Александр Семёнов, намояндаи Созмони ҷаҳонии тандурустӣ: омори расмии вобаста ба коронавирус дар Тоҷикистон дуруст аст

Сентябрь 5, 2020 14:12

 ДУШАНБЕ, 05.09.2020./АМИТ «Ховар»/. Муовини директори Пажӯҳишгоҳи эпидемиологӣ ва микробиологии ба номи Пастери Россия, доктори илмҳои биологӣ, профессор  Александр Семёнов, ки ба намояндагӣ аз Созмони ҷаҳонии тандурустӣ тайи якуним моҳ дар Тоҷикистон қарор дорад, мегӯяд, усули ҳисобдорӣ ё сабти  ҳолатҳои коронавирус аз сӯи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии  Ҷумҳурии Тоҷикистон  дуруст роҳандозӣ шудааст. Дар ин бора агентии иттилоотии «Sputnik» 4 сентябр хабар додааст.

«Ҳар кишваре барои худ ҳисобдориро муайян мекунад. Ҷое ниёз ба таъйиди озмоишгоҳӣ ҳаст, дар ҷои дигар бар асоси нишондодҳои клиникӣ ташхис медиҳанд. Барои мисол, дар Россия  аз ҳарду роҳ истифода мекунанд,  дар Олмон аз роҳи севум ё дар Амрико аз роҳи чорум мераванд», — гуфт Александр Семёнов.

Раҳбари ҳайати «Роспотребнадзор»   мегӯяд, дар Тоҷикистон таъйиди он, ки фавт аз илтиҳоби шуш ё дигар маризӣ рух додааст, дуруст аст.

Хотиррасон мешавем, ки Тоҷикистон аввалин мавориди гирифторӣ ба  COVID-19 — ро 30 апрел эълон карда буд. Аз он рӯз то ба ҳол, тибқи иттилои Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии мамлакат    8724 нафар ба ин маризӣ гирифтор шуда, 7515 (86,1%) нафар шифо ёфтаанд ва 69 нафар  ҷонҳои худро аз даст додаанд.

                                                                            АКС аз бойгонӣ

Сентябрь 5, 2020 14:12

Хабарҳои дигари ин бахш

Нақши Президенти Тоҷикистон дар бунёди низоми муосири идоракунии давлатӣ назаррас аст
САҲМИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН ДАР ТАКМИЛИ ФОНДИ ОСОРХОНАИ МИЛЛӢ БУЗУРГ АСТ. Эҳдо ба Рӯзи Президент
Директори Агентии «Тоҷикстандарт»: Садоқат ба Президент, садоқат ба Ватан аст!
ПЕШВОИ РАЪИЯТПАРВАРИ МИЛЛАТ. Эҳдо ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
ПАДИДАИ ПЕШВО ДАР ТОҶИКИСТОН-АКСИ САДОИ ТАЪРИХ БА НИЁЗҲОИ СИЁСИИ МИЛЛАТИ ТОҶИК. Ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон бахшида мешавад
Эмомалӣ Раҳмон -таҳкимбахши Истиқлолияти давлатӣ ва Пешвои ваҳдатофар
Дар Осорхонаи миллӣ ба ифтихори Рӯзи Президент Рӯзи дарҳои кушод гузаронида мешавад
ҲАР РӮЗИ ФАЪОЛИЯТИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ТАЪРИХСОЗИСТ. Андешаҳои академик Фарҳод Раҳимӣ бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Сарвари давлат: «Ҳар як фарди ҷомеа вазифадор аст, ки моҳияту аҳаммияти Конститутсияро ба фарзандони худ ҳанӯз аз хурдсолӣ фаҳмонад»
Эмомалӣ Раҳмон: «Маҳз ба шарофати Конститутсия ва амалӣ шудани меъёрҳои он дар Тоҷикистон фазои орому осуда муҳайё гардид»
Президенти Тоҷикистон: «Конститутсия соҳибистиқлолии халқи моро ба расмият дароварда, асосҳои бунёдии ҷомеа ва давлати навини тоҷиконро муайян намуд»
КОНСТИТУТСИЯ — ШАҲОДАТНОМАИ ХАЛҚИ ТОҶИКИСТОН. Иқтибосҳо аз суханрониҳои Президенти Тоҷикистон