Дар Кобул бар ҷони муовини аввали Раиси Ҷумҳурии Исломии Афғонистон суиқасд ташкил гардид

Сентябрь 10, 2020 11:48

ДУШАНБЕ, 10.09.2020 /АМИТ «Ховар»/. Дирӯз дар Кобул дар натиҷаи суиқасд бар ҷони муовини аввали Раиси Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Амруллоҳ Солеҳ на камтар аз  10 нафар кушта ва 15 тани дигар маҷрӯҳ шуданд. Тавре АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, дар ин бора шабакаи телевизони «1ТВ» бо истинод ба намояндагони хадамоти амният гузориш дод.

Бино ба гуфтаи Амруллоҳ Солеҳ, худи ӯ осеби ҷиддӣ надидааст. Ӯ каме дар рӯй ва аз даст осеб дидааст.

Рӯзи чоршанбе дар роҳи кортежи муовини аввали Раиси Ҷумҳурии Афғонистон дар маркази Кобул таркиш рух дод. Биноҳои наздик аз мавҷи таркиш хисороти ҷиддӣ диданд. Ҳаракати радикалии Толибон (мамнӯъ дар Тоҷикистон) изҳор дошт, ки дар ин ҳодиса даст надорад.

Раиси Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Ашраф Ғанӣ ин ҳамларо шадидан маҳкум кард ва онро «амали даҳшатбори террористӣ» хонд. «Раиси ҷумҳурӣ таъкид кард, ки неруҳои амниятии Афғонистон ҳамчунон боқатъият ҳастанд, ки бо мухолифони худ муқобилат кунанд ва сарзамину  ҳамватанони худро дифоъ намоянд», — гуфта мешавад дар изҳороте, ки дар сомонаи Раиси Ҷумҳурии Афғонистон интишор гардидааст.

Дар он ҳамчунин омадааст, ки Ашраф Ғанӣ ба мақомоти дахлдор супориш додааст, ки вазъи ҳамларо таҳқиқ кунанд ва тамоми захираҳои мавҷударо барои кумак ба зарардидагон сафарбар намоянд.

Сентябрь 10, 2020 11:48

Хабарҳои дигари ин бахш

Палатаи поёнии парлумони Беларус дар ҳайати пурра интихоб гардид
Қатар барои шаҳрвандони Тоҷикистон раводидро бекор намуд
Прабово Субианто дар интихоботи президенти Индонезия пирӯз гардид
Директори генералии Созмони ҷаҳонии тандурустӣ Тедрос Аданом Гебрейесус изҳор намуд, ки ҷаҳон ба пандемияи нав омода нест
Александр Стубб дар интихоботи президентии Финландия пирӯз шуд
Дар интихоботи президентии Озарбойҷон Илҳом Алиев бо гирифтани 92,05% овози интихобкунандагон пешсаф мебошад
Теъдоди ҳалокшудагон бар асари сӯхтори ҷангал дар Чили ба 131 нафар расид
Имрӯз дар Озарбойҷон интихоботи ғайринавбатии президентӣ баргузор мешавад
Олжас Бектенов сарвазири нави Қазоқистон таъйин шуд
Дар Озарбойҷон пеш аз баргузории интихоботи президентӣ рӯзи хомӯшӣ эълон гардидааст
Бо сабаби барфи зиёд дар минтақаи Токио 1,8 ҳазор манзил бе барқ мемонанд
ТУРКИЯ ФАЛОКАТИ АСРРО БА ҲАМРАЪЙИИ АСР ТАБДИЛ ДОД. Имрӯз аз заминларзаи шадиди Туркия як сол сипарӣ гардид