Истиқболи Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар варзишгоҳи Пахтакори ноҳияи Шаҳритус, боздид аз ҳолати истифодаи замин дар хоҷагиҳои деҳқонии «Қандов», «Ҳомид» ва намоиши маҳсулоти кишоварзӣ

Сентябрь 22, 2020 07:54

ДУШАНБЕ, 22.09.2020 /АМИТ «Ховар»/. 22 сентябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади шиносоӣ бо шароити зиндагии мардум, рафти корҳои ободониву бунёдкорӣ ва ифтитоҳи як қатор иншоот бо сафари корӣ ба вилояти Хатлон ташриф оварданд.

Сафари кории Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ноҳияи Шаҳритус оғоз ёфт.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нахуст бо ҳолати истифодаи замин дар хоҷагиҳои деҳқонии «Қандов» ва «Ҳомид» шинос шуда, аз намоиши маҳсулоти кишоварзӣ дидан карданд.

Иттилоъ дода шуд, ки самти асосии фаъолияти Хоҷагии деҳқонии «Қандов» парвариши пахта буда, аз 13 гектар аҳли заҳмат дар 9 гектараш пунбадона кишт кардаанд. Бо истифода аз таҷрибаи хуби кишоварзӣ ва тухмиҳои серҳосил, айни ҳол пахта нашъунамои хуб дорад.

Ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти самаранок истифода бурдани ҳар порча замин, кишоварзони хоҷагӣ ҳамчунин дар масоҳати 1,5 гектари дигар маккаи дон корида, 0,35 гектарро барои парвариши шолӣ истифода бурданд, ки феълан ҳамаи зироат нашъунамои хуб доранд. Ҳамчунин дар заминҳои хоҷагӣ сабзӣ корида шуда, 0,50 гектар барои парвариши беда истифода гардидааст.

Таъкид гардид, ки хоҷагии мазкур ҳамасола ҳосили фаровон ба даст оварда, дар таъмини бозорҳо бо маҳсулоти тару тоза саҳми арзанда мегузорад.

Зимни боздид аз Хоҷагии деҳқонии «Ҳомид» иттилоъ дода шуд, ки кишоварзон имсол дар кишти асосӣ пахта, пиёз, гандум ва бодиринг корида, дар кишти такрорӣ низ ҳар порча заминро самаранок истифода бурдаанд. Аз ҷумла, дар масоҳати 1,8 гектар ҷуворимаккаи дон корида, ҳамчунин парвариши картошкаву мош ва караму турбро бо истифода аз меъёрҳои агротехникӣ роҳандозӣ намуданд.

Дар доираи дастуру ҳидоятҳои Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати васеъ намудани майдони кишти картошка, кишоварзон дар масоҳати 0,22 гектар картошка коридаанд.

Таъкид гардид, ки истифодаи самараноки замин дар кишти такрорӣ омили асосии таъмини фаровонии бозорҳо буда, имкон аст ба ин васила дар тамоми фасли сол эҳтиёҷоти аҳолии мамлакат бо маводи ғизоии хушсифат қонеъ карда шавад.

Зимни шиносоӣ Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои рӯёнидини ҳосили дилхоҳ ба хоҷагидорон дастуру маслиҳатҳои муфид дода, иброз доштанд, ки рушди соҳаи кишоварзӣ дар вазъияти баамаломада омили асосии таъмини амнияти озуқаворӣ мебошад.

Дар ҳамин ҷо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз намоиши маҳсулоти кишоварзии аҳли заҳмати ноҳияи Шаҳритус дидан карданд.

Деҳқонони ноҳия маҳсули дастранҷи худро, ки аз анвои гуногуни маҳсулоти кишоварзӣ иборат буд, ба намоиш гузоштанд.

Иттилоъ дода шуд, ки Шаҳритус ноҳияи аграрӣ буда, бо амалӣ намудани тадбирҳои саривақтӣ ва таваҷҷуҳи доимии Роҳбари давлат кишоварзони ноҳия ба дастовардҳои назаррас ноил гардиданд. Аз ҷумла, давоми чанд соли охир рушди бемайлони бахшҳои ғаллапарварию сабзавоткорӣ ва зироати техникӣ ба қайд гирифта шудааст. Имсол дар масоҳати 1411 гектар кишти гандум, 140 гектар ҷав, 190 гектар маккаи дон ва 27 гектари дигар лӯбиёгиҳо гузаронида шуда, то имрӯз 8932 тонна маҳсулоти ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст.

Зимни боздид аз намоишгоҳ ҳамчунин иттилоъ дода шуд, ки парвариши боғ дар ноҳия ривоҷ ёфта, майдони боғу токзор ба 1259 гектар расонида шудааст. Ҳар сол ба ҳисоби миёна боғпарварон аз як гектар то 46 сентнер ҳосил ба даст меоранд. Ба ин васила аҳли заҳмат дар таъмини аҳолӣ бо меваҳои хуштаъм нақши калон дошта, ҳамчунин дар самти содироти он ба дигар кишварҳо низ болоравии нишондиҳандаҳо ба қайд гирифта шудааст. Аз ҷумла, дар мавсими ҷорӣ боғпарварон 3973 тонна меваи донакдор ҷамъоварӣ кардаанд, ки ин нишондод аз нақшаи пешбинигашта зиёд мебошад.

Дар намоишгоҳ ҳамзамон навъҳои гуногуни маҳсулоти полезӣ ба маъраз гузошта шуд ва иқтидори истеҳсолии ноҳия дар ин самт низ муаррифӣ гардид. Ба иттилои масъулин, дар ноҳия имсол 510 гектар  барои парвариши полезӣ истифода шуда, 23 ҳазору 830 тонна маҳсулот ҷамъоварӣ ва ба бозорҳои ноҳия ва ҷумҳурӣ пешниҳод гардидааст.

Барои беталаф баровардани чорво аз зимистон дар тамоми хоҷагиҳо 47382 тонна хошоки дурушт, аз ҷумла 18717 тонна хасбеда, 28665 тонна коҳ ва дигар алафҳои табиӣ захира гардидаанд, ки ин нишондиҳанда 195 фоизи нақшаи пешбинигардидаро ташкил медиҳад.

Дар намоишгоҳ ҳамчунин занони соҳибҳунари ноҳия маҳсули дастранҷи худро, ки аз навъҳои гуногуни ширинӣ, хӯришҳои болаззат ва намудҳои гуногуни нон иборат буд, муаррифӣ карданд. Бонувон барои захирасозии маҳсулоти ғизоии кишоварзӣ бо истифода аз шаклу усули хоси нигоҳдории маҳсулот талош доранд.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суҳбат бо иштирокчиёни намоиш иброз доштанд, ки вазъи кунунии ҷаҳон талаб менамояд, ки барои таъмини аҳолии мамлакат бо маҳсулоти худӣ тадбирҳои иловагӣ андешида шаванд. Дар ин замина, ба деҳқонон маслиҳат доданд, ки боду ҳавои мувофиқ ва ҳар порча заминро самаранок истифода бурда, ҳосили хуб ба даст биёранд. Ҳамчунин захирасозии маҳсулоти кишоварзиро равнақ дода, марҳила ба марҳила коркарди онро дар ҳудуди ноҳия ба роҳ монанд.

Истиқбол дар варзишгоҳи Пахтакори ноҳияи Шаҳритус, боздид аз ҳолати истифодабарии замин дар хоҷагиҳои деҳқонии “Қандов”, “Ҳомид” ва намоиши маҳсулоти кишоварзӣ 22.09.2020

Сентябрь 22, 2020 07:54

Хабарҳои дигари ин бахш

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқоти ғайрирасмии сарони давлатҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил иштирок намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Ҷумҳурии Озарбойҷон Илҳом Алиев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин мулоқот намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ вориди шаҳри Санкт-Петербурги Федератсияи Русия шуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳри Санкт-Петербурги Федератсияи Русия сафар намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар Анҷумани 15-уми Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон иштирок намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо корҳои анҷомёфта дар ободонию навсозии хиёбони Исмоили Сомонӣ ва пули мошингард дар болои дарёи Душанбе шинос шуданд
Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо кормандони мақомоти судӣ
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бинои нави Прокуратураи ноҳияи Синоро ифтитоҳ намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бинои Муассисаи давлатии Филармонияи давлатии Тоҷикистонро баъди навсозӣ ба истифода доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо кормандони мақомоти судӣ мулоқот намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бинои нави Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ифтитоҳ намуданд