Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар маркази шаҳри Бохтар гулгашти «70-солагии азхудкунии Водии Вахш» ва Нишони давлатиро ифтитоҳ намуданд
ДУШАНБЕ, 22.09.2020 /АМИТ «Ховар»/. Нимаи дуюми рӯзи 22 сентябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маркази шаҳри Бохтар гулгашти «70-солагии азхудкунии Водии Вахш» ва Нишони давлатиро ифтитоҳ карданд.
Гулгашт дар доираи нақшаи чорабиниҳо бахшида ба ҷашни 30 -солагии Истиқлоли давлатӣ бо шаклу усули муосири меъморӣ бунёд шудааст.
Корҳои сохтмонӣ дар иншоот аз соли 2018 оғоз гардида, роҳрав ва майдончаву сутуни Нишони давлатӣ бо истифода аз санъати миллӣ оро ёфтааст.
Дар бунёди гулгашти 70 — солагии азхудкунии Водии Вахш, ки аз тарафи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Бохтар ба нақша гирифта шуда буд, соҳибкорони ватанӣ низ саҳм гузоштаанд.
Дар рафти сохтмон барои зебову назаррабо ва дилкашу дилнишин кардани як гӯшаи шаҳр дар ду тарафи наҳр дарвозаҳои даромад сохта шуда, роҳравҳо сафолакпуш ва майдони боғ сабзазор гардидааст. 4 фаввораи гулгашт бо сангҳои хоро ва мармар ороиш дода шуда, барои равшаннамоии майдони боғ 75 адад фурӯзонак насб гардидааст. Дар як тарафи наҳр 2 шаршараи сунъӣ бо тарҳи хеле зебо сохта шуд.
Дар тарафи рости наҳр Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо баландии 30 метр ва худи нишон ба андозаи 2,6 метр бо санги хоро оро ёфта сохта шуд.
Ду пули пиёдагарди болои наҳр ва як пули калон аз ороишоти дигари боғ мебошад.
Дар майдони боғ зиёда аз 89 ҳазор гулу буттаҳои ороишӣ ва гулҳои мавсимӣ шинонида шудааст, аз ҷумла гули катарантас, гули тагетс, тоҷи хурус, мехчагули туркӣ ва салвия.
Дар ҳудуди гулгашт дарахтони нодири ороишӣ, аз ҷумла арча 330 адад, акатсия 5 адад, писарвӣ 35 адад, липа 35 адад ва сирена 15 адад шинонида шудааст.
Майдони гулгашти “70-солагии азхудкунии Водии Вахш” ва ҳам назди Нишони давлатӣ ба як макони хушбоду ҳаво бо манзараҳои дилкаш ба мавзеи хуштарҳу замонавии сайру гашти сокинону меҳмонон табдил ёфта, минбаъд имкон аст дар ин ҷо чорабиниҳои гуногуни фарҳангӣ баргузор карда шавад.









Ба сохтмони бинои нави Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат санги асос гузошта шуд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Беморхонаи байналмилалии Душанберо мавриди истифода қарор доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе ҶДММ «Зари Душанбе»-ро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бинои шуъбаи Бозрасии давлатии автомобилии раёсати ВКД дар шаҳри Душанберо ифтитоҳ намуданд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров сохтмони иншооти соҳаи маориф ва саноат идома дорад
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин мулоқоти корӣ анҷом доданд
Дар шаҳри Ҳисор Мактаби бачагонаи санъат ва майдончаи варзишӣ ба истифода дода шуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи Шурои амнияти дастҷамъии СААД иштирок намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ вориди шаҳри Москваи Федератсияи Русия шуданд
Сафари кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Федератсияи Русия
Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ифтихори Рӯзи милитсияи тоҷик
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҷамъомади тантанавӣ ба ифтихори Рӯзи милитсияи тоҷик иштирок намуданд






