COVID-19: Дар Тоҷикистон санҷиши оммавии тестӣ идома дорад
ДУШАНБЕ, 21.09.2020 /АМИТ «Ховар»/. Сокинони Тоҷикистон аз санҷиши оммавии тестӣ ҷиҳати муайян намудани сирояти COVID-19 мегузаранд. Дар ҷумҳурӣ ҳар рӯз то се ҳазор нафар шаҳрванд аз санҷиш мегузарад, иттилоъ медиҳад шабакаи телевизионии «МИР-24».
Донишҷӯён ва омӯзгорон, кормандони идораҳои давлатӣ ҳатман бояд барои ташхиси коронавирус намуна супоранд. Дар мамлакат зиёда аз даҳ озмоишгоҳ фаъолият мекунанд. Аз ҷумла, дар яке аз онҳо, ки дар пойтахт воқеъ аст, дар тӯли панҷ моҳ зиёда аз 24 ҳазор нафар сокинон аз санҷиш гузаштаанд.
«Системаҳои санҷиши тестӣ аз Россия ва Чин оварда мешаванд. Натиҷаи якум дар муддати шаш соат маълум мешавад ва тести чинӣ — дар се соат. Аммо мешавад, ки баъзе санҷишҳо натиҷаи нодуруст диҳанд, пас дар чунин ҳолатҳо мо аз тестҳои ҳамсон (аналог) истифода мебарем»,- гуфт роҳбари озмоишгоҳи вирусологӣ Нигина Зокирова.








ПАРЧАМИ НАНГУ НОМИ МО. Аз барафрохтани Парчами давлатии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе 14 сол сипарӣ гардид
Пешвои миллат: «Таҳти ин парчами муқаддас 35-солагии истиқлоли давлатиро бо дастовардҳои назаррас истиқбол намоем»
Аввалин Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ёдгории нодир аст. Эҳдо ба Рӯзи Парчами давлатӣ
Президенти Тоҷикистон: «Дар зери Парчами давлатиямон боз ҳам бештар муттаҳид бошем!»
Нақши Президенти Тоҷикистон дар бунёди низоми муосири идоракунии давлатӣ назаррас аст
САҲМИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН ДАР ТАКМИЛИ ФОНДИ ОСОРХОНАИ МИЛЛӢ БУЗУРГ АСТ. Эҳдо ба Рӯзи Президент
Директори Агентии «Тоҷикстандарт»: Садоқат ба Президент, садоқат ба Ватан аст!
ПЕШВОИ РАЪИЯТПАРВАРИ МИЛЛАТ. Эҳдо ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
ПАДИДАИ ПЕШВО ДАР ТОҶИКИСТОН-АКСИ САДОИ ТАЪРИХ БА НИЁЗҲОИ СИЁСИИ МИЛЛАТИ ТОҶИК. Ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон бахшида мешавад
Эмомалӣ Раҳмон -таҳкимбахши Истиқлолияти давлатӣ ва Пешвои ваҳдатофар
Дар Осорхонаи миллӣ ба ифтихори Рӯзи Президент Рӯзи дарҳои кушод гузаронида мешавад
ҲАР РӮЗИ ФАЪОЛИЯТИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ТАЪРИХСОЗИСТ. Андешаҳои академик Фарҳод Раҳимӣ бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон






