Дабири кулли СММ: Соли оянда пас аз пандемия дар ҳаёти созмон калидӣ хоҳад буд

Сентябрь 16, 2020 08:33

ДУШАНБЕ, 16.09.2020 /АМИТ «Ховар»/. Дабири кулли СММ Антонио Гутерриш дар маросими ифтитоҳи сессияи 75-уми Ассамблеяи генералӣ зикр кард, ки соли оянда барои ҳаёти тамоми Созмони Милали Муттаҳид соли муҳим хоҳад буд, менависад АМИТ «Ховар» бо истинод ба ТАСС.

«Имсол дар ҳаёти cозмони мо соли калидӣ хоҳад буд. Мо бояд минбаъд низ ба таъсири бевоситаи пандемияи коронавирус бо роҳи таҳкиму пурзӯр намудани соҳаи тандурустӣ ва рушди он давом диҳем ва дастгириамонро ба тақсимоти одилонаи доруворӣ ва ваксинаҳо равона намоем»,-гуфт роҳбари СММ.

«Вақте ки мо 75-умин солгарди СММ-ро ҷашн мегирем, маълум аст, ки тамоми ҷаҳон аз мо ҳамчун заминаи асосии рушди бисёрҷониба ва ҳамкорӣ дар асоси қоидаҳои низоми байналмилалӣ умеди калон доранд», — гуфт Антонио Гутерриш.

Дар тӯли тамоми иҷлосия Ассамблея корро аз рӯи маҷмӯи хатару мушкилоти глобалӣ: таъмини сулҳ ва амният, халъи силоҳ, ҳуқуқи инсон, баробарии гендерӣ ва рушди устувор идома хоҳад дод.

Сентябрь 16, 2020 08:33

Хабарҳои дигари ин бахш

Хисороти аз офатҳои табиӣ расида дар Чин аз 7,5 миллиард доллар зиёд шуд
Гармои шадид дар Испания дар ду моҳи охир сабаби марги 1180 нафар гардид
Бар асари боронҳои мавсимӣ ва обхезии шадид дар Покистон 104 нафар ҳалок гардид
Бархе аз минтақаҳои Аврупоро гармои шадид фаро гирифт
Бар асари фаромадани ярч ва обхезӣ дар шимоли Ҳиндустон 51 нафар ҳалок гардид
Созмони ҷаҳонии тандурустӣ чораҳои муҳофизат аз гармии тобистонро пешниҳод менамояд
Гармои шадид дар Аврупо сабаби сӯхтори ҷангалҳо гардид
Беш аз 2 миллиард одамон ба оби тозаи ошомиданӣ дастрасӣ надоранд
Даҳҳо ҳазор нафар дар ҷануби Чин бар асари тӯфон кӯчонида шуданд
Дар Ҳиндустон ҳавопаймо суқут кард
Дар Фаронса барои кӯдакони то 15-сола истифодаи шабакаҳои иҷтимоӣ манъ карда мешавад
Дар Қазоқистон пешниҳод намуданд, ки пӯшидани фаранҷӣ ва ниқоб манъ карда шавад