ҶАБҲАИ БУЗУРГИ СОЗАНДАГӢ ДАР ШАҲРУ ДЕҲОТИ ТОҶИКИСТОН. Дар ноҳияи Ванҷ бинои ҷамоати Язгулом мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт

Сентябрь 8, 2020 08:20

ДУШАНБЕ, 08.09.2020 /АМИТ «Ховар»/. Дар арафаи ҷашни 29-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бинои ҷамоати Язгуломи ноҳияи Ванҷ мавриди истифода қарор дода шуд. Дар ин бора аз мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.

Бинои мазкур бо сифати баланд сохта шуда, маблағгузори он Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Ёдгор Файзов зимни сафари корӣ дар ноҳияи Ванҷ ба сифати сохтмон баҳои баланд дода, зикр намуд, ки бинои мазкур солҳои зиëд барои бошандагони ин ҷамоати дурдасти кӯҳистон хизмат хоҳад кард.

Инчунин раиси вилоят аз деҳаи Андарбаки Ҷамоати деҳоти Язгулом дидан намуд. Зимни сафари кории раиси вилоят дар инҷо хатти оби нӯшокӣ мавриди истифода қарор дода шуд, ки дарозии он 21 километрро ташкил медиҳад.

Хатти оби нӯшокӣ бо маблағгузории Раёсати Швейтсария оид ба рушд ва ҳамкорӣ тавассути Барномаи Ҷонибдории Инкишофи Иҷтимоии Манотиқи Кӯҳистони Фонди Оғохон ва саҳми сокинони деҳа бунëд шуда, дар остонаи ҷашни Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт. Надоштани оби нӯшокӣ яке аз мушкилоти деҳаи мазкур ба ҳисоб рафта, дар остонаи ҷашни 29-умин солгарди Истиқлолияти давлатӣ  он ҳалли худро пайдо намуд. Ëдгор Файзов бо сокинони рустонишини водӣ вохӯрда, бошандагони деҳаи Андарбакро ба муносибати ҷашни Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ифтитоҳи хатти оби ошомиданӣ самимона табрик гуфт.

Зикр шуд, ки Ҷамоати деҳоти Язгулом зери таваҷҷуҳи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дошта, баҳри рушди ин гӯшаи зебои мамлакат тамоми имкониятҳо истифода бурда мешаванд.

Сентябрь 8, 2020 08:20

Хабарҳои дигари ин бахш

35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар якчанд муассисаи таълимии шаҳри Истаравшан корҳои сохтмонӣ идома доранд
Муовини якуми Раиси Маҷлиси намояндагон бо фаъолони шаҳри Панҷакент вохӯрӣ намуд
Дар шаҳри Левакант муассисаи давлатии таҳсилоти томактабӣ ба истифода дода шуд
Дар Қоҳира бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон конфронс баргузор гардид
Файзалӣ Идизода бо аскарону афсарон ва фаъолони ноҳияи Сангвор вохӯрӣ намуд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияҳои Сино ва Шоҳмансури шаҳри Душанбе иншооти муҳим ба истифода дода шуданд
Дар доираи сафари кории Президенти Тоҷикистон дар ноҳияи Хуросон иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Дар ноҳияи Ёвон иншооти таъйиноти гуногун ба истифода дода шуданд
Вохӯрии вакили Маҷлиси намояндагон бо кормандони Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе доир шуд
Дар вилояти Хатлон беш аз 400 иншооти дорои аҳамияти давлатӣ бунёд карда шудаанд
Дар Душанбе бахшида ба 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ ҳамоиши тантанавӣ баргузор гардид
Дастовардҳои соҳаи маориф дар солҳои Истиқлолияти давлатӣ дар шаҳри Ҳисор баррасӣ шуданд