МУБОРАК БОД! Дар Покистон имрӯз Рӯзи истиқлолият ҷашн гирифта шуд
ДУШАНБЕ, 14.08.2020 /АМИТ «Ховар»/. Иди миллии Покистон соли 1947 пайдо шуда, ба ифтихори солгарди ҷудошавии кишвар аз мустамликаи Ҳиндустони Британия таъсис ёфтааст. Имрӯз ба қаҳрамонони миллии ин кишвар эҳтиром гузошта мешавад, менависад хабарнигори АМИТ «Ховар».
Рӯзи истиқлолияти Покистон ҳамасола 14 август таҷлил мегардад. Ин ҷашни миллӣ бори аввал дар кишвар соли 1947 ба ифтихори солгарди эълони истиқлолияти Покистон таъсис дода шуд. Дар ин рӯз чорабиниҳои марбут ба ин рӯйдоди муҳими таърихӣ дар саросари кишвар баргузор мешаванд.
Давлати Доминиони* Покистон 14 августи соли 1947 пас аз тақсими Ҳиндустони Британия ба Иттиҳоди Ҳиндустон ва Доминиони Покистон аз рӯи нақшаи Маунтбеттен таъсис ёфт ва қаламрави Покистону Бангладеши муосирро дарбар гирифт.
Бар асари радикалишавии шадиди динӣ дар минтақа ва қариб пурра исломишавии он дар солҳои аввали раванди деколонизатсия*, Покистон хусусияти дунявии ҷамъиятро нигоҳ дошта натавонист ва дар соли 1956 комилан аз назорати Британия озод шуд ва Ҷумҳурии Исломии соҳибихтиёри Покистон эълон гардид. Соли 1971 дар натиҷаи ҷанг барои истиқлолият Покистони Шарқӣ дар навбати худ мустақил шуд ва ба ҷумҳурии муосири Бангладеш табдил ёфт.
Дар Рӯзи истиқлолият маросими баланд бардоштани парчами миллӣ баргузор гардида, ба қаҳрамонони миллии Покистон эҳтиром гузошта мешавад. Президент ва Сарвазири кишвар дар ин рӯз ба мардум бо паёми табрикӣ муроҷиат мекунанд. Бегоҳӣ дар осмони Покистон фейерверкҳои ранга рахшон мешаванд.
Рӯзи истиқлолият дар Покистон яке аз шаш ҷашни давлатӣ ба шумор рафта, дар саросари кишвар таҷлил мешавад. Омодагӣ ба Рӯзи истиқлолият пешакӣ дар шаҳрҳои гуногун оғоз ёфта, кӯчаҳову биноҳо бо лентаҳо ва парчамҳои миллӣ оро дода мешаванд.
Дар рӯзи ид ҳамаи сокинон барои рушди кишварашон дуо мекунанд ва аз ба даст овардани истиқлолият шодӣ менамоянд. Чун анъана дар рӯзи ид гузаштҳои рангоранг баргузор шуда, аксари сокинон либосҳои миллӣ ба бар мекунанд.
P.S. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» дӯстони покистониро бо иди асосии миллиашон табрик гуфта, барояшон тансиҳатӣ, саодат ва некуаҳволӣ таманно дорад!
____________________________________________________________________
* Доминион — номи давлатҳои худидорашаванда, колонияҳои собиқ, ки дар ҳайати империяи Британия буданд.
* Деколонизатсия — раванди истиқлолият ва соҳибихтиёрии пурра додан ба доминионҳо, сарзаминҳои зеримандатӣ, мустамликаҳо, протекторатҳо (давлат ва ҳудуде, ки дар таҳти васояти дигар давлати истисморкунанда мебошад).








Ташаббусҳои байналмилалии Тоҷикистон дар соҳаи обу иқлим дар Донишкадаи таҳсилоти обии Делфт муаррифӣ гардиданд
Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Конститутсия ва Парчами давлатӣ дар шаҳри Боку таҷлил карда шуд
Дар Донишгоҳи тиббии Исломобод «Рӯзи илми Сино» баргузор шуд
Сироҷиддин Муҳриддин дар Ҳамоиши байналмилалии таъмини амнияти дастҷамъӣ иштирок намуд
Ҳайати Тоҷикистон дар нишасти муштараки Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ иштирок намуд
Маҷаллаи «The Times Kuwait» зери унвони «Тоҷикистон: кӯлҳои кӯҳистонӣ, достонҳои куҳан ва меҳмоннавозии гарм» матлаб нашр кардааст
Сафири Тоҷикистон бо устондори Ал-Ҷаҳрои Кувайт вохӯрӣ намуд
Дар Фестивали сайёҳӣ дар Покистон ҳунарҳои мардумӣ ва дастовардҳои Тоҷикистон муаррифӣ гардиданд
Дар шаҳри Путраҷая мулоқоти ҳайатҳои вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Малайзия баргузор шуд
Идибек Қаландар бо Дабири кулли Вазорати корҳои хориҷии Малайзия мулоқот намуд
Сафири Тоҷикистон бо муовини Котиби давлатии ИМА Кристофер Ландау мулоқот намуд
Рушди ҳамкории Тоҷикистону Олмон дар бахшҳои сиёсӣ ва иқтисодӣ баррасӣ гардид






