Суханронии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо роҳбарону фаъолон ва сокинони ноҳияи Ванҷ

Август 20, 2020 09:39

20.08.2020, ноҳияи Ванҷ

Ҳамватанони азиз!

Ба ҳамаи сокинони меҳмондӯсту ҳимматбаланди ноҳияи Ванҷ, ки дар даврони соҳибистиқлолӣ тавассути заҳмати софдилона дар баробари дигар сокинони шаҳру ноҳияҳои кишвар ба дастовардҳои назаррас ноил гардида, дар пешрафти Ватани маҳбубамон саҳми босазо гузошта истодаанд, инчунин, ба ҳар яки шумо барои пазироии самимона изҳори сипос менамоям.

Мо ҳангоми сафарҳои корӣ ба шаҳру ноҳияҳои гуногуни кишвар аз ободкориву созандагии мардуми заҳматдӯсти худ ҳамеша ифтихор мекунем, зеро мебинем, ки хурду бузурги Ватанамон ба шарофати неъмати бебаҳои ҳастии хеш, яъне истиқлолу озодӣ ва давлатдории навини миллӣ барои пешрафти Тоҷикистони азиз азму талоши бесобиқа ба харҷ медиҳанд.

Имрӯзҳо мо натиҷаву самараи амалҳои ватандӯстонаи халқи азизамонро дар тамоми гӯшаҳои мамлакатамон баръало мушоҳида ва эҳсос мекунем.

Ду сол қабл мо ҳангоми сафари корӣ ба ноҳияи хушманзараи Ванҷ  шоҳиди мавриди истифодабарӣ қарор гирифтани даҳҳо иншооти навбунёд, аз ҷумла бинои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, Қасри фарҳанг, мактаби замонавӣ, роҳҳои таҷдиду азнавсозишуда ва дигар иншооти муҳимми маъмурӣ гардида будем.

Дар идомаи корҳои созандаи мардуми ноҳия имрӯз мо якчанд иншооти навро ифтитоҳ кардем, ки ҳамаи онҳо бо сифати баланд бунёд гардидаанд.

Итминон дорам, ки иншооти ба истифода додашуда ва иншооте, ки имрӯз ифтитоҳ шуданд, ба сокинони заҳматпешаи ноҳия ва рушду ободии ин гӯшаи дурдасти зебои кишварамон солҳои тӯлонӣ хизмат менамоянд.

Ҳукумати мамлакат дар даврони соҳибистиқлолӣ барои таъмини рушди иқтисодиву иҷтимоии ноҳияи Ванҷ ва пешрафту ободии он аз ҳисоби буҷети давлатӣ зиёда аз 680 миллион сомонӣ равона намуд, ки аз ин ҳисоб қариб 100 иншооту биноҳои нав ба маблағи беш аз 170 миллион сомонӣ бунёд карда шудаанд.

Дар ин давра аз ҳисоби дигар сарчашмаҳои маблағгузорӣ 150 иншоот ба маблағи 70 миллион сомонӣ бунёду азнавсозӣ гардидааст.

Ҳамзамон бо ин, аз ҷониби Дирексияи сохтмони иншооти ҳукуматии Дастгоҳи иҷроияи Президент дар ноҳия ба маблағи умумии 54 миллион сомонӣ 14 иншоот, аз ҷумла 7 муассисаи таълимӣ бунёду таъмир карда шудааст.

Илова бар ин, аз ҳисоби татбиқи 7 лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ дар 29 соли охир 182 миллион сомонӣ аз худ гардидааст.

То имрӯз дар асоси нақшаи корҳои ободониву бунёдкорӣ ба истиқболи 30-солагии истиқлоли давлатӣ 55 иншооту биноҳои иҷтимоиву истеҳсолӣ бунёду азнавсозӣ гардида, то баргузории ҷашн сохтмон ва ба истифода додани 17 иншооти дигар пешбинӣ шудааст.

Ғайр аз ин, бо ташаббуси соҳибкорон ва сокинони бонангу номуси ноҳия ба истиқболи ин санаи мубораки таърихӣ бунёди даҳҳо иншооти иҷтимоиву хизматрасонӣ дар назар аст, ки дар онҳо барои сокинон садҳо ҷойи нави корӣ таъсис дода мешавад.

Дар даврони соҳибистиқлолӣ дар ноҳия аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳои маблағгузорӣ 245 иншоот ба маблағи 196 миллион сомонӣ сохта шудаанд ва сохтмони даҳҳо иншооти дигар то ҷашни 30 – солагии истиқлоли давлатӣ ба истифода дода мешаванд.

Бовар дорам, ки ҳамаи ин иқдомот барои боз ҳам ободу зебо гардидани ноҳия ва деҳоти он, болоравии сатҳу сифати зиндагии мардум ва ҳаллу фасли мушкилоти иҷтимоӣ мусоидат хоҳанд кард.

Ҳукумати мамлакат барои таҷдиду азнавсозии шоҳроҳи Қалъаихумб – Ванҷ ҳоло корро бо шарикони рушд идома дода, дар давоми се соли минбаъда лоиҳаи таҷдиди 93 километр роҳи мошингарди зикргардидаро ба маблағи беш аз 2 миллиард сомонӣ амалӣ мегардонад, ки дар доираи он, ҳамчунин, сохтмони 15 пул ва 2 нақб пешбинӣ шудааст.

Паҳншавии пандемияи каронавирус корҳои вобаста ба имзои санадҳои дахлдорро ба таъхир андохт.

Вале бо вуҷуди ин, мо тасмим дорем, ки корҳои таҷдиди шоҳроҳро то охири соли ҷорӣ оғоз намоем.

Дар ноҳияи Ванҷ ҳоло 5 лоиҳаи сармоягузории давлатӣ амалӣ гардида истодааст, ки маблағи  дар доираи онҳо азхудшуда 13 миллион сомониро ташкил медиҳад.

Лоиҳаҳо ба соҳаҳои нақлиёт, маориф, таҳсилоти касбиву техникӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ равона карда шудаанд.

Аз ҷумла сохтмони бинои шуъбаи маорифи ноҳия бо тарҳи замонавӣ дар доираи лоиҳаи сохтмон ва муҷаҳҳазгардонии мактабҳо, инчунин, дар доираи лоиҳаи мустаҳкам намудани инфрасохтори муҳим ҷиҳати таъмини устувори зидди офатҳои табиӣ 8 пул сохта, дар ояндаи наздиктарин ба истифода дода мешавад.

Дар ноҳия корҳои таъмиру барқарорсозии маркази таълими калонсолон ба анҷом расонида, бо таҷҳизоти зарурӣ таъмин карда шудааст.

Инчунин, дар доираи лоиҳаи “Электрификатсияи деҳот” фарогирии деҳоти ноҳия бо истифода аз лавҳаҳои офтобӣ, дастгоҳҳои бодӣ ва нерӯгоҳҳои барқи обии хурд дар назар дошта шудааст.

Дар солҳои соҳибистиқлолӣ нерӯгоҳҳои хурди барқи обии “Ванҷ-1”, “Ванҷ – 2” ва “Техарв” баъди таъмиру азнавсозӣ ба шабакаи ягонаи барқии кишвар ва нерӯгоҳи барқи обии “Андарбак” ба шабакаи марказии “Помир —  энерҷӣ” пайваст карда шуданд.

Таъмини рушди иҷтимоиву иқтисодии ноҳия аз иҷрои саривақтӣ ва сифатноки нишондиҳандаҳои буҷети давлатӣ, аз ҷумла иҷрои воридоти андозу пардохтҳо вобаста мебошад.

То оғози моҳи июли соли ҷорӣ нақшаи қисми даромади буҷети ноҳия бо дарназардошти маблағҳои мақсаднок таъмин нагардидааст, ки чунин вазъ андешидани тадбирҳои иловагиро тақозо менамояд.

Имкониятҳои ноҳия дар самти рушди соҳаҳои саноату кишоварзӣ, махсусан, коркарди маҳсулоти кишоварзӣ, рушди намудҳои гуногуни сайёҳӣ ва дигар хизматрасониҳо зиёданд ва зарур аст, ки ба ин соҳаҳо сармояи ватаниву хориҷӣ ҳарчи бештар ҷалб карда шавад.

Тибқи маълумот соли гузашта ва шаш моҳи соли ҷорӣ истеҳсоли маҳсулот дар корхонаҳои саноатии ноҳия назар ба ҳамин давраи соли 2018 мутаносибан 25 ва 25,3  фоиз кам шудааст.

Агар соли 2010 дар ноҳия ду корхонаи саноатӣ фаъолият карда бошад, ҳоло шумораи онҳо ба ҳафт адад расидааст.

Вале соли ҷорӣ баъзе корхонаҳои навтаъсис аз фаъолият бозмондаанд.

Аз ин рӯ, Вазорати саноат ва технологияҳои нав, роҳбарони вилоят ва ноҳия ва дигар сохторҳои дахлдор бояд ҷиҳати таъмини фаъолияти мунтазами корхонаҳои истеҳсолӣ, ба кор андохтани иқтидорҳои нав дар самти коркарди ашёи хом ва ба кор даровардани иқтидорҳои азкормонда тадбирҳои зарурӣ андешанд.

Тибқи маълумот тайи солҳои 2018-2019 ва нимсолаи якуми соли 2020 ташкилотҳои қарзӣ ба соҳибкорон ва аҳолии ноҳия 6,5 миллион сомонӣ қарз додаанд.

Ин нишондиҳанда дар муқоиса бо имкониятҳои ноҳия махсусан, дар соҳаҳои истеҳсолӣ ҳанӯз ҳам нокифоя аст.

Зеро ноҳияи Ванҷ дорои захираҳои зиёди ашёи хом, аз ҷумла барои истеҳсоли масолеҳи сохтмон буда, дар сурати самараноку оқилона истифода намудани онҳо ва бунёди корхонаҳои коркард барои сокинони маҳаллӣ боз садҳо ҷойи нави корӣ таъсис додан мумкин аст.

Яъне ба роҳ мондани коркарди васеи захираҳои ашёи хоми ноҳия имконият медиҳад, ки муҳоҷирати сокинон ба кишварҳои дигар коҳиш дода, болоравии сатҳу сифати зиндагии мардум таъмин карда шавад.

Дар ноҳия, инчунин, имконият барои парвариши меваю сабзавот ва ҷамъоварии гиёҳҳои шифобахш хеле фаровон аст, ки дар ин замина даҳҳо коргоҳҳои хурду миёнаи коркарди маҳсулоти кишоварзӣ бунёд кардан мумкин аст.

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва ноҳия якҷо бо Вазорати кишоварзӣ ва Академияи илмҳои кишоварзӣ вазифадоранд, ки ҷиҳати афзоиш додани истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ, рушди боғпарварӣ, чорводорӣ, занбӯриасалпарварӣ ва таъмини бозори истеъмолии кишвар бо маҳсулоти ватанӣ тадбирҳои доимӣ андешанд.

Хотирнишон месозам, ки меваҳои аз ҷиҳати экологӣ тозаи ноҳияи Ванҷ дар бозорҳои дохиливу хориҷӣ харидори зиёд доранд ва зарур аст, ки бо истифода аз имкониятҳои мавҷуда барои зиёд кардани майдони боғҳо, бунёди иншооти нигоҳдории мева ва таъсиси корхонаҳои коркарди мева чораҳои зарурӣ андешида шаванд.

Дар ноҳия, ҳамчунин, аз ҳисоби васеъ намудани майдони боғҳо ва беҳтар кардани ҳолати мелиоративии заминҳо имкониятҳои фаровон барои афзоиш додани истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ мавҷуданд.

Хусусан, обу ҳавои мусоиди минтақа имкон медиҳад, ки майдони боғҳо аз ҳисоби ниҳолҳои серҳосили  интенсивӣ зиёд ва талаботи аҳолӣ бо мева пурра таъмин гардонида, инчунин, содироти он ба кишварҳои хориҷӣ ба роҳ монда шавад.

Аммо тибқи маълумот соли ҷорӣ ҳамагӣ дар майдони 8,3 гектар боғ бунёд карда шудааст, ки назар ба ҳамин давраи соли 2019 ду гектар кам ва нисбат ба имкониятҳои ноҳия тамоман ночиз мебошад.

Бинобар ин, роҳбарону масъулони ноҳия бояд ҷиҳати иҷрои нақшаи дурнамои кишти зироатҳо, махсусан, картошка, зироатҳои ғалладонагӣ, бунёди боғҳои нав ва истифодаи самараноки замин тамоми чораҳои заруриро роҳандозӣ намоянд.

Бори дигар таъкид менамоям, ки ба гардиши кишоварзӣ ворид намудани ҳар як гектар замини холимонда сарчашмаи даромади иловагӣ барои аҳолӣ буда, ба афзоиши ҳаҷми маҳсулоти кишоварзӣ ва таъсиси ҷойҳои нави корӣ мусоидат мекунад.

Ҳамчунин, паҳншавии бемории сироятии КОВИД-19, номуътадил гардидани вазъи бозорҳои ҷаҳонӣ ва боло рафтани нархи маҳсулоти ғизоӣ аз ҳамаи роҳбарон, хоҷагиҳои кишоварзӣ ва умуман, ҳар як сокини ноҳия, ки дар ихтиёри худ як порча замин доранд, талаб менамояд, ки барои самаранок истифода бурдани замин ва захира намудани маводи ғизоӣ тамоми таҷрибаву малакаи худро сафарбар намоянд.

Ҳозирини гиромӣ!

Гарчанде солҳои охир ҳиссаҷудокунӣ ба соҳаи маорифи ноҳия мунтазам афзоиш ёфта истодааст, вале дар ин самт ҳанӯз ҳам камбудиҳо ба мушоҳида мерасанд.

Аз ҷумла дар ноҳия ҳамагӣ ду муассисаи таҳсилоти томактабӣ бо фарогирии 120 кӯдак фаъолият дошта, сатҳи иҷрои Барномаи давлатии таъмини муассисаҳои таҳсилоти умумии кишвар бо кабинетҳои фаннӣ ва озмоишгоҳҳои муҷаҳҳази таълимӣ 10 фоизро ташкил медиҳад.

Илова бар ин, як қатор муассисаҳои таҳсилоти умумии ноҳия таъмирталаб буда, истироҳатгоҳи тобистонаи Зинг ба талаботи рӯз ҷавобгӯ нест.

Бинобар ин, роҳбарияти Вазорати маориф ва илм, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва  ноҳия ва дигар мақомоти дахлдорро зарур аст, ки то ҷашни 30-солагии истиқлоли давлатӣ ҷиҳати ислоҳи камбудиҳои зикршуда  чораҷӯӣ намоянд.

Бо дарназардошти он, ки фарогирии кудакон ба таҳсилоти томактабӣ дар инкишофи насли наврас марҳалаи бисёр  муҳим мебошад, ҳоло дар маркази ноҳия сохтмони муассисаи таҳсилоти томактабии рақами 3 барои 200 нафар кӯдак ба маблағи 9 миллион сомонӣ аз ҳисоби Дирексияи сохтмони иншооти ҳукуматии Дастгоҳи иҷроияи Президент ва бинои иловагӣ дар назди муассисаи таҳсилоти ибтидоии деҳоти Техарв барои 100 ҷойи нишаст идома дорад.

Аммо бо вуҷуди тадбирҳои то имрӯз андешидашуда дар ноҳия норасоии ҷойи нишаст дар муассисаҳои таҳсилоти умумӣ ба назар мерасад.

Бо мақсади бартараф намудани мушкилоти ҷойдоштаи соҳаи маорифи ноҳия ба мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва Вазорати маориф ва илм зарур аст, ки дар самти бунёди муассисаҳои нави таълимӣ ва синфхонаҳои иловагӣ тадбирҳои иловагӣ андешанд.

Ҳамчунин, бори дигар роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва ноҳияро вазифадор менамоям, ки бо ҷалби соҳибкорон ва шахсони саховатманд то ҷашни сисолагии истиқлоли давлатии Ватани маҳбубамон барои таъмиру азнавсозии муассисаҳои тандурустии ноҳия ва таъмини онҳо бо таҷҳизоти муосири тиббӣ чораҷӯӣ намоянд.

Бо истифода аз фурсат, ба тамоми сокинони ноҳия таъкид менамоям, ки барои пешгирӣ кардан ва сироят наёфтан ба ин беморӣ, пеш аз ҳама, боэҳтиёт бошанд, қоидаҳои беҳдошти шахсиву ҷамъиятӣ ва дигар тадбирҳои муҳофизатиро риоя кунанд.

Роҳбарону масъулони ноҳия, ҷамоатҳои деҳот, фаъолон ва аҳли зиё бояд корро дар байни аҳолӣ доир ба аҳаммият ва нақши истиқлолу озодӣ дар ҳаёти ҳар як инсон, сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллӣ, расидан ба қадри Ватан, миллат ва арзишҳои неки миллӣ ҷоннок намоянд.

Зеро тибқи маълумот аз соли 2014 то ба имрӯз 53 нафар сокинони ноҳия дар ҳайати ташкилоту гурӯҳҳои байналмилалии террористиву экстремистӣ дар муқовиматҳои мусаллаҳона дар қаламрави дигар давлатҳо иштирок доранд, ки аз онҳо 3 нафар занҳо буда, 20 нафарашон сокинони деҳоти Язгулом, 13 нафар аз деҳоти Рованд, 11 нафар сокинони деҳоти М. Абдуллоев ва 7 нафар аз деҳоти Техарв мебошанд.

Аз ҷониби мақомоти ҳифзи ҳуқуқ нисбат ба ин шахсон парвандаҳои ҷиноятӣ оғоз гардида, онҳо дар кофтуков эълон карда шудаанд.

То имрӯз 12 нафари онҳо дастгир ва ба Ватан баргардонида шуда, нисбат ба 8 нафар парвандаҳои ҷиноятӣ барои баррасӣ ба суд ирсол гардидааст.

Инчунин, 96 нафар сокинони ноҳия дар солҳои 1992-2015 дар муассисаҳои таълими динии хориҷӣ ғайрирасмӣ таҳсил доштанд, ки 92 нафари онҳо ба Ватан баргардонида шуда, 4 нафари дигар то ҳанӯз дар шаҳри Қоҳираи давлати Миср ба таври ғайрирасмӣ таҳсили динӣ гирифта истодаанд.

Ман ба нангу номус ва ҳисси баланди миллии сокинони ноҳияи Ванҷ бовар дорам ва бо эътимоди комил изҳор менамоям, ки онҳо дар оянда низ бо сарҷамъиву муттаҳидӣ барои рушди минбаъдаи ноҳия ва Тоҷикистони соҳибистиқлоламон ва барои дар сатҳи баланди омодагӣ истиқбол намудани ҷашни муқаддаси Ватани маҳбубамон — сисолагии истиқлолияти  давлатӣ саҳми босазои хешро дареғ намедоранд.

Дар иҷрои ин рисолати муқаддас ба ҳамаи шумо, сокинони ҳимматбаланду матинирода ва меҳмоннавози ноҳияи Ванҷ муваффақияту пешравиҳо орзу менамоям.

Ҳамеша саломату сарбаланд бошед, ҳамватанони азиз!

Август 20, 2020 09:39

Хабарҳои дигари ин бахш

Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқоти ғайрирасмии сарони давлатҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил иштирок намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Ҷумҳурии Озарбойҷон Илҳом Алиев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин мулоқот намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ вориди шаҳри Санкт-Петербурги Федератсияи Русия шуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳри Санкт-Петербурги Федератсияи Русия сафар намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар Анҷумани 15-уми Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон иштирок намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо корҳои анҷомёфта дар ободонию навсозии хиёбони Исмоили Сомонӣ ва пули мошингард дар болои дарёи Душанбе шинос шуданд
Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо кормандони мақомоти судӣ
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бинои нави Прокуратураи ноҳияи Синоро ифтитоҳ намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бинои Муассисаи давлатии Филармонияи давлатии Тоҷикистонро баъди навсозӣ ба истифода доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо кормандони мақомоти судӣ мулоқот намуданд