Вазорати маориф ва илм: Муҳассилини тоҷик бо худ ҳуҷҷати тасдиқкунандаи донишҷӯӣ дошта бошанд
ДУШАНБЕ, 28.08.2020 /АМИТ «Ховар»/. Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таваҷҷуҳи донишҷӯёни тоҷик, ки ба муассисаҳои таҳсилоти олии касбии ҷумҳуриҳои Украина ва Беларус дохил шудаанд ё дар муассисаҳои таълимии ин кишварҳо таҳсил менамоянд, мерасонад, ки бо худ хуҷҷати тасдиқкунандаи донишҷӯӣ дошта бошанд ва барои хариди чиптаҳои ҳавопаймо мустақиман ба «Сомон Эйр» муроҷиат намоянд. Зеро шурӯъ аз 30 август тавассути хатсайри «Сомон Эйр» парвозҳои чартерии Душанбе-Минск ба роҳ монда мешаванд. Дар ин бора ба хабарнигори АМИТ «Ховар» аз маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.
Сафоратҳои Тоҷикистон дар ҷумҳуриҳои Беларус ва Украина омода ҳастанд, ки ба донишҷўёни тоҷик дар таъмини транзит аз Минск ба Киев ва дигар шаҳрҳои Украина кумаки зарурӣ расонанд.
Қарори мазкур аз ҷониби Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба пурзӯр намудани чораҳои зиддиэпидемикӣ оид ба пешгирии паҳншавии сирояти нави COVID-19 дар бораи аз ҷониби ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр» анҷом додани парвозҳои чартерӣ дар самтҳои Душанбе-Минск ва Минск-Душанбе 27 август қабул гардид.
Дар робита ба ин, вазорат аз донишҷӯёни тоҷике, ки дар Ҷумҳурии Беларус ва Украина таҳсил мекунанд, хоҳиш менамояд, ки ҳангоми ворид шудан ба ин кишварҳо талаботи санитарию эпидемиологиро ба назар гиранд.
Бояд ба назар гирифт, ки ҳангоми вуруд ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамватанон бояд бо худ маълумотнома дар бораи мавҷуд набудани сирояти коронавирус (COVID-19), ки тавассути санҷиши усули реаксияи занҷири полимераз (ПТР) гирифта шудааст ва на дертар аз 96 соат (4 шабонарӯз) қабл аз омадан ба Тоҷикистон омода гардидааст, дошта бошанд. Ҳамзамон кӯдакони то 3-сола аз пешниҳоди шаҳодатнома озод мебошанд.








Ҷилди панҷуми китоби «Таърихи халқи тоҷик» рунамоӣ гардид
«ТОҶИКИСТОН-ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Дар ҳашт сол шумораи иштирокчиёни озмун ба беш аз 33 ҳазор нафар расидааст
Доир ба таъриху фарҳанги Кӯшониён конфронси ҷумҳуриявӣ баргузор шуд
Маросими ҷоизасупории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» оғоз гардид
«КОРВОНИ КИТОБ-2026». Беш аз 6 ҳазор нусха китоб ба шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб ройгон тақдим мегардад
Дар мавзуи «Шинохти Мавлоно дар ҷаҳони муосир» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Густариши ҳамкории фарҳангии Тоҷикистону Озарбойҷон баррасӣ гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми 7-уми байналмилалии «Муколамаи байнифарҳангӣ» дар Боку иштирок намуд
«ГАНҶИНАИ ТАЪРИХ ВА ФАРҲАНГИ ТОҶИКОН». Таҳти ин унвон дар Тоҷикистон озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз мегардад
Дар Тоҷикистон Фестивали VIII байналмилалии театрҳои лӯхтак «Чодари хаёл» ҷамъбаст гардид
Оид ба омӯзиши Панҷакенти қадим конференсияи илмӣ баргузор мешавад
Дар Хоруғ муассисаҳои соҳаи фарҳанг навсозӣ мешаванд






