Дар Кӯлоб барои дарёфти Стипендияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон озмун оғоз гардид
ДУШАНБЕ, 19.09.2020 /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Кӯлоб барои дарёфти Стипендияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон байни хонандагону донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти умумии ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ озмун оғоз гардид. Дар он 24 нафар довталабоне, ки танҳо бо баҳои аъло таҳсил намуда истодаанд, иштирок намуда, аз миёни онҳо 10 нафар ҳамчун гирандагони Стипендияи президентӣ муайян мегарданд.
Дар ин бора хабарнигори АМИТ «Ховар» бо истинод ба маркази матбуоти Раиси шаҳри Кӯлоб иттилоъ медиҳад.
Ёдовар мешавем, ки аз 16 то 24 сентябр бо ташаббуси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар тамоми шаҳру ноҳияҳои мамлакат озмун барои дарёфти Стипендияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида мешавад.
Озмуни мазкур ба тарзи шаффоф гузаронида шуда, дар он ба савияи дониш ва лаёқати довталабон диққати асосӣ дода мешавад.
Ҳадаф аз баргузории озмун барои дарёфти Стипендияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли хониши 2020-2021 татбиқи босамари Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҷавонон ва сиёсати давлатии ҷавонон», дастгирии моддиву маънавӣ, пайдо намудани хонандагони болаёқату фаъол ва бедорсозии ҳисси хештаншиносии наврасону ҷавонон мебошад.








ТАВСИЯИ МУТАХАССИС. Дар мавриди фоидаи ғизо ва нӯшокиҳо барои саломатӣ дар фасли зимистон
Китоби «Сотим Улуғзода дар шинохти Пешвои миллат» ба нашр расид
Бахшида ба фаъолияти Президенти Тоҷикистон китоби нав рӯнамоӣ гардид
Шералӣ Хоҷазода: «Маърифати ҳуқуқӣ омили муҳими ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ мебошад»
Доир ба саҳми Эмомалӣ Раҳмон дар татбиқи стратегияи рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон китоби нав рӯнамоӣ гардид
Таҳти унвони «Президент — шаҳсутуни истиқлол ва давлатдории миллӣ» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Ҷилди сеюми китоби «Абармарди таърихсоз»-и академик Фарҳод Раҳимӣ ба нашр расид
Ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи ҳифзи мероси фарҳангӣ ва хаттӣ густариш меёбад
Дар ёдгории таърихии Қалъаи «Золи Зар»-и ноҳияи Данғара корҳои сохтмонӣ оғоз гардиданд
Намоиши «Достони Сиёвуш» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Намоишномаи мазҳакавии таҳти унвони «Хоҳ биёӣ, хоҳ наё» дар Москва ба саҳна гузошта шуд






