Дар Маҷлиси намояндагон масъалаи тақвияти ҳамкорӣ бо СММ баррасӣ гардид

Сентябрь 23, 2020 16:00

ДУШАНБЕ, 23.09.2020 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода бо ҳамоҳангсози доимии Созмони Милали Муттаҳид дар Ҷумҳурии Тоҷикистон хонум Сезин Синаноғлу бо хоҳиши ӯ мулоқот намуд. 

Дар ҷараёни мулоқот масъалаи тақвияти ҳамкории Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо  Созмони Милали Муттаҳид, нақши Парлумони Тоҷикистон ҷиҳати фароҳам овардани шароити мусоид барои тоза нигоҳ доштани оби нӯшокии бехатар, роҳҳои баланд бардоштани сатҳи маърифати  аҳолӣ ҷиҳати ҳифзи муҳити зист ва дигар масъалаҳои муҳим баррасӣ шуданд. Дар ин бора котиби матбуоти Маҷлиси намояндагон Муҳаммадато Султонов ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ дод.

Раиси Маҷлиси намояндагон нақши Парлумони касбии Тоҷикистонро барои фароҳам овардани фазои қонунӣ ҷиҳати мусоидати мустақим ба ҳифзи муҳити зист, хадамоти беҳдоштӣ, баланд бардоштани нақши ҷомеаи шаҳрвандӣ дар ҳалли масъалаҳои марбут ба оби нӯшокии бехатар ва ҳуқуқи инсон баланд арзёбӣ намуда, таъкид кард, ки Парлумони касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин замина қонунҳои алоҳида қабул намуда, ҳамзамон вобаста ба талаботи рӯз ба якчанд санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ тағйироту иловаҳо ворид кардааст.

Раиси Парлумони касбии мамлакат ҳамчунин иброз намуд, ки Тоҷикистон аз рӯзҳои аввали истиқлолият ба хотири мусоидат ва таҳкими ҳамкории минтақавӣ, алалхусус дар соҳаи об тадбирҳои зарурӣ  меандешад ва дар ин замина ба шарикони байналмилалӣ, аз ҷумла муассисаҳои Созмони Милали Муттаҳид ва намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ барои мусоидати фаъолашон дар татбиқи амалии тадбирҳои Соли байналмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи об изҳори сипос намуд.     Зикр шуд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон борҳо оид ба истифодаи муштараки захираҳои бойи обу энергетикиаш, ки дар дунё яке аз ҷойҳои аввалинро ишғол менамояд, ибтикор нишон додааст ва ҳамеша ҷонибдори ҳамкории мутақобилан судманд ва муносибатҳои неки густурда дар ин самт буд ва хоҳад монд.

Ҳамоҳангсози доимии Созмони Милали Муттаҳид дар Ҷумҳурии Тоҷикистон хонум Сезин Синаноғлу дар бораи фаъолияти барномаҳои созмони мазкур маълумот дода, ҳамзамон таъкид кард, ки ин барномаҳо айни ҳол дар Тоҷикистон  фаъолияти густурда доранд. Мавсуф аз талошҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати фароҳам овардани шароити мусоид ва фазои ҳуқуқӣ изҳори қаноатмандӣ намуда, иброз дошт, ки барномаҳои онҳо ҳамеша омодаи ҳамкорӣ бо Маҷлиси намояндагон мебошад.

Сентябрь 23, 2020 16:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе тавсияҳои Кумитаи СММ оид ба бартараф намудани ҳама гуна ҳуқуқпоймолкунӣ нисбат ба занон муҳокима гардид
Ҷаласаи навбатии иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Робитаҳои байнипарламентии Тоҷикистону Туркия густариш меёбанд
Дар иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум ду созишнома қабул шуд
Нахустин Форуми байнипарлумонии Осиёи Марказӣ ва Иттиҳоди Аврупо баргузор гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор шуд
Ҳамкории байнипарламентии Тоҷикистону Узбекистон тақвият меёбад
Вакилони тоҷик дар гуфтугӯи байнипарлумонӣ доир ба тақвияти қонунгузорӣ барои таъмини рушди баробарии гендерӣ иштирок намуданд
Наврӯз дар рӯи замин сулҳ ва дӯстӣ меофарад
Дар иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум созишнома ба тасвиб расид