COVID-19. Дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати муовини Сарвазири мамлакат Ширин Исматуллозода ҷаласаи Ситоди вилоятӣ доир гардид
ДУШАНБЕ, 04.09.2020. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз таҳти раёсати муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Ширин Исматуллозода дар шаҳри Бохтар ҷаласаи Ситоди вилоятӣ оид ба интиқол, пешгирӣ ва паҳншавии бемории сироятии коронавирус баргузор гардид. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба шуъбаи иттилотию таҳлилии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон хабар медиҳад.
Муовини Сарвазири мамлакат оид ба дастуру супоришҳои Раиси Ситоди ҷумҳуриявӣ ва пешгирии мавҷи дуюми коронавируси нав ибрози андеша намуда, иброз дошт, ки бо назардошти авҷи марҳилаи дуюми ин беморӣ аз баргузории ҳама гуна чорабиниҳо муваққатан худдорӣ карда шуда, корҳои пешгирикунанда вусъат дода шаванд.
Ширин Исматуллозода зикр намуд, ки дар ҳамаи муассисаҳои таълимӣ ҷиҳати пешгирии бемории мазкур корҳои профилактикӣ ва санитарию эпидемиологӣ пурзӯр карда шаванд ва сокинон, аз ҷумла хонандагон ҳатман аз ниқоби муҳофизатӣ истифода намоянд. Чунки як омили пешгирикунандаи ин беморӣ риояи гигиенаи шахсӣ ва истифодаи ниқобҳои муҳофизатӣ мебошад.
Ҳамчунин муовини Сарвазири мамлакат дар ноҳияҳои Ҷалолиддини Балхӣ ва Дӯстӣ аз фаъолияти муассисаҳои таълимӣ, тиббӣ, беморхона ва марказҳои саломатӣ, ҷараёни гардиши усулҳои хона ба хона, захираи маводи доруворӣ, дар ҳолати омодабош қарор доштани катҳои бистарӣ боздид ба амал оварда, ба масъулин дастур дод, ки корҳои зиддиэпидемикӣ дар ҳамаи шаҳру ноҳияҳои вилоят тезонида шаванд.








ПАРЧАМИ НАНГУ НОМИ МО. Аз барафрохтани Парчами давлатии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе 14 сол сипарӣ гардид
Пешвои миллат: «Таҳти ин парчами муқаддас 35-солагии истиқлоли давлатиро бо дастовардҳои назаррас истиқбол намоем»
Аввалин Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ёдгории нодир аст. Эҳдо ба Рӯзи Парчами давлатӣ
Президенти Тоҷикистон: «Дар зери Парчами давлатиямон боз ҳам бештар муттаҳид бошем!»
Нақши Президенти Тоҷикистон дар бунёди низоми муосири идоракунии давлатӣ назаррас аст
САҲМИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН ДАР ТАКМИЛИ ФОНДИ ОСОРХОНАИ МИЛЛӢ БУЗУРГ АСТ. Эҳдо ба Рӯзи Президент
Директори Агентии «Тоҷикстандарт»: Садоқат ба Президент, садоқат ба Ватан аст!
ПЕШВОИ РАЪИЯТПАРВАРИ МИЛЛАТ. Эҳдо ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
ПАДИДАИ ПЕШВО ДАР ТОҶИКИСТОН-АКСИ САДОИ ТАЪРИХ БА НИЁЗҲОИ СИЁСИИ МИЛЛАТИ ТОҶИК. Ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон бахшида мешавад
Эмомалӣ Раҳмон -таҳкимбахши Истиқлолияти давлатӣ ва Пешвои ваҳдатофар
Дар Осорхонаи миллӣ ба ифтихори Рӯзи Президент Рӯзи дарҳои кушод гузаронида мешавад
ҲАР РӮЗИ ФАЪОЛИЯТИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ТАЪРИХСОЗИСТ. Андешаҳои академик Фарҳод Раҳимӣ бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон






