Дар ҷаҳон 38 миллион шахсони бо ВНМО зиндагикунанда ба қайд гирифта шудаанд
ДУШАНБЕ, 25.09.2020 /АМИТ «Ховар»/. Дар аввали соли 2020 дар ҷаҳон 38 миллион шахсони бо Вируси норасоии масунияти одам (ВНМО) зиндагикунанда ба қайд гирифта шудаанд, ки аз онҳо 1,7 миллион шахсони соли 2019 сироятшуда мебошанд. Мутобиқи таҳлилҳои ҷаҳонӣ, танҳо 81%- и шахсони сироятшуда оид ба бемории худ огоҳӣ доранд. Ин нуктаро 23 сентябр директори Муассисаи давлатии «Маркази ҷумҳуриявии мубориза бар зидди бемории ВНМО» Рустам Нуров зимни ҷаласаи ҳайати мушовараи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон иброз дошт.
Ба зикри номбурда, Вируси норасоии масунияти одам ва бемории пайдошудаи норасоии масуният (ВНМО/БПНМ) давоми 40 соли охир ба мушкилии асосии аҳли сайёра табдил ёфта, Ҷумҳурии Тоҷикистон низ ҳамчун ҷузъи ҷудонашавандаи ҷомеаи ҷаҳонӣ дар ҳалли ин мушкилӣ бетараф нест.
«Тоҷикистон дар фаъолияти хеш оид ба пешгирӣ ва мубориза ба эпидемияи ВНМО ҳамаи ҳуҷҷатҳои муҳими Ассамблеяи генералии Созмони Милали Муттаҳидро, ки ба пурзӯр намудани фаъолият баҳри барҳам додани эпидемияи ВНМО то соли 2030 дар ҷаҳон равона гардидаанд ва яке аз бахшҳои муҳим дар чаҳорчӯбаи расидан ба Ҳадафҳои рушди устувор мебошанд, ҳамаҷониба эътироф намуда, дастгирӣ менамояд. Ҳоло дар самти муқовимат ба эпидемияи Вируси норасоии масунияти одам дар Ҷумҳурии Тоҷикистон якчанд барномаҳо қабул ва мавриди амал қарор доранд»,- гуфт Рустам Нуров.








Дар Рашт бинои нави шуъбаи Хадамоти давлатии оташнишонӣ ба истифода дода шуд
Дар фурудгоҳҳои байналмилалии Тоҷикистон бо шаҳрвандон корҳои иттилоотию фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуданд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи тандурустӣ густариш меёбад
ОГОҲӢ. То 13 ноябр дар Тоҷикистон ҳавои номусоид пешгӯӣ мешавад
Татбиқи лоиҳаи «Барқарорсозии зерсистемаи системаи ВМК-и канали Қумсангир» ба 95 фоиз расид
ЗИМИСТОНГУЗАРОНӢ. Дар Сангвор ситоди ноҳиявӣ оид ба омодагии пурра ба фаслҳои тирамоҳу зимистон таъсис ёфтааст
Дар Москва конгресси 5-уми миллӣ дар соҳаи тиб доир гардид
Дар Ҳисор бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон конференсия доир шуд
Оид ба Конститутсия ва ҷойгоҳи он дар танзими муносибатҳои идоракунии давлатӣ ҳамоиши ҷумҳуриявӣ доир шуд
«КОНСТИТУТСИЯ-КАФИЛИ АДОЛАТИ СУДӢ». Дар Суди Олии иқтисодии Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
Муассисаи «Шабакаи гармидиҳии шаҳри Душанбе»: «Муштариён метавонанд барои ҳалли мушкилот ба рақами кӯтоҳи 14-44 занг зананд»
Доир ба саҳми академик Муҳаммадҷони Шакурӣ дар рушди илму адаб конференсияи илмӣ баргузор шуд






