COVID-19. Зиёда аз 26,4 млн одамон дар ҷаҳон аз коронавирус сироят ёфтаанд

Сентябрь 4, 2020 12:15

ДУШАНБЕ, 04.09.2020 /АМИТ «Ховар»/. Шумораи ҳолатҳои ошкоршудаи сироятёбӣ  аз коронавируси нав дар ҷаҳон рӯзи ҷумъа, 4 сентябр, ба 26,4 миллион нафар расид. Тавре ки АМИТ “Ховар” хабар медиҳад, дар ин бора маълумоти Созмони Умумиҷаҳонии Тандурустӣ (СУТ) шаҳодат медиҳад, ки дар асоси маълумоти мақомоти федералӣ ва маҳаллӣ, инчунин ташкилоти байналмилалӣ  оморро ҷамъоварӣ ва ҳисоб мекунад.

Тибқи маълумоти СУТ, шумораи гирифторон дар ҷаҳон ҳоло 26 468 017 нафарро ташкил медиҳад, ки аз онҳо 873 221 тан ҷон бохта ва 18 661 847 нафар сироятёфтагон шифо ёфтаанд. Дар Иёлоти Муттаҳида субҳи рӯзи  ҷумъа бо вақти Душанбе, маҷмӯъан 6 млн 335 ҳазору 244 сироятёфта ошкор шудааст, 191 058 тан ҷон бохтааст ва зиёда аз 3,5 миллион нафар шифо ёфтаанд.

Аз рӯи шумораи сироятёфтагон Бразилия бо 4 046 150 ҳолати ошкоршудаи сироятёбӣ, 124 729 тани ҷонбохта ва 3 247 610 бемори шифоёфта  дар ҷои дувум аст. Ҷои сеюмро Ҳиндустон ишғол мекунад ва дар он ҷо 3 933 124 тан сироят ёфтаанд, 68 569 нафар фавтида ва 3 034 887 нафар шифо ёфтаанд.

Россия аз рӯи шумораи ҳолатҳои сабтшудаи сирояти коронавирус дар ҷои чорум қарор дорад. Тибқи маълумоти ситоди фаврии федералии мубориза бо коронавирус, дар Федератсияи Россия 1 009 995 ҳолати сироятёбӣ сабт шудааст, 826 935 нафар шифо ёфтаанд ва 17 528 тан ҷон бохтаанд.

Шабонарӯзи гузашта дар Тоҷикистон 36 ҳолати нави сирояти COVID-19 сабт ва шумораи умумии сироятёфтагон дар давраи аз 30 апрел то 3 сентябр ба 8690 нафар расидааст. Дар мамлакат 7482 нафар ё 86,1% -и гирифторони ин беморӣ шифо ёфтаанд.

Ҳамзамон бар асари COVID-19   69 тан ҷон бохтаанд, хабар дода буд дирӯз АМИТ “Ховар” бо истинод ба Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Сентябрь 4, 2020 12:15

Хабарҳои дигари ин бахш

Нақши Президенти Тоҷикистон дар бунёди низоми муосири идоракунии давлатӣ назаррас аст
САҲМИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН ДАР ТАКМИЛИ ФОНДИ ОСОРХОНАИ МИЛЛӢ БУЗУРГ АСТ. Эҳдо ба Рӯзи Президент
Директори Агентии «Тоҷикстандарт»: Садоқат ба Президент, садоқат ба Ватан аст!
ПЕШВОИ РАЪИЯТПАРВАРИ МИЛЛАТ. Эҳдо ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
ПАДИДАИ ПЕШВО ДАР ТОҶИКИСТОН-АКСИ САДОИ ТАЪРИХ БА НИЁЗҲОИ СИЁСИИ МИЛЛАТИ ТОҶИК. Ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон бахшида мешавад
Эмомалӣ Раҳмон -таҳкимбахши Истиқлолияти давлатӣ ва Пешвои ваҳдатофар
Дар Осорхонаи миллӣ ба ифтихори Рӯзи Президент Рӯзи дарҳои кушод гузаронида мешавад
ҲАР РӮЗИ ФАЪОЛИЯТИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ТАЪРИХСОЗИСТ. Андешаҳои академик Фарҳод Раҳимӣ бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Сарвари давлат: «Ҳар як фарди ҷомеа вазифадор аст, ки моҳияту аҳаммияти Конститутсияро ба фарзандони худ ҳанӯз аз хурдсолӣ фаҳмонад»
Эмомалӣ Раҳмон: «Маҳз ба шарофати Конститутсия ва амалӣ шудани меъёрҳои он дар Тоҷикистон фазои орому осуда муҳайё гардид»
Президенти Тоҷикистон: «Конститутсия соҳибистиқлолии халқи моро ба расмият дароварда, асосҳои бунёдии ҷомеа ва давлати навини тоҷиконро муайян намуд»
КОНСТИТУТСИЯ — ШАҲОДАТНОМАИ ХАЛҚИ ТОҶИКИСТОН. Иқтибосҳо аз суханрониҳои Президенти Тоҷикистон