ДАР БАРНАУЛ АНҶУМАНИ АССОТСИАТСИЯИ ДОНИШГОҲҲОИ ОСИЁ ДОИР ШУД. Иштирокчиёни онро Президенти Ассотсиатсия, Вазири маориф ва илми Тоҷикистон Муҳаммадюсуф Имомзода шодбош намуд

Сентябрь 25, 2020 18:59

ДУШАНБЕ, 25.09.2020 / АМИТ «Ховар» /. Дирӯз, 24 сентябр дар толори консертии Донишгоҳи давлатии Олтойи Барнаул Форуми IV байналмилалии таҳсилотии «Олтой — Осиё 2020: Фазои таълими Авруосиё – чолишҳои нав ва таҷрибаҳои пешқадам» ба кори худ шурӯъ кард. Зиёда аз 700 нафар намояндагони минтақаҳои гуногуни Россия ва 15 кишвари хориҷи наздику дур ба ҳайси иштирокчии «Олтой – Осиё 2020» сабти ном шуданд. Чунин теъдоди ширкаткунандагон ба шарофати формати нави форум — фосилавӣ имконпазир гардид. Пахши мустақими форум, сабти кори майдонҳову намоиши чорабиниҳо, ки дар доираи «Олтай – Осиё 2020» ташкил шудаанд, тавассути шабакаи YouTube сурат гирифта, имкон дод шумораи иштирокчиён ба якчанд ҳазор нафар расад, менависад  хабарнигори АМИТ «Ховар».

Форум, ки аз соли 2012 инҷониб дар донишгоҳи пешсафи кишвари Олтой ташкил карда мешавад, яке аз миқёситарин чорабинӣ дар Федератсияи Россия, кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Чин дар рушди бозори ҷаҳонии таҳсилот, илм, инноватсия ва ҳамкории байналмилалии фаросарҳадӣ мебошад.

«Масоили татбиқи таҳсилоти олӣ дар заминаи паҳншавии сирояти коронавируси нави COVID-19, ояндаи таҳсилоти рақамӣ ва фосилавӣ, натиҷагирӣ аз кори Ассотсиатсияи донишгоҳҳои Осиё, ҳамгироии байналмилалӣ ва шарикӣ мавзӯъҳои асосии форуми мо мебошанд. Мо инчунин нақша дорем масъалаҳои иштироки ояндаи ҷомеаи донишгоҳӣ дар татбиқи барномаи стратегии роҳбарии академиро низ баррасӣ намоем», — зикр кард ректори Донишгоҳи давлатии Олтой Сергей Бочаров.

Иштирокчиёни Форуми IV байналмилалии таҳсилотиро, ки 87 шаҳри дунёро намояндагӣ мекунанд, Вазири маориф ва илми кишвари Олтой Максим Костенко, ректори Донишгоҳи миллии Авруосиё ба номи Л.Н. Гумилёв Эрлан Сидиков тариқи онлайн шодбош гуфтанд ва паёми шодбошии Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Президенти Ассотсиатсияи донишгоҳҳои Осиё, академики Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва академики Академияи илмҳои иҷтимоӣ ва омӯзгории Федератсияи Россия Муҳаммадюсуф Имомзода ироа гардид.

Имрӯз, 25 сентябр, дар толори Шӯрои олимони Донишгоҳи давлатии Олтой мулоқоти вакилони Анҷумани IV Ассотсиатсияи донишгоҳҳои Осиё дар доираи Форуми IV байналмилалии таҳсилотии Олтой — Осиё 2020: Фазои таълимии Авруосиё – чолишҳои нав ва таҷрибаҳои пешқадам баргузор гардид.

Ноиби президенти АДО, президенти Донишгоҳи давлатии Олтой Сергей Землюков анҷуманро ифтитоҳ намуда, ёдовар шуд, ки имрӯз 76 донишгоҳ аз 9 кишвари ҷаҳон узви Ассотсиатсияи донишгоҳҳои Осиё мебошанд. Барои иштирок дар Анҷумани IV Ассотсиатсия, ки бори аввал онлайн ташкил шудааст, 129 вакил аз 55 донишгоҳи АДО аз ҳафт кишвар сабти ном шуданд ва онҳо бо президиуми анҷуман тавассути видеоконфронс тамос доштанд.

Президенти Ассотсиатсияи донишгоҳҳои Осиё, Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, академики Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва академики Академияи илмҳои иҷтимоӣ ва омӯзгории Федератсияи Россия Муҳаммадюсуф Имомзода зимни паёми шодбошӣ ба вакилони анҷуман, ба созмондиҳандагони чорабинӣ барои ташкили форум, ки новобаста аз вазъи мураккаби эпидемиологии ҷаҳон вобаста ба пондемияи коронавирус ташкил шудааст, изҳори сипос кард.

«Ассотсиатсияи донишгоҳҳои Осиё худро ҳамчун як иттиҳодияи бонуфуз муаррифӣ кард, ки қодир аст барои рушди мунтазам шароит фароҳам орад ва ҳамкории мутақобилан судмандро дар соҳаи маориф ва илм ба роҳ монад. Дар замони мо оммавигардонӣ ва таблиғи донишҳои илмӣ ҷузъи муҳими рушди ҷомеа ва таҳкими ҳамкории байни кишварҳо мебошад. Боварӣ дорам, ки ғояҳо ва тавсияҳои пешниҳодкардаи ширкаткунандагон ба ҳалли ин вазифаҳо хидмат мекунанд ва дар маҷмӯъ ба таҳкими амиқи ҳамаҷонибаи ҳамкории мутақобилан судманд ба манфиати халқҳои давлатҳои мо мусоидат хоҳанд кард”, — гуфт президенти АДО дар паёми шодбошии худ.

Мавзӯи асосии анҷуман натиҷагирии фаъолияти ташкилот, ҳамоҳангсозии самтҳои асосии фаъолият ва муайян намудани стратегияи рушди Ассотсиатсияи донишгоҳҳои Осиё ҳамчун платформаи ҳамкории шабакавии донишгоҳҳои пешрафтаи фазои илмӣ ва таълимии Осиё буд. Аз ҷумла, зикр шуд, ки дар давраи фаъолияти Ассотсиатсия миқдори зиёди корҳои илмӣ, экспертию таҳлилӣ, экспедитсияҳои бостонӣ, экспедитсияҳо оид ба омӯхтани гуногунии биологӣ, муносибатҳои этномаданӣ ва миллию конфессионалӣ, амнияти иҷтимоӣ ва равандҳои муҳоҷират дар минтақаи Осиёи Марказӣ анҷом дода шуданд.

Чун анъана, дар доираи анҷумани АДО дархостҳо баррасӣ шуда, 28 донишгоҳи дигар аз Россия, Қазоқистон, Қирғизистон, Афғонистон, Ӯзбекистон ва Тоҷикистон ба ҳайати Ассотсиатсия пазируфта шуданд.

Тибқи низомнома, барои давраи дусоли ояндаи президенти нави Ассотсиатсияи донишгоҳҳои Осиё интихобот баргузор шуд. Ректори Донишгоҳи миллии Қирғизистон ба номи Жусуп Баласагин Канат Содиқов президенти нав интихоб гардид. Ҳамчунин 6 ноиби президенти ташкилот низ интихоб шуданд. Дар байни онҳо ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Қобилҷон Хушвахтзода низ ҳаст.

Сентябрь 25, 2020 18:59

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе конференсияи байналмилалии «Густариши ҳамкории мамлакатҳои Осиёи Марказӣ дар бахши обу энергетика» идома меёбад
Дар Бохтар аввалин Фестивал-намоишгоҳи байналмилалии донишгоҳҳои давлатҳои хориҷӣ баргузор гардид
Дар мавзуи «Паёми Президенти Тоҷикистон ва масъалаҳои рушди фаъолияти китобдорӣ ва бойгонишиносӣ» ҳамоиш доир шуд
Дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бо ҳайати намояндагони Академияи илмҳои Чин вохӯрӣ доир шуд
Дар Тоҷикистон барномаи омӯзишии Мактаби театрии Александрин мегузарад
ТАРБИЯИ ВАТАНДӮСТИИ ШАҲРВАНДОН. Дар шаҳри Ҳисор озмунҳои «Тоҷикистони ман!» ва «Шоҳнома Ватан аст!» доир мегарданд
Байни Тоҷикистон ва Италия Барномаи ҳамкории фарҳангӣ, илмӣ ва технологӣ барои солҳои 2024-2027 ба имзо расид
Дар Душанбе оид ба рушди ҳамкории мамлакатҳои Осиёи Марказӣ дар бахши обу энергетика конференсияи байналмилалӣ доир мегардад
САДРИДДИН АЙНӢ-БУНЁДГУЗОРИ АДАБИЁТИ НАВИНИ ТОҶИК. Дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон конференсияи илмӣ-адабӣ гузаронида шуд
ИЛМ АЗ ДИДГОҲИ ОЛИМОНИ ҶАВОН. Дар ин мавзуъ конференсияи илмӣ-амалӣ баргузор гардид
«ДУРАХШИ АХТАРОН: ҶОМӢ ВА НАВОӢ». Протокол оид ба таҳияи филми ҳунарии муштараки Тоҷикистону Узбекистон ба тасвиб расид
Рӯзҳои синамои Узбекистон дар Тоҷикистон бо намоиши филми ҳунарии «Зинда бод, ҳамсар!» ҷамъбаст гардид