ИНТИХОБОТИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН-2020. Дар Бохтар номзадҳо барномаи пешазинтихоботиашонро муаррифӣ карданд

Сентябрь 18, 2020 17:09

 ДУШАНБЕ, 18.09.2020 /АМИТ «Ховар»/. Дар  ҳавзаи интихоботии Бохтар, №44 нахуст вохӯрии номзадҳои президентӣ бо сокинон доир гардид ва моҳияти барномаҳои пешазинтихоботии онҳо барои ҳафт соли минбаъда шарҳ дода шуд.

Раиси ҳавзаи интихоботии Бохтар,№ 44 Амонулло Ашӯрзода зикр кард, ки дар шаҳри Бохтар 41 участкаи интихоботӣ ташкил шудааст ва дар ин участкаҳо рӯзи интихобот сокинони маркази вилоят ба номзади арзандаи хеш фаъолона овоз хоҳанд дод.

Дар идомаи вохӯрӣ муовини аввали Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Абдуҷаббор Азизӣ барномаи номзади ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро барои ҳафт соли минбаъда ба ҳозирин шарҳ дод. Ӯ гуфт, ки заҳмату талошҳои Раиси муаззами ҲХДТ аст, ки Тоҷикистон дар як муддати начандон тӯлонӣ ба давлати ободу пешрафта табдил ёфт ва онро созмонҳои байналмилалӣ ҳамчун давлати ҳуқуқбунёд, демократӣ, дунявӣ ва ягона эътироф мекунанд.

Зимнан, Абдуҷаббор Азизӣ илова кард, ки давоми ҳафт соли гузашта мо ба чанд ҳадафи стратегии мамлакат, аз ҷумла баромадан аз бунбасти коммуникатсионӣ мушарраф гардида, барои ноил шудан ба истиқлолияти энергетикӣ, бо ба кор андохтани ду чархаи аввали НБО “Роғун”, ки роҳи моро барои амалӣ намудани нақшаву ниятҳои некамон наздик намудааст, шарафёб мегардем.

«Соли 2013 17 млрд кВ/соат неруи барқ истеҳсол мешуд. Ҳоло ин шумора ба 21 млркВ/соат расидааст, ки ин хизмати Сарвари давлат, Раиси ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад. Ҳамзамон бо эълон гардидани солҳои 2019 – 2021- Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ барои рушди иқтисодиёти мамлакат дар шаҳру деҳоти ҷумҳурӣ беш аз 20 ҳазор иншооти таъйиноташон гуногун ба истифода дода мешаванд. Ҳоло дар ин самт корҳои ободонию созандагӣ бо суръати муайян идома доранд»,–гуфт Абдуҷаббор Азизӣ.

Ӯ илова кард, ки ҳоло дар ҳама бахшҳои хоҷагии халқ пешравиҳои назаррас мушоҳида гардида, ҳадафҳои олӣ зери роҳбарии Раиси муаззами ҲХДТ пайи ҳам амалӣ гардида истодаанд. Дар ин сурат моро зарур аст, ки барои пиёда сохтани ҳадафҳои созанда камари ҳиммат баста, дар ин маъракаи муҳими сиёсӣ ба номзади арзандаи хеш овоз диҳем.

Раиси Ҳизби аграрии Тоҷикистон Рустам Латифзода зикр кард, ки “Тоҷикистон давлати аграрӣ буда, даромади бештари сокинон аз ҳамин соҳа сарчашма мегирад. Дар барномаи мо тамоми ҷанбаҳои соҳа гирд оварда шудаанд, ки аз ҳашт банд иборат мебошанд. Дар барнома масъалаҳои миллӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ, маънавиёт, илму маориф, дастгирии ҷавонон ҷой дода шудааст, ки ин ҳама барои пешрафти мамлакат  ва беҳтар шудани сатҳи некуаҳволии сокинон мебошад.

Бахши кишоварзӣ яке аз муҳимтарин соҳаҳо ба ҳисоб рафта, амнияти озуқавории мамлакат аз он сарчашма мегирад. Мо пешбинӣ кардаем, ки андозбандӣ дар ин соҳа бозбинӣ карда шавад, то кишоварзон ба сабукиҳои бештар дастёб гарданд», — афзуд Р. Латифзода.

Раиси Ҳизби сотсиалистии Тоҷикистон Абдуҳалим Ғаффорзода дар ҳузури иштирокдорон гуфт, ки ҳадафи асосии ин ҳизб, пеш аз ҳама, сулҳу ваҳдат мебошад. Яке аз самтҳои барномаи ҳизб баланд бардоштани сатҳи иҷтимоии сокинон, дастгирии занони танҳо ва иштирокчиёни садамаи «Чернобил» аст.

Номбурда афзуд, ки ба вижа фаъолият кардани соҳаи маориф ва ҷалби мутахассисони касбӣ яке аз самтҳои дигари барномаи Ҳизби сотсиалистии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад.

Раиси Ҳизби ислоҳоти иқтисодии Тоҷикистон Рустам Раҳматзода гуфт, ки мо бояд бозори коғазҳои қиматбаҳоро ба роҳ монем, зеро миллиардҳо сомонӣ дар сандуқҳои сокинон аст, ки онҳоро бояд ба гардиш даровард. Барои ин мебояд ислоҳоти иқтисодӣ гузаронид. Дар ин сурат хоҷагиҳои деҳқониро бояд ташкил кард, то мардум бештар ба истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ рӯ оранд.

Котиби марказии Ҳизби комунистии Тоҷикистон Заррагул Мирҳасанова аз номи раиси Ҳизби комунистии Тоҷикистон Мироҷ Абдуллоев иброз дош, ки “ҳадафи асосии ҳизб- ин пеш аз ҳама, бунёди ҷомеаи адолатхоҳ ва ҷавобгӯй ба манфиатҳои меҳнаткашон буда, таъмини ҳуқуқу озодиҳо, фароҳам овардани шароити шоистаи иқтисодию иҷтимоӣ ва фарҳангӣ барои мардумро муҳим медонад”.

Дар анҷоми вохӯрӣ даъват шуд, ки сокинон дар рӯзи интихобот-  11 октябри соли равон фаъолона ширкат варзида, барои ояндаи босуботи Тоҷикистон ба ҷонибдории номзади арзанда овоз диҳанд.

Сентябрь 18, 2020 17:09

Хабарҳои дигари ин бахш

Вуруди Резервати биосферии «Ромит» ба Шабакаи ҷаҳонии мамнуъгоҳҳои ЮНЕСКО — рӯйдоди муҳим дар соҳаи экологии Тоҷикистон
ДИПЛОМАТИЯИ ТОҶИКИСТОН: АЗ СУХАНРОНИИ ТАЪРИХӢ ТО ТАШАББУСҲОИ ГЛОБАЛӢ. Эҳдо ба Рӯзи кормандони хизмати дипломатии Тоҷикистон
Президенти Тоҷикистон: «Таъсиси Маркази минтақавии зеҳни сунъиро дар шаҳри Душанбе салоҳи кор мешуморем»
Пиряхҳо ва дигар манбаъҳои обии Тоҷикистон то 60 фоизи захираҳои оби Осиёи Марказиро ташкил медиҳанд
Тоҷикистон дар соҳаи дипломатияи об мавқеи фаъол дорад
Тоҷикистон аз пайомадҳои манфии раванди тағйирёбии иқлим нигарон мебошад
Эмомалӣ Раҳмон: «Қатъномаи махсуси СММ оид ба эълон кардани «Даҳсолаи таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда» мавриди баррасӣ қарор дода шавад»
Президенти Тоҷикистон: «Маҷмаи Умумии СММ имконияти эълон намудани Соли байналмилалии маърифати ҳуқуқиро мавриди баррасӣ қарор диҳад»
Муҳаммадҷаъфари Ёҳаққӣ: «Мо раҳбари хирадмандеро меситоем, ки дасти як миллатро бар «Шоҳнома»-и устоди Тӯс кушода кард»
Бо пешниҳоди Тоҷикистон 14 қатъномаи Маҷмаи Умумии СММ оид ба масъалаҳои обу иқлим қабул гардид
БА ҚАДРИ НЕЪМАТИ БЕБАҲО — ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ БОЯД РАСИД. Андешаҳои Пешвои миллат дар ин хусус
ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ БУЗУРГТАРИН ВА МУҚАДДАСТАРИН НЕЪМАТ. Андешаҳои Пешвои миллат доир ба ин неъмати бебаҳо