Дар Душанбе таҳти унвони «Мақоми зан дар Саразми бостонӣ» Конференсияи илмӣ – амалӣ баргузор гардид

Сентябрь 18, 2020 14:43

ДУШАНБЕ, 18.09.2020 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Осорхонаи миллии  Тоҷикистон бо ибтикори Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо шарикони ҳамкор таҳти унвони «Мақоми зан дар Саразми бостонӣ» Конференсияи илмӣ — амалӣ  баргузор гардид.

Мухбири АМИТ «Ховар» София ШОИК хабар медиҳад, ки конференсияи мазкур ба 5500-солагии  Саразм, ки ёдгории таърихии аҳди бостон аст, бахшида шуда, ҳадафи он арҷ гузоштан ба таъриху фарҳанг ва ёдгориҳои таърихи куҳани мамлакат мебошад.

Зикр гардид, ки Саразм ёдгории нодири даврони энеолит ва асри биринҷии Осиёи Марказӣ буда, соли 1976 аз тарафи бостоншиноси тоҷик Абдуллоҷон Исҳоқов кашф шудааст.

Раиси Кумитаи кор бо занон ва оила Ҳилолбӣ Қурбонзода иброз намуд, ки «соли 2000 бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ёдгории Саразм ҳамчун маркази ташаккули тамаддуни кишоварзӣ, ҳунармандӣ ва шаҳрсозии тоҷикон мамнуъгоҳи таърихиву бостоншиносӣ эълон гардид. Имрӯз дар мамлакати мо зиёда аз 3000 ёдгориҳои таърихӣ мавҷуданд, ки ҳар кадоми он таваҷҷуҳи олимони дохиливу хориҷиро ба худ ҷалб намудааст. Саразм низ яке аз чунин ёдгориҳои куҳан ба шумор меравад. Мояи ифтихор аст, ки маводу далелҳои илмии таъриху бостоншиносӣ дар заминаи таҳқиқоти олимони ватанӣ ва хориҷӣ барои ворид намудани Саразм ба феҳристи ёдгориҳои фарҳангии ЮНЕСКО пешниҳод гардида, 31 июли соли 2010 он ба рӯйхати нодиртарин ёдгориҳои таърихи фарҳанги умумибашарӣ шомил гардид. Воқеан таърихи қадимаи халқи тоҷик ва мероси гаронбаҳои моддиву маънавии гузаштагон, аз ҷумла ёдгориҳои таърихӣ бузургтарин мактаби худшиносӣ барои ҳар фарди ҷомеа мебошад».


Раиси Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  Ширин Амонзода, Котиби масъули Комиссияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба корҳои ЮНЕСКО Зулфия Бурҳон, намояндаи Хазинаи нуфуси аҳолии СММ дар Тоҷикистон Нилуфар Баҳромзода, академики АМИТ Юсуфшоҳ Яъқубшоҳ, директори Осорхонаи миллии Тоҷикистон Абдувалӣ Қурбоналӣ ва дигар иштирокдорони конференсия дар мавзӯъҳои  «Нишонаҳои шаҳр дар Саразм», «Таҳлили муқоисавии нақшҳои Саразм бо нақшҳои гулдӯзиҳои муосири Панҷакент», «Тасвири занон дар Саразм», «Мақоми зан дар замони бостон», «Нақши занон дар таърихи Саразм» ва ғайра маърӯза намуданд.

Номзади илмҳои педагогӣ, сарвари маркази Пойгоҳи бостоншиносии Панҷакент – Саразм Нуринисо Худоёрова дар мавзӯи «Мақоми зан дар замони бостон» иброз намуд, ки «вақте саҳифаҳои илмии таърихи Саразмро варақгардон намуда,  мехонем, ки Саразм маркази кишоварзӣ, ҳунармандӣ ва шаҳрсозӣ будааст, дар баробари ин эҳсос мекунед, ки дар ҳамаи ин корҳо нақши зан баланд аст. Аз рӯи гуфтаҳои нахусткашшофи Саразм Абдуллоҷон Исҳоқов,  дар ибтидо пас аз кӯчманчигиҳои дуру дароз мардум мехоҳад дар ҷое макони абадии худро бунёд созад. Онҳо ба Саразм меоянд ва онро макони зисти доимӣ интихоб мекунанд. Вақте ки мардҳо барои  дарёфти ризқу рӯзӣ ба дигар ҷойҳо мераванд, занҳо барои бунёд кардани макони зист, яъне хона талош мекунанд ва ҳамин тавр Маликаи Саразм, ки нақши он дар таърихи ин шаҳр хеле бузург аст, ба бунёди ин шаҳр ибтидо мегузорад. Яъне ин аз он шаҳодат медиҳад, ки ободгари макон, муҳайёсози шароити зиндагӣ зан-Маликаи Саразм будаву мақоми зан низ дар замони бостон хеле баланд будааст».

Иштирокчии Конференсияи илмӣ-амалӣ, донишҷӯи Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав Афсона Амирбекзода дар мавзӯи «Нақши занон дар таърихи Саразм» маърӯза карда, гуфт, ки «Саразм — ин нишонаи олии куҳанбунёд будани миллати тоҷик буда, бори дигар исбот месозад, ки воқеан ҳам халқи тоҷик аз азал мардуми фарҳангдӯст, ҳунарманд  будаанд, ки ин шаҳрак нишонаи олии ин гуфтаҳост. Сокинони Саразм зиёда аз 40 намуди ҳунармандиро бо тамоми нозукӣ аз худ карда буданд. Дар натиҷаи ковишҳои беш аз чилсолаи  бостоншиносӣ аз Саразм бозёфтҳои бешуморе ба даст омадаанд, ки аз расму оин, фарҳангу ҳунар, шуғл, дар маҷмӯъ тамаддуни шаҳрсозию шаҳрдории   саразмиёни қадим шаҳодат медиҳанд. Мо мебинем, ки дар ин ҷода дар баробари мардон нақши занон низ  зиёд аст. Ба гуфтаи таърихнигорон, дар Саразм заргарӣ низ хеле тараққӣ карда будааст ва он хусусиятҳои хоси худро дошт, зеро маснуоти заргариро занон барои худ ва хосатан барои Маликаи Саразм омода мекарданд. Ин бори дигар исбот месозад, ки нақши занон дар таърихи Саразм хеле калон мебошад».

Сентябрь 18, 2020 14:43

Хабарҳои дигари ин бахш

Байни Тоҷикистон ва Италия Барномаи ҳамкории фарҳангӣ, илмӣ ва технологӣ барои солҳои 2024-2027 ба имзо расид
Дар Душанбе оид ба рушди ҳамкории мамлакатҳои Осиёи Марказӣ дар бахши обу энергетика конференсияи байналмилалӣ доир мегардад
САДРИДДИН АЙНӢ-БУНЁДГУЗОРИ АДАБИЁТИ НАВИНИ ТОҶИК. Дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон конференсияи илмӣ-адабӣ гузаронида шуд
ИЛМ АЗ ДИДГОҲИ ОЛИМОНИ ҶАВОН. Дар ин мавзуъ конференсияи илмӣ-амалӣ баргузор гардид
«ДУРАХШИ АХТАРОН: ҶОМӢ ВА НАВОӢ». Протокол оид ба таҳияи филми ҳунарии муштараки Тоҷикистону Узбекистон ба тасвиб расид
Рӯзҳои синамои Узбекистон дар Тоҷикистон бо намоиши филми ҳунарии «Зинда бод, ҳамсар!» ҷамъбаст гардид
«САД РАНГИ ЧАКАН». Дар Душанбе ин фестивали ҷумҳуриявӣ ҷамъбаст гардид
Роҳбарзанони Узбекистон бо табиати зебои шаҳри Норак шинос шуданд
Дар Душанбе ҳамкории илмии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва Донишгоҳи Акитаи Ҷопон баррасӣ шуд
Дар Донишгоҳи техникии Тоҷикистон даври аввали Озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» баргузор шуд
Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон бо 4 муассисаи таҳсилоти олии Узбекистон ҳамкорӣ мекунад
«ШОҲРОҲИ БУЗУРГИ АБРЕШИМ». Тоҷикистон барои иштирок дар ин намоиши байналмилалӣ омодагии ҷиддӣ мебинад