Дар Хатлон 112 адад корхонаи саноатӣ бунёд шуда, дар ин замина 1637 ҷойи корӣ таъсис меёбад
ДУШАНБЕ, 17.09.2020. /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар амал татбиқ намудани ҳадафи чоруми стратегӣ — саноатикунонии босуръати мамлакат дар вилояти Хатлон имсол бунёди 112 адад коргоҳу корхонаҳои нави истеҳсолӣ бо таъсиси 1637 ҷойи корӣ пешбинӣ шудааст. Дар вилоят аз оғози соли 2018 то инҷониб 220 корхонаву коргоҳи нави саноатӣ бунёд ёфтааст.
Дар ин бора ба мухбири АМИТ «Ховар» аз шуъбаи иттилоотӣ-таҳлилии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон хабар доданд.
Танҳо дар 7 моҳи соли равон дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон 50 корхона ва коргоҳҳои саноатӣ бо таъсиси 516 ҷойи корӣ ба истифода дода шуда, корҳои сохтмонӣ дар 62 иншооти дигар идома доранд.
Дар ин давра саноатчиёни вилоят бо истифода аз имкониятҳои мавҷуда ба маблағи 4 миллиарду 489 миллиону 809 ҳазор сомонӣ маҳсулот истеҳсол карда, ҳаҷми истеҳсолро дар қиёс ба ҳамин давраи соли 2019 ба маблағи 254 миллиону 253,7 ҳазор сомонӣ зиёд ва суръати афзоишро 6 фоиз таъмин карданд.
Баистифодадиҳии ду корхонаи нави мурғи гӯштӣ дар шашмоҳаи якуми имсол замина фароҳам овард, ки истеҳсоли гӯшти мурғ дар қиёс ба ҳамин давраи соли 2019 дар ҳаҷми 1202 тонна ва ё дар сатҳи 75 фоиз зиёд шавад.
Ёдовар мешавем, ки дар вилоят ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ва номгӯи он сол то сол зиёд шуда, аз 81 ба 92 номгӯй расонида шудааст.








«Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии вилояти Хатлон барои солҳои 2026–2030» 31,2 фоиз иҷро гардид
Дар Тоҷикистон 7136 ҳолати вайронкунии қонунгузории замин бартараф карда шуд
Ҳамкории БАТР бо Тоҷикистон дар соҳаи энергетика тақвият меёбад
Дар Нозироти андози шаҳри Ваҳдат 804 субъекти хоҷагидори амалкунанда сабти ном шудааст
Дар Душанбе Фестивали занбӯрпарварон, намоиш ва фурӯши асал баргузор шуд
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна картошка ҷамъоварӣ гардидааст
Дар шаҳри Норак Фестивал-намоишгоҳи байналмилалии «Ганҷинаи хатлон» баргузор гардид
Мутахассисони Тоҷикистон дар Чин бо навовариҳои соҳаи пахтакорӣ шинос шуданд
Натиҷаҳои рушди иқтисодии Тоҷикистон дар Таиланд муаррифӣ гардиданд
Дар Тоҷикистон ҷаласаи 46-уми Шурои ҳамоҳангсозии электроэнергетикии Осиёи Марказӣ доир шуд
Шаҳри Панҷакентро дар нуҳ моҳ беш аз 40 ҳазор сайёҳон тамошо намудаанд
Дар Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамӣ масъалаҳои зеҳни сунъӣ ва амнияти рақамӣ баррасӣ шуданд






