Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистонро дар шаҳри Бохтар ифтитоҳ намуданд
ДУШАНБЕ, 22.09.2020 /АМИТ «Ховар»/. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Бохтарро, ки ба хотири пешвози сазовор аз ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатӣ бо тарҳи нави меъморӣ бунёд гардидааст, ифтитоҳ намуданд.
Бинои Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дорои 10 утоқ, аз қабили ҳуҷраҳои корӣ, китобхона бо фарогирии 1200 нусха адабиёти соҳавию бадеӣ, ду толори маҷлис бо 110 ҷойи нишаст мебошад, ки дар он беҳтарин шароити корӣ фароҳам оварда шудааст.
Иншоот аз се ошёна иборат буда, атрофи он бо дарахтони ҳамешасабз оро дода шудааст. 3 садяк замини саҳни бино сабзкорӣ ва масоҳати 268 метри мураббаъ сафолакпӯш гардидааст.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳангоми боздид аз бинои нав ва шиносоӣ бо шароити фаъолият ба иқдоми соҳибкорону аъзои фаъоли ҳизб баҳои арзанда дода, анҷоми чунин амали наҷиби созандагиро шоистаи дастгирӣ ва намунаи ибрат арзёбӣ намуданд.
Ба Роҳбари давлат иттилоъ дода шуд, ки аксари кормандони Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Бохтарро ҷавонон ташкил медиҳанд ва онҳо аз технология ва илмҳои муосир ба хубӣ бархӯрдоранд.
Бо шарофати даврони соҳибистиқлолии мамлакат 9 нафар корманди ҳизби шаҳри Бохтар, ки қаблан дар бинои ҳизбии вилоят фаъолияти корӣ доштанд, соҳиби бинои алоҳидаи хуштарҳ гардида, фаъолияти худро дар ҳуҷраҳои кушоду барҳаво идома хоҳанд дод.
Гуфта шуд, ки агар соли 2013-ум танҳо дар 5 шаҳру ноҳияи вилоят Кумитаи Иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон соҳиби бинои алоҳидаи худ буданд, бо дастгирӣ ва ғамхориҳои доимии Роҳбари муаззами ҳизб муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли ҷорӣ аллакай ин шумора ба 21 адад расонида шуд. Ба замми ин, 25 сохтори ҳизбӣ соҳиби нақлиёти хизматӣ гардида, шумораи аъзои ҳизб нисбат ба 7 соли қаблӣ 100 ҳазор нафар афзудааст.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз кормандон ҳисси баланди ватандӯстӣ, худшиносию худогоҳӣ, саҳм гузоштан дар корҳои ободонию созандагӣ ва ҳифзи дастовардҳои даврони истиқлоли давлатиро талаб намуданд.









Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Беморхонаи байналмилалии Душанберо мавриди истифода қарор доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе ҶДММ «Зари Душанбе»-ро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бинои шуъбаи Бозрасии давлатии автомобилии раёсати ВКД дар шаҳри Душанберо ифтитоҳ намуданд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров сохтмони иншооти соҳаи маориф ва саноат идома дорад
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин мулоқоти корӣ анҷом доданд
Дар шаҳри Ҳисор Мактаби бачагонаи санъат ва майдончаи варзишӣ ба истифода дода шуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи Шурои амнияти дастҷамъии СААД иштирок намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ вориди шаҳри Москваи Федератсияи Русия шуданд
Сафари кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Федератсияи Русия
Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ифтихори Рӯзи милитсияи тоҷик
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҷамъомади тантанавӣ ба ифтихори Рӯзи милитсияи тоҷик иштирок намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон 7 иншооти Вазорати корҳои дохилиро дар шаҳру ноҳияҳои гуногун ба таври фосилавӣ ифтитоҳ намуданд






