Cуханронии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо роҳбарону фаъолон ва сокинони шаҳри Ҳисор

Сентябрь 18, 2020 11:01
18.09.2020, шаҳри Ҳисор

Ҳамватанони азиз!
Ҳозирини гиромӣ!

Мо дар давоми чандин рӯзи охир бо мақсади шиносоӣ бо шароити зиндагии мардум, вазъи корҳои саҳроӣ ва ободкориву созандагӣ ба шаҳру ноҳияҳои кишвар сафари корӣ анҷод дода истодаем.

Имрӯз бо ҷараёни корҳо дар хоҷагиҳои кишоварзӣ, намоишгоҳи маҳсулоти истеҳсолкардаи кишоварзон ва фаъолияти корхонаву коргоҳҳои шаҳри Ҳисор аз наздик шинос шудем. Бори дигар эътимод ҳосил намудем, ки мардуми заҳматпешаву созандаи мо барои таҳкими пояҳои иқтисодии давлатамон содиқона заҳмат мекашанд.

Бо вуҷуди таъсири манфии омилҳои мухталифи ҷаҳони имрӯза, ки вазъи иҷтимоиву иқтисодии кишварҳои дунёро мураккаб гардонидаанд, Ҳукумати Тоҷикистон барои ноил шудан ба ҳадафи олии худ, яъне баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардуми кишвар аз тамоми имкониятҳо истифода карда, тадбирҳои барномавии худро пайгирона амалӣ намуда истодааст.

Дар ин раванд, хуб ба назар мерасад, ки дар даврони истиқлоли давлатӣ шаҳри Ҳисор хеле рушд карда, дар ҳудуди он даҳҳо корхонаву коргоҳҳои истеҳсолӣ, иншооти иҷтимоиву хизматрасонӣ, аз ҷумла муассисаҳои таълимиву тандурустӣ ва марказҳои савдо бунёд гардида, соҳаҳои дигари он, аз ҷумла саноат ва кишоварзӣ рӯ ба пешрафт ниҳодаанд.

Имрӯзҳо бунёди иншооти гуногуни истеҳсоливу иҷтимоӣ ва ободкориҳо дар шаҳр барои истиқболи арзандаи ҷашни сисолагии истиқлоли давлатӣ вусъати тоза пайдо намудаанд. Дар 7 моҳи соли 2020 маблағгузорӣ ба сармояи асосӣ 38 миллион сомонӣ ё 145 фоизи ҳамин давраи соли гузаштаро ташкил намудааст, ки 37 миллион сомонии он ё нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта се баробар зиёд ба корҳои сохтмону васлгарӣ рост меояд.

Тибқи нақшаи тасдиқшуда ба муносибати ин ҷашни бузурги миллӣ бунёду азнавсозии 767 иншооти гуногун пешбинӣ гардида, то имрӯз  361 иншооту биноҳо ба истифода супорида шудаанд.

Шубҳае нест, ки иншооту биноҳои боқимонда тибқи нақша мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифта, то ҷашни бузурги миллиамон симои шаҳр ва деҳоти он хеле ободу зебо ва шароити зиндагии мардум боз ҳам беҳтар мегардад.

Ҳукумати мамлакат барои обод кардани шаҳри Ҳисор ва таъмин намудани рушди бомароми он дар замони соҳибистиқлолӣ аз ҳисоби маблағҳои буҷети давлат беш аз якуним миллиард сомонӣ равона кардааст.

Илова ба маблағҳои зикршуда, дар ин давра дар ҳудуди шаҳр 22 лоиҳаи сармоягузории давлатӣ ба маблағи 800 миллион сомонӣ татбиқ гардида, ҳоло 5 лоиҳаи дигари сармоягузории давлатӣ амалӣ шуда истодааст.

Ҳамаи ин иқдомҳои Ҳукумати мамлакат барои пешрафти соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ ва пеш аз ҳама, соҳаҳои маорифу тандурустӣ, кишоварзӣ, таъминот бо барқ, таҷдиди роҳҳои мошингард ва рушди деҳот нигаронида шуда, боиси хеле беҳтар шудани сатҳу сифати зиндагии аҳолӣ гардидаанд.

Вобаста ба он, ки дар доираи лоиҳаҳои давлатии сармоягузорӣ дар шаҳр корҳои муҳим ба иҷро мерасанд, зарур аст, ки масъалаи сифатнокиву самаранокии натиҷаи онҳо зери назорати қатъӣ гирифта шавад.

Дар солҳои охир пайваста афзоиш ёфтани қисми даромади буҷети шаҳр имкон фароҳам овардааст, ки маблағгузории соҳаҳои маорифу тандурустӣ, фарҳанг, ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва сохтмони иншооти гуногун тадриҷан зиёд карда шавад.

Ҳамзамон бо ин, аз ҷониби Ҳукумати мамлакат ҷиҳати фароҳам овардани фазои мусоид барои рушди мунтазами соҳибкорӣ тадбирҳои судманд андешида мешаванд. Зеро соҳибкорӣ яке аз заминаҳои муҳимми рушди иқтисодиёт ба ҳисоб меравад.

Шумораи субъектҳои соҳибкорӣ дар шаҳри Ҳисор то имрӯз қариб ба 8600 расида, нисбат ба соли гузашта 570 субъект зиёд шудааст, ки онҳо барои пешрафти иқтисодиёт саҳми босазои худро гузошта истодаанд.

Бо мақсади дастгирии соҳибкорон аз ҷониби 11 филиал ва 51 маркази хизматрасонии бонкҳо ва дигар ташкилотҳои қарздиҳанда, ки дар ҳудуди шаҳр фаъолият доранд, дар 7 моҳи соли ҷорӣ 126 миллион сомонӣ, аз ҷумла 77 миллион сомонӣ (61 фоиз) барои пешбурди фаъолияти соҳибкорӣ ва 37 миллион сомонӣ (29 фоиз) барои соҳибкории истеҳсолӣ қарз дода шудааст.

Бо мақсади саҳмгузорӣ барои иҷрои ҳадафи чоруми миллӣ, яъне саноатикунонии босуръат дар ҳамаи шаҳру ноҳияҳои мамлакат ташкилу бунёд намудани  корхонаву коргоҳҳои  истеҳсолӣ босуръат идома дорад.

Иқдоми мазкур аз ҷониби соҳибкорони шаҳри Ҳисор низ дастгирӣ ёфта, танҳо дар ҳафт моҳи соли ҷорӣ аз ҷониби онҳо се корхонаи нави саноатӣ ташкил ва ба фаъолияти истеҳсолӣ шурӯъ кардааст.

Ҳоло дар шаҳри Ҳисор 69 корхонаи саноатӣ фаъолият дошта, дар онҳо тайи ҳафт моҳи соли равон ба маблағи 124 миллион сомонӣ маҳсулот истеҳсол гардидааст, ки 106 фоизи ҳамин давраи соли гузаштаро ташкил медиҳад.

Ман дар мулоқоту сӯҳбатҳо ба роҳбарону масъулон доим таъкид менамоям, ки бо истифода аз мавҷудияти захираҳои фаровони ашёи хоми маҳаллӣ ва афзоиши рӯзафзуни талабот ба маводи ғизоӣ дар шаҳру ноҳияҳо бо ворид намудани технологияҳои муосир корхонаҳои нав бунёд карда, истеҳсоли ҳарчи бештари маҳсулоти саноатӣ, аз ҷумла коркарду банду басти маҳсулоти кишоварзӣ вусъат дода шавад.

Ҳисор дорои захираи ғании ашёи хом, махсусан,  сабзавот ва меваю ангур буда, дар ҳудуди он тавассути бунёд кардани корхонаҳои истеҳсолӣ ҳазорҳо нафар сокинони маҳаллиро бо ҷойҳои нави корӣ таъмин намудан ва воридоти маблағҳои иловагиро ба буҷет ба роҳ мондан мумкин аст.

Бинобар ин, роҳбарони шаҳр дар ҳамкорӣ бо вазоратҳои саноат ва технологияҳои нав, кишоварзӣ, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ, инчунин, роҳбарони корхонаҳои истеҳсолӣ ва соҳибкорон бояд барои истифодаи пурра аз захираҳои фаровони ашёи хоми маҳаллӣ, махсусан, маҳсулоти кишоварзӣ, ба роҳ мондани фаъолияти мунтазами корхонаҳои амалкунанда, истифодаи самараноки иқтидорҳои истеҳсолӣ, ташкили корҳонаю коргоҳҳои нав ва ба ин васила зиёд намудани истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ тадбирҳои иловагӣ андешанд.

Шаҳри Ҳисор яке аз минтақаҳои аз ҷиҳати кишоварзӣ рушдёфта буда, 72 ҳазор гектар замини таъиноти кишоварзӣ дорад. Ҳамзамон бо ин, шаҳри Ҳисор яке аз таъминкунандагони асосии бозорҳои пойтахти мамлакат бо маҳсулоти тару тозаи кишоварзӣ, махсусан, сабзавоту мева ва маҳсулоти ширию гӯштӣ ба ҳисоб меравад.

Мувофиқи маълумоти оморӣ дар ҳафт моҳи соли равон дар соҳаи кишоварзии шаҳр ба маблағи зиёда аз 345 миллион сомонӣ маҳсулот истеҳсол гардидааст.

Дар баробари ин, соли ҷорӣ истеҳсоли картошка нисбат ба соли гузашта 34 фоиз ва кишти пахта 49 фоиз фоиз кам шудааст.

Бо мақсади пешгирӣ кардани таъсири манфии равандҳои ҷаҳони имрӯза ба иқтисоди миллии мо ва ҳифзи амнияти озуқавории кишвар дар шароити баамаломада супориш дода будам, ки кишти картошка на кам аз 40 фоиз ва ғалладонагиҳо на кам аз 60 фоиз зиёд карда шавад.

Бори дигар таъкид менамоям, ки андешидани тадбирҳо доир ба рушди соҳаи кишоварзӣ барои бо ҷойи кор таъмин намудани аҳолӣ, фаровонии бозорҳо, таъмини корхонаҳои саноатӣ бо ашёи хом ва баланд бардоштани иқтидори содиротии кишвар хеле муҳим мебошад.

Қонеъ намудани талаботи бозори истеъмолӣ бо маҳсулоти худӣ ва пешгирӣ кардани болоравии нархи маҳсулоти озуқа дар ин давраи мушкил аз роҳбарону масъулон, хоҷагиҳои деҳқонӣ ва аҳолӣ истифодаи самараноки ҳар як порча заминро барои зиёд намудани истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ, махсусан, картошка ва ғалладонагиҳо талаб менамояд.

Ҷиҳати нигоҳдории маҳсулоти кишоварзӣ ва захираи он барои давраи тирамоҳу зимистон зиёд намудани шумораи сардхонаҳо, инчунин, бо дарназардошти таъмини талаботи бозор дар тамоми фаслҳои сол бо сабзавоти тару тоза ва афзоиш додани парвариши сабзавот дар гармхонаҳо аз ҷумлаи самтҳои самараноки фаъолияти роҳбарону мутахассисони соҳа ба ҳисоб меравад.

Ҳоло барои нигоҳдории маҳсулоти кишоварзӣ дар шаҳри Ҳисор 15 сардхона бо иқтидори 6200 тонна ва 22 анбор бо ғунҷоиши 2400 тонна маҳсулот фаъолият дорад.

Ба ҳолати 1 августи соли ҷорӣ кишоварзони шаҳр аз гармхонаҳо 100 тонна сабзавоти барвақтӣ, аз ҷумла 56 тонна помидор, 23 тонна бодиринг ва 20 тонна сабзавот ҷамъоварӣ кардаанд.

Вобаста ба бартараф намудани камбудиҳо ва ҳалли мушкилоти соҳа Вазорати кишоварзӣ, Кумитаи давлатии заминсозӣ ва геодезӣ, Агентии беҳдошти замин ва обёрӣ, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр, роҳбарони ташкилоту идораҳои дахлдор ва хоҷагиҳои кишоварзӣ вазифадоранд, ки ҷиҳати истифодаи боз ҳам самараноки заминҳои корами мавҷуда ва ба гардиши кишоварзӣ ворид намудани заминҳои бекорхобида, инчунин, аз худ кардани заминҳои нав ва гирифтани ду-се ҳосил чораҷӯӣ намоянд.

Дар ин раванд, зарур аст, ки ба масъалаи кишти такрорӣ ва истифодаи самараноки заминҳои Президентӣ ва заминҳои наздиҳавлигӣ диққати махсус дода шавад.

Таъмини нигоҳдории роҳҳои маҳаллӣ яке аз самтҳои муҳимми фаъолияти мақомоти маҳаллӣ мебошад.

Ҳукумати мамлакат ҷиҳати таъмиру азнавсозии роҳҳои ҳудуди шаҳри Ҳисор бо ҷалби сармояи дохиливу хориҷӣ марҳала ба марҳала чораҷӯӣ карда истодааст.

Яке аз чунин тадбирҳо татбиқи лоиҳаи азнавсозии шоҳроҳи байналмилалии Душанбе-Турсунзода-сарҳади Ӯзбекистон ба шумор меравад, ки ба рушди соҳаи роҳу нақлиёти шаҳри Ҳисор такони ҷиддӣ бахшид.

Дар ҳудуди шаҳри Ҳисор, дар маҷмӯъ 247 километр роҳ, аз ҷумла 24 километр роҳи дорои аҳаммияти байналмилалӣ, 46 километр роҳи ҷумҳуриявӣ ва 176 километр роҳҳои маҳаллӣ мавҷуд буда, дар ҳафт моҳи соли ҷорӣ танҳо 1,3 километр роҳ ва 1 пул ба дарозии 96 метр таъмир карда шудааст, ки ин ба талабот ҷавобгӯ нест. Зеро қисми зиёди роҳҳои аҳаммияти маҳаллидошта ба таъмиру азнавсозӣ эҳтиёҷ доранд.

Тибқи нақшаи корҳои ободонӣ ба муносибати ҷашни сисолагии истиқлоли давлатӣ азнавсозӣ ва таҷдиди 19 километр роҳҳо ба нақша гирифта шуда, то имрӯз кор дар 17 километри он анҷом ёфтааст.

Аз ин лиҳоз, роҳбарони шаҳрро зарур аст, ки дар ҳамкорӣ бо Вазорати нақлиёт, инчунин, бо ҷалби соҳибкорон ва бо истифода аз имкониятҳои худӣ таъмиру азнавсозии роҳҳои маҳаллиро густариш диҳанд.

Дӯстони гиромӣ!

Ҳукумати мамлакат соҳаи маорифро яке аз самтҳои муҳимтарини сиёсати иҷтимоии давлат эълон карда, ба масъалаи баланд бардоштани мақоми омӯзгор дар рушди нерӯи инсонӣ ва умуман дар ҳаёти ҷомеа эътибори ҷиддӣ медиҳад ва омӯзгорро аз ҷумлаи қувваҳои асосии пешбаранда ва фаъоли ҷомеа меҳисобад.

Дар натиҷаи ғамхориҳои Ҳукумат ва амалисозии ислоҳоти соҳаи маориф вазъи таълиму тарбия дар муассисаҳои таълимии шаҳри Ҳисор сол ба сол беҳтар шуда истодааст.

Дар солҳои соҳибистиқлолӣ дар шаҳри Ҳисор аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳои маблағгузорӣ 41 бинои муассисаи таълимӣ ва биноҳои иловагӣ дар назди муассисаҳои таълимӣ барои 13800 ҷойи нишаст сохта, ба истифода дода шудаанд. Дар ин давра 4 толори варзиш, 43 бинои ёрирасон сохта ба истифода дода шуда, 17 муассисаи таълимӣ аз таъмири асосӣ бароварда шудааст.

Илова бар ин, то соли 2021 дар шаҳр сохта, ба истифода додани 5 бинои муассисаи таълимӣ ва биноҳои иловагӣ дар назди муассисаҳои таълимӣ барои қариб 2 ҳазор хонанда ва муассисаҳои томактабии хусусӣ дар маркази ҷамоатҳои деҳоти ба номи Мирзо Ризо, Сомон, Ҳисор ва Навобод ба нақша гирифта шуда, ҳамаи онҳо то ҷашни 30-солагии истиқлоли давлатӣ ба истифода супорида мешаванд.

Аз шаҳри Ҳисор дар давраи соҳибистиқлолӣ тавассути квотаи Президентӣ 370 нафар, аз ҷумла 225 нафар духтарон муассисаҳои таҳсилоти олии касбии мамлакатро хатм карда, имрӯзҳо 83 нафар, ки 40 нафари онҳо духтарон мебошанд, дар муассисаҳои зикршуда таҳсил карда истодаанд.

Бо вуҷуди ин, бояд гуфт, ки дар шаҳри Ҳисор ҳанӯз фарогирии кӯдакон ба таҳсили томактабӣ нокифоя мебошад ва масъулинро зарур аст, ки ҷиҳати ҳалли ин масъала чораҳои дахлдорро роҳандозӣ намоянд.

Ҳамчунин, норасоии 1725 ҷойи нишаст, нарасидани кабинетҳои фаннӣ ва таъмирталаб будани 29 ошхонаи муассисаҳои таълимӣ аз мушкилоти ҳалталаби соҳаи маорифи шаҳр ба ҳисоб мераванд, ки бояд дар ин самт тадбирҳои фаврӣ андешида шаванд.

Бо истифода аз фурсат, ба ҳамаи роҳбарону фаъолони шаҳр, раисони ҷамоату маҳаллаҳо, аҳли зиё ва шахсони обрӯманду таҷрибадор таъкид менамоям. ки минбаъд низ мардум ва хусусан, ҷавононро ба таҳкими сулҳу субот, риояи қонунияту тартиботи ҳуқуқӣ, яъне волоияти қонун, корҳои созандаву ободгарона ва амалҳои неки инсонӣ, аз ҷумла дастгирии ятимону маъюбон, оилаҳои камбизоат ва тарбияи дурусти фарзандон ҳидояту роҳнамоӣ кардан, пеш аз ҳама, вазифаи инсонии шумо мебошад.

Як масъалаи муҳимми дигарро низ махсус таъкид менамоям: шаҳри Ҳисор, ки ҳамаи мардуми Тоҷикистон соли 2015 – ум 3000 — солагии онро таҷлил карданд, ҳамчун яке аз мавзеъҳои ҷолиби сайёҳӣ шуҳрати зиёд дорад. Зарур аст, ки минбаъд ба рушди сайёҳӣ, ташкили инфрасохтори муосири соҳа ва баланд бардоштани сатҳу сифати хизматрасонӣ ба сайёҳону меҳмонон таваҷҷуҳи боз ҳам бештар дода шавад.

Рӯз аз рӯз беҳтар шудани шароит ва сатҳи зиндагии мардум нишонаи равшани он аст, ки мо бояд минбаъд низ содиқона заҳмат кашем ва ҳамеша дар ёд дошта бошем, ки танҳо бо ваҳдату ҳамбастагӣ ва заҳмати созандаву софдилона ба комёбиву пешравиҳои аз ин ҳам бештар ноил мегардем.

Бовар дорам, ки мардуми сарбаланду заҳматқарини  шаҳри бостонии Ҳисор минбаъд низ бо кору фаъолияти созандаи худ барои ободу зебо гардонидани Ватани маҳбубамон ва таҳкими иқтидори иқтисодии кишварамон саҳми арзанда мегузоранд.

Дар охир ба ҳамаи шумо тансиҳатӣ, хонаи обод, рӯзгори пурфайз ва дар ҷодаи ободонии Ватани маҳбубамон барори кор орзу менамоям.

Ҳамеша саломату сарбаланд бошед, ҳамватанони азиз!

Сентябрь 18, 2020 11:01

Хабарҳои дигари ин бахш

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар Анҷумани 15-уми Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон иштирок намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо корҳои анҷомёфта дар ободонию навсозии хиёбони Исмоили Сомонӣ ва пули мошингард дар болои дарёи Душанбе шинос шуданд
Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо кормандони мақомоти судӣ
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бинои нави Прокуратураи ноҳияи Синоро ифтитоҳ намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бинои Муассисаи давлатии Филармонияи давлатии Тоҷикистонро баъди навсозӣ ба истифода доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо кормандони мақомоти судӣ мулоқот намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бинои нави Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ифтитоҳ намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон барои бунёди бинои нави Кумитаи андоз санги асос гузоштанд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Озарбойҷон Илҳом Алиев суҳбати телефонӣ анҷом доданд
Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Ҳамдардии Пешвои миллат бинобар даргузашти Низорамо Зарипова
Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид