унсурҳое ҳастанд, ки асоси ҳастии инсонро муайян месозанд. Дар Тоҷикистони биҳиштосои мо онҳо мақом, рисолат, сифату хосиятҳои хосу нотакрори худро доранд, ки дар ҷаҳон беназир аст», — навиштааст зимни як мақолаи нави худ Шоири халқии Тоҷикистон,  барандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Абӯабдулло Рӯдакӣ, ходими адабии АМИТ «Ховар» Камол НАСРУЛЛО.

Он кас, ки ҷаҳонро гаштаасту мушоҳида намудааст, хуб медонад, ки лаззати мева ва зироати Тоҷикистон хосса асту нисбат ба  дигар гӯшаҳои ҷаҳон бешабеҳ.  Ҳамон як  навъи ангур,  себ, харбуза ва ё меваву сабзавотро шумо метавонед дар Амрико, кишварҳои Аврупо, Россия ё  Гурҷистон ё дар ҳар ҷои дигар низ тановул кунед ва дар қиёс дарк намоед, ки он таъми ширину лазизеро, ки дар Тоҷикистон дорад, дар он ҷо надорад. Сабаб чист? Сабаб сифату хусусияти об асту офтоб ва файзи замини бобаракати Тоҷикистон.

Банда соли 1990 сафаре ба ИМА  доштам ва муддати 15 рӯзро дар ин кишвар ба сар бурдам. Ҳар боре, ки  ангур, харбуза, себ, зардолу ва дигар меваҷоти онҷоро мечашидам, дар ҳайрат меафтодам, ки чаро ширин нест, он таъми гувороеро, ки мо аз хӯрдани меваҳои худ дар сарзаминамон мегирем, надорад.  Айнан бо ҳамин ҳолат дар кишварҳои дигар низ рӯ ба рӯ омадаам. Ҳатто дар Молдова ва Гурҷистон, ки ҳар ду кишвари то ҷойе офтобию мевапарваранд, лаззати меваи Тоҷикистонро наёфтам. Зеро таъми мева ба таъм ва баракати обу офтобу замине вобастагӣ дорад, ки дар он ҷо парвариш ёфтааст. Беҳуда нест, ки Тоҷикистонро сарзамини биҳиштӣ меноманд.

Маълум аст, ки Тоҷикистони биҳиштосои мо кишвари зулолтарин обҳои ҷаҳон  ва бузургтарин  захираи пиряхҳои кураи Замин аст.

Рӯдҳои Тоҷикистон, чашмаҳои Тоҷикистон, обшори Тоҷикистон на танҳо манбаи обҳои хуштаъму покизаи ошомиданиянд, балки ҳар яке зеботарин падидаи табиатанд, ки бинандаро мафтун месозанд. Маҳз ҳаминҳоянд, ки диққати сайёҳони ҷаҳонро ба худ ҷалб кардаанд. Шӯҳрати мавзеъҳои дидании Тоҷикистон, хусусан бо шарофати обшору чашмасоронаш, манбаъҳои шифобахши обаш кайҳост дар байни сайёҳони ҷаҳон паҳн гардидааст.

Банда ҳанӯз хурдсол будам, ки дар мавзеи Кӯли калони диёрамон, воқеъ дар кӯҳистони Панҷакент, ки овулҷои деҳаи мо буд, дар баландии қаторкӯҳҳои Зарафшон, дар канори Чимтарға ва кӯлҳои Сафед, Бибиҷон, Кӯли Калону Аловуддин, кӯли ба истилоҳ Хунин (ба сабаби он ки ҷонваре агар бар оби он дарояд, ба анбӯҳи алафҳояш мепечаду  баргашта баромада наметавонад)  ва дигар кӯлҳо пайваста сайёҳони хориҷиро медидам, ки хаймаҳо задаву мафтуни зебоиҳои нотакрор ва ҳанӯз осебнодидаи ин сарзамин  аз онҳо лаззат мебурданд. Ҳанӯз он солҳо ин сайёҳон аз кишварҳои Германия, Франсия, Италия, кишварҳои соҳили Балтика меомаданд ва дар бораи ин кӯҳҳо ва кӯлҳову табиати ин сарзамин он қадар маълумоте доштанд, ки мо соҳибони мулк надоштем. Онҳо ваҷаб ба ваҷаб харитаи этнографию топономии ин сарзаминро сохтаву оид ба ин мавзеъҳо  асарҳо интишор дода буданд. Яъне таваҷҷуҳи сайёҳони олам ба Тоҷикистони биҳиштосои мо ҳанӯз он замонҳо бедор ва пойдор гардида буд.

Обҳои Тоҷикистон

Вобаста ин мавзӯъ беманфиат нахоҳад буд, агар мо маълумоте андак дар мавриди обҳои Тоҷикистон бидиҳем.

Тоҷикистон маъвои кӯлҳову рӯдҳову  обшорон- ин падидаву шоҳкориҳои  беназири табиат мебошад. Ин кишвари биҳиштосо яке аз сарчашмаву саргаҳи обҳои зулоли ошомидании ҷаҳон аст. Хусусан пиряхҳои бешумори кӯҳсоронаш манбаи бузурги обҳои пок буда, ҳашт  фоизи ҳудуди мамлакатро ташкил додаанд, ки  масоҳати умумиашон ба 11,146 ҳазор км2 расида, дар онҳо тақрибан 845 км3 захираҳои об маҳфузанд.

Теъдоди дарё ва сойҳои доимии Тоҷикистон ба 947  адад мерасад. Ҳавзаи дарёҳои Ому, Сир, Панҷ, Вахш, Зарафшон, Кофарниҳон ва зерҳавзаҳои зиёди дигар, ба мисли Қаротоғ-Ширкент, Қизилсу-Яхсу, Исфара, Хоҷабоқирғон, Оқсу ва сойҳои Ашту Сомғор аз он ҷумлаанд.

Дар Тоҷикистон як ҳазору сесад кӯл вуҷуд доранд, ки масоҳати 705 км2 -ро фаро мегиранд. Ҳаҷми умумии захираҳои оби онҳо 46,3 км3— ро ташкил медиҳад, ки аз ин миқдор  20 км2 обҳои ширинанд.

Кӯли дар нусхаи худ беҳамтои Сарез ва даҳҳо кӯлҳои оби мусаффои кӯҳҳо,  рӯдбору обшору чашмаҳои беҳамтои  шодоби дигар, ки саршори обҳои зулоли бебаҳо ва беҳамтои ҷаҳонанд, низ дар Тоҷикистони мо арзи вуҷуд доранд. Илова бар ин захираҳои обҳои зеризаминии барқароршаванда дар Тоҷикистон 18,7 км3/солро  ташкил медиҳанд.

Яъне мардуми  хушбахти мо, дар канори чашмаву обшори зулол ва рӯдбори шодобу файзафшон умр ба сар мебаранд. Дар мавриди истифодаи онҳо дар самти рушди сайёҳӣ бояд гуфт, ки ҷозибияти манзараҳои онҳо ва муҳити мусаффою рӯҳбахшашон ба сайёҳон хеле писанд меояд.

Ба маврид аст ёдовар шавем, ки ташаббусҳои Пешвои миллатамон дар арсаҳои ҷаҳонӣ аз хусуси ҳифзи захираҳои об на фақат ба мардуми мо, балки ба тамоми инсоният ҳушдор медиҳанд, ки пайваста дар андешаи ин мушкили ба инсоният таҳдидкунанда бошем. Яъне норасоии об, хатари беш аз беш обшавии пиряхҳо, азияти миллионҳо сокини сайёра аз норасоии об, фавти кӯдакон дар ин замина ва афзудани бемориҳои сирояткунандаву фавти инсонҳо аз масъалаҳое ҳастанд, ки дар суҳбату маърӯзаҳои Сарвари давлати тоҷикон пайваста мавриди андеша қарор мегиранд ва дар назди ҷомеаи ҷаҳонӣ гузошта шуда, ангезиш ба ҳамагон медиҳанд.

Дар радифи ин иқдомҳо Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ  ва ҳунарҳои мардумӣ эълон гардидани солҳои  2019-2021 аз ҷониби Ҳукумати Тоҷикистон ва Пешвои миллат ҳадафҳои бузурги миллиро пайгирӣ мекунанд, ки яке аз онҳо ба манфиати баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум ва ободонию пешрафти кишвари азизамон мебошад.

Дар ростои  ташаббус ва иқдомҳои Пешвои миллат ва Ҳукумати Тоҷикистон озмуни “Об -гарави рушди деҳот ва сайёҳӣ”, ки аз ҷониби Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон “Ховар” ва Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба 30- солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон гардидааст, бешубҳа,  барои расидан ба ҳадафҳои баланди номбурда бо дарку омӯзиш ва таҳлилу таҷассуми мубрамтарин масъалаҳои ин соҳа  саҳми худро хоҳад гузошт.

Беҳин маҳзари сайёҳии ҷаҳон 

Нуктаи дигаре, ки мехоҳам зикр кунам, дар мавриди ҷалби таваҷҷуҳи сайёҳон ба мавзеъҳои сайёҳӣ мебошад. Дар замони шӯравӣ ҳангоми истироҳат дар осоишгоҳи Питсундаи Абхазистон моро ба саёҳати табиат бурданд. Автобус тӯли беш аз як соат моро аз канори кӯҳ боло мебурд, ба зиёрат ва тамоши кӯле, ки онро пешакӣ бо воҳимаҳо чун як эъҷози табиат таъриф мекарданд. Вақте ки ба манзил расидем, ба истилоҳе тарбуз аз бағали ман афтод, зеро он кӯле, ки ин қадар тарғиб мешуду садҳо нафар барои дидани он  маблағу вақт сарф карда, ба он мавзеъ мерафтанд, як кӯлаке буд ҳақир ва ман ба андеша афтодам, ки агар ин сайёҳон хабар медоштанд, ки  мо дар кӯҳистони биҳиштосои ҷумҳуриамон чӣ қадар кӯлҳои нозанину шодоб  дорем, ки садҳо маротиба арзиши бештар доранд ва ин кӯл дар назди онҳо кӯлмаке беш нест, оё намешитофтанд ба тамошои он? Чаро мо тоҷикон наметавонем аз онҳо барои ҷалби сайёҳони хориҷӣ ба таври шоиста чунин истифода барем? Ин андешаҳои он солҳо буданд. Хушбахтона, имрӯз бо шарофати Истиқлолияти давлатӣ дар Тоҷикистон ва ташаббусҳои Сарвари давлатамон вазъият ба куллӣ дигар гаштаву барои рушди деҳот ва ҳунарҳои мардумӣ, ҳифзи обҳои зулол ва дар ин росто пешрафти соҳаи  сайёҳӣ ҳамарӯза шароити мусоид фароҳам оварда мешавад.

Ман аминам, ки агар зиндагӣ тинҷу  осоишта бошад ва агар мо, тоҷикон тавонем сайёҳонро ба мамлакати нозанини худ ҷалб намоем, дар дунё мавзеъҳое беҳтар аз кӯҳистони мо барои саёҳат, тамошо, истироҳат ва бардоштҳои маънавию рӯҳафзо аз ин сафарҳо пайдо кардан душвор хоҳад буд.

Аввалан, Тоҷикистон сарзаминест, ки ҳар  гӯшаву канори нозанинаш  аз лиҳози нотакрорӣ, покию ҷолибияти  табиат бешабеҳ буда, бо зуҳуроти табиати зинда ва биҳиштосо зебо, бо обҳои зулолу намои кӯҳҳои сарбафалаку барфпӯш ва этнографияи беамсолаш таваҷҷуҳи оламиёнро ба худ мекашад.

Сипас, Тоҷикистон, ки кӯҳҳои сарбафалакаш Боми ҷаҳон ном гирифтаанд, дар ҷаҳон  яке аз машҳуртарин қитъаҳои кӯҳнавардӣ ва алпенизми байналмилалӣ ба ҳисоб меравад. Фатҳи қуллаҳои беҳамтои онро ҳар кӯҳнавард барои худ шараф меҳисобад ва машҳуртарин алпенистҳои олам  дар орзуи фатҳи онҳо  мебошанд. Қуллаҳои сарбафалаки мамлакати мо дар тамоми ҳудуди Тоҷикистон ҳамасола метавонанд теъдоди зиёди кӯҳнавардону сайёҳонро ба худ ҷалб намоянду ба сӯи худ кашанд.

Баъдан шояд на ҳама сайёҳони олам донанд, ки Тоҷикистон ҳамон сарзаминест, ки дар он нодиртарин ҳунарҳои мардумӣ, одоб, анъана суннату маросими халқӣ то имрӯз беосеб омада расидаву ба шакли комил маҳфуз мондаанд. Ба инҳо  маҳсулоти ҳунарҳои мухталиф ва рангоранги дастӣ, сару либос, анвои таомҳои бешабеҳи миллӣ ва суннату ойинҳои зеботарину ҷолибтарин ворид мешаванд, ки барои як нафар мусофири хориҷӣ хеле ва хеле ҷолиб хоҳанд буд.

Ба ин номгӯй метавон рӯйхати мавзеъҳои таърихии мамлакатро зам намуд. Шурӯъ аз Саразми бостонӣ, ки таърихи беш аз панҷҳазорсола дорад, то мавзеи қалъаҳои таърихии Ямчун  ва Қаҳқаҳаи Ишкошим, ки ёдгор аз замонҳои қадимтаринанд ва мавзеъҳои таърихии Ҳулбуку Қасри Сангин ва даҳҳои дигар ҳама барои сайёҳони ҷаҳон таваҷҷуҳбарангезанд.

Баъдан Тоҷикистони мо яке аз қадимтарин сарзаминҳои таърихиест, ки  ҳар сангу бораи мавзеъҳои  таърихиаш пур аз қиссаву ривоятҳои таърихию асотирӣ буда, аз саргузаштҳои ҷолиби инсоният ҳикоят мекунанд. Дар Тоҷикистон мавзеъҳои дидании таърихие ҳастанд, ки аз асрҳои сангиву биринҷӣ, аз замонҳои давлатдории Ҳахоманишиён, Кӯшониёну Ҳайтолиён ва аз таърихи навини мардуми ин диёр ҳикоятҳои ҷолиб мекунанд ва аллакай аз он  садҳо нафар сайёҳон аз тамоми гӯшаҳои дунё дидан намудаанд ва теъдодашон сол то сол меафзояд.

Замина ва далели дигар барои ҷалби сайёҳон ба Тоҷикистон аз ин қаламрави бостонӣ гузаштани  “Роҳи бузурги Абрешим” мебошад, ки дар гузаштаи дури таърихӣ  роҳи ҳаракати роҳибони буддоӣ ва фиристодагони сиёсӣ ҳам будааст, ки барои сайёҳон ва таъриху бостоншиносони дунё метавонад хеле ҷолиб бошад. Ҳоло собит шуда истодааст, ки аз ҳудуди Тоҷикистони имрӯза ҳанӯз пеш аз Роҳи бузурги абрешим Шоҳроҳи нахустини қалъагиву лоҷвард мегузаштааст. Ва аввалин шаҳри ҷаҳон дар ҳудуди Авруосиё ҳамин Саразми бостонии мост.

Ба номгӯ ва рӯйхати ҷолибтарин падидаҳо барои рушди сайёҳӣ дар Тоҷикистон метавон иловаҳои зиёде кард. Яъне қариб, ки ваҷаб ба ваҷаб ин сарзамин ё аз ҷиҳати ҷозибаи табиӣ, ё аз ҷиҳати қимати таърихию этнографӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, ё аз ҷиҳати ҷолибияти маросиму суннатҳо, сару либос ва пухтупазу таомҳои миллӣ ва даҳҳо ҷиҳати дигар барои сайёҳон ҷолибу диданӣ ва таваҷҷуҳангез аст.

Ҳузури чашмаҳои шифобахшу обҳои гарми табобатӣ ва захираи сангҳои қиматбаҳои мамлакатро, ки ҳамто надоранд, метавон зам кард. Онҳо  низ ҳамарӯза теъдоди зиёди муштариёнро  аз тамоми гӯшаҳои олам ба худ мекашанд. Метавон барои намуна аз ягона чашмаи шифобахшу  давоӣ барои чашм — чашмаи “Авҷ”, чашмаи ҳаётбахши “Бибифотимаву Заҳро”, “Гармчашма”-и беназир ва даҳҳои дигар ҳикоят кард.

Масъалаи ҷалби сайёҳон ба мамлакати ҳамешабаҳори мо нав нест, балки собиқаи таърихӣ ҳам дорад.

Қадимтарин ва мӯътамадтарин манобеи таърихӣ, ки оид ба табиати биҳиштосои сарзамини мо маълумоти ҷолиб медиҳад, китоби муқаддаси “Авесто” мебошад, ки дар он маълумоти фаровон дар бораи ин сарзамин дода шудааст. Маълумоти таърихӣ барои он оварда мешаванд, ки дар онҳо воқеан аз замонҳои қадимтарин таваҷҷуҳи сайёҳонро ба худ ҷалб кардани ин сарзамин нишон дода мешаванд. Зеро имрӯз ҳам ин қаламрав яке аз беҳтарин ва дурахшонтарин минтақаҳои сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ дар дунёст, ки аз тамоми ҷаҳон сайёҳонро ба сӯи худ мекашад.

Донишманд ва сайёҳи араб Алмақдисӣ  дар ёддошташ аз кӯҳистони Тоҷикистон, аз ҷумла аз Бадахшон ёд кардааст. Манобеи Чинӣ аз қадимтарин сарчашмаҳои хаттӣ мебошанд, ки дар бораи мамлакати мо ва табиати рангини он маълумот додаанд.

Марко Поло аз аввалин сайёҳоне буд, ки аз Тоҷикистон дидан кард ва маълумоти ҷолибе аз ӯ мондааст.

Бостоншинос А.Д.Бобоев қадимтарин мадфанҳои Вахон-Чилхона, Ямчун ва Ричифро ба асри сеи пеш аз мелод мансуб дониста, зикр кардааст, ки таърихи ин давраи Вахон ба империяи Ҳахоманишиҳо иртибот дорад. Абӯрайҳони Берунӣ дар бораи лоҷварде, ки аз кӯҳи Ғорон  канда мешавад, иттилоъ дода, зикр кардааст, ки дар Варзафанд, дар масофаи серӯза аз Бадахшон, дар мавзеи Вахон маъдани лаъл воқеъ аст.

Метавон ин номгӯй ва ин хуҷастагиҳои табиату таъриху этнографияи давлатамонро хеле давом дод, ки ҷилд-ҷилд китобро метавонанд фаро бигиранд.

Аммо имрӯз чӣ бояд кард?  

Чӣ бояд кард, ки камбудиҳои мавҷуда дар самти рушди сайёҳӣ дар Тоҷикистон бартараф ва ислоҳ карда шаванд? Чаро аксари сайёҳони мамлакати мо тавассути кишварҳои ҳамсоя меоянд, онҳоро ҳамсояҳои мо бештар ва пештар аз мо соҳибӣ кардаанд, ҳол он ки ҳадафи асосии онҳо боздид аз Тоҷикистон аст? Масалан, гурӯҳе тавассути Қирғизистон аз Ӯш, гурӯҳе тавассути Ӯзбекистон аз Самарқанд  меоянд ва даромади асосӣ аз ин саёҳате, ки аслан ҳадафаш Тоҷикистон аст, на ба Тоҷикистон ворид мешавад. Ин масъалаест, ки бояд маъмурони сайёҳии мо дар сари он биандешанд ва дар ин рақобат зимомро ба дасти худ бигиранд. Мо бояд коре кунем, ки онҳо меҳмони бевоситаи худамон бошанд, агентиҳои сайёҳии мо бевосита аз оғоз онҳоро соҳибӣ ва раҳнамоӣ намоянд. Ин ҷо ҷойи истиҳола нест, зеро қонуни рақобати бозорӣ ҳаминро талаб мекунад ва бурд ба ҷониби кордонию ҳушёрӣ  зиракист.

Бинобар ҳамин дар поёни ин гузориши мухтасар  аз чанд нуктае, ки метавонанд мусоидат ба рушди сайёҳӣ дар мамлакати мо кунанд, бояд ёдовар шуд, ки дар боло аз онҳо ишора рафт. Ба андешаи банда,  роҳҳои сафари сайёҳон аз рӯи мақсад, завқ ва ҳадафҳои худи онон бояд ба самтҳо ҷудо карда шаванд. Ва дар ин росто чанд нуктаи муҳим метавонанд ин самтҳоро муайян кунанд, зеро сайёҳон низ аз ҷиҳати завқу табъ шомили гурӯҳҳои мухталифанд.

Дар ин қатор истифода аз қаламрави Роҳи Абрешим ва роҳҳои Лоҷварду Қалъагӣ метавонад як самти мушаххас барои сайёҳони таваҷҷуҳдошта ба ин самт бошад.

Метавон самти дигареро чун самти зиёрату боздид аз  мавзеъҳои бостонию таърихӣ, ки дар Тоҷикистон хеле зиёданд: боздид аз қалъаҳои қадима, мисли Тахти сангин, Ҳулбук, Ямчун, Қаҳ-қаҳа ва ғайра ва  боздид аз осорхонаҳои мамлакатро ба ин рӯйхат зам намуд.

Самти дигар метавонад самте барои таваҷҷуҳдоштагон ба  мавзеъҳои таърихӣ бошад, мисли зиёрати шаҳри Саразм, зиёрати оромгоҳи Одамушшуаро Рӯдакӣ ва дигар оромгоҳу зодгоҳи абармардони таъриху фарҳанг.

Самти табиатдӯстон, онҳое, ки танҳо ба табиат, ба обу ҳавои пок, ба зебогиву тароватҳои кӯҳистон дилбастагӣ доранд,  дар Тоҷикистони аз лиҳози хуҷастагиҳои табиӣ беҳамтои мо метавонад самти хоса ва алоҳида бошад.

Ва албатта, самти алпинизмро, ки бо ҳаводорони беҳисобаш дар ҷаҳон маъруфияти хосса дорад, набояд фаромӯш кард.

Ва дар ҳамаи ин самтҳо зуҳуроти ҷолибу ҷаззобе, ки таваҷҷуҳи сайёҳонро бештар хоҳанд кард: тамошои суннату ойинҳои миллӣ; имкони харидани ҳадяҳое аз намунаи ҳунарҳои мардумӣ, ки  ҳусну таровати миллӣ доранд ва  фарҳанги миллии моро муаррифӣ мекунанд; тамошои суннату оинҳои неки миллии тоҷикӣ, ки барои хориҷиён хеле диданиву ҷаззобанд, чашидани таъми хӯрокҳои нотакрори миллӣ – халқии тоҷикӣ ва боз мавридҳои ҷолиби дигарро метавон илова кард.

Банда умедворам, муаллифоне, ки дар ин озмун ширкат хоҳанд кард, ҳар яке дар қатори масъалагузориҳои ҷиддӣ пешниҳодҳои муфид ироа  хоҳанд дошт ва дар маҷмӯъ озмуни  “Об гарави рушди сайёҳӣ ва деҳот”, ки аз ҷониби АМИТ “Ховар” ва Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  пешниҳод гардидааст, метавонад саҳми боризе дар амалӣ сохтани сиёсати Ҳукумати Тоҷикистон ва Пешвои миллатамон дар самти ҳифзи оби тоза, ҳунарҳои мардумӣ, рушди деҳот ва сайёҳӣ дар мамлакат   бигузорад.

Камол НАСРУЛЛО

Август 30, 2020 10:04

Хабарҳои дигари ин бахш

ЭЪЛОН: «ВАССОФИ ВАТАН». Барои рӯзноманигорон ва корбарони саҳифаҳои иҷтимоии шабакаҳои интернетӣ фестивал-озмун баргузор мешавад
Тандиси биринҷии чеҳраи Президенти Тоҷикистон ба Осорхонаи миллӣ супорида шуд
АЗ НАВРӮЗ ТО НАВРӮЗ. Дар Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон фестивали муд баргузор мегардад
ИМРӮЗ-РӮЗИ ҶАҲОНИИ ТЕАТР. Дар давраи соҳибистиқлолӣ дар Тоҷикистон барои пешрафти санъати касбии театрӣ шароити мусоид фароҳам оварда шуд
«САЙРИ ГУЛИ ЛОЛА». Дар Суғд Фестивали вилоятии гулҳо доир мешавад
КОНИ ЛАЗЗАТ ВА ХОНИ НЕЪМАТ. Хабарнигори АМИТ «Ховар» оид ба таомҳои наврӯзӣ дар Бадахшон маълумот ҷамъоварӣ намуд
НАВРӮЗ-МАҲБУБТАРИН ҶАШНИ МИЛЛИИ ТОҶИКОН. Суратгузориш аз таҷлили бошукуҳи ҷашни Наврӯз дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон
Соли 2023 ба буҷети шаҳри Гулистон аз ҳисоби хизматрасонии сайёҳӣ ва табобатӣ зиёда аз 40 миллион сомонӣ ворид шуд
Байни Китобхонаи миллии Тоҷикистон ва Китобхонаи оммавӣ, илмӣ-техникии шуъбаи Академияи илмҳои Русия дар минтақаи Сибир Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Оши бурида дар Наврӯз ҳамчун рамзи умри дароз ва ҳаёти хушбахтона омода мешавад
НАВРӮЗ — ҶАШНИ ЭҲЁ. Ин ҷашни ҷаҳонӣ бунёди маънавии миллати тоҷик мебошад
МАЗМУНҲОИ НАВРӮЗӢ ДАР АШЪОРИ АҲДИ КЛАССИКИИ ФОРСУ ТОҶИК. Андешаҳои адабиётшинос дар хусус