Дар Москва ҷаласаи IX Шӯрои ҳамкории байниминтақавӣ ва наздимарзии кишварҳои аъзои ИДМ баргузор шуд
ДУШАНБЕ, 11.09.2020 /АМИТ «Ховар»/. 10 сентябр ҷаласаи IX Шӯрои ҳамкории байниминтақавӣ ва наздисарҳадии кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ) дар шакли видеоконфронс, ки Вазорати рушди иқтисодӣ ва коҳиши сатҳи камбизоатии Ҷумҳурии Ӯзбекистон ташкил намуда буд, баргузор гардид, иттилоъ медиҳад сомонаи расмии Кумитаи иҷроияи ИДМ.
Дар ҷаласа намояндагони ҳамаи давлатҳои аъзои ИДМ — аъзои Шӯро: ҷумҳуриҳои Арманистон, Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон, Ӯзбекистон ва Федератсияи Россия, инчунин Кумитаи иҷроияи ИДМ, Ассамблеяи Байнипарлумонии кишварҳои узви ИДМ ва Шӯрои сарони палатаҳои кишварҳои аъзои ИДМ ширкат варзиданд.
Иштирокчиёни ҷаласа вазъи ҳамкории байниминтақавӣ ва наздисарҳадиро дар кишварҳои аъзои ИДМ, аз ҷумла бо дарназардошти вазъи эпидемиологии вобаста ба тавсеаи уфунати коронавируси COVID-19 муҳокима карданд, раванди иҷрои Нақшаи чорабиниҳо оид ба татбиқи марҳилаи сеюми (солҳои 2016-2020) Стратегияи рушди иқтисодии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақилро барои давраи то соли 2020 дар бахши ҳамкории байниминтақавӣ ва наздимарзӣ баррасӣ ва оид ба дигар масъалаҳои мубрам табодули афкор намуданд.
Ба муҳокимаи лоиҳаҳои Консепсияи ҳамкории байниминтақавӣ ва наздисарҳадии кишварҳои аъзои ИДМ барои давраи то соли 2030 ва Нақшаи чорабиниҳо оид ба татбиқи он, ки Консепсияи раёсати Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил барои соли 2020 пешбинӣ намудааст, таваҷҷуҳи хос дода шуд. Иштирокчиёни ҷаласа пешниҳод намуданд, ки лоиҳаҳои асноди мазкур ба баррасии ҷаласаи навбатии Шӯрои иқтисодии ИДМ ирсол шаванд.
Қарор шуд, ки ҷаласаи навбатии Шӯрои ҳамкории байниминтақавӣ ва наздимарзӣ дар Тошканд соли 2021 баргузор шавад.








Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи вазирони корҳои дохилии давлатҳои аъзои СҲШ дар Бишкек иштирок намуд
Тоҷикистон ва Эрон ҳамкориро дар самти мубориза бар зидди ҷиноятҳои муташаккили фаромиллӣ тақвият мебахшанд
Эмомалӣ Собирзода дар ҷаласаи Шурои вазирони мудофиаи кишварҳои аъзои Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ иштирок кард
РӮЗИ КОРМАНДОНИ МАҚОМОТИ НАЗОРАТИ МАВОДИ НАШЪАОВАР. Ба ин муносибат ҷаласаи тантанавӣ баргузор гардид
Таҳти унвони «Нақши зеҳни сунъӣ дар рушди Қувваҳои Мусаллаҳ» конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ-ҳарбӣ доир шуд
Раёсати ВКД дар вилояти Хатлон: «Таътили тобистона бояд ба давраи тарбия, донишандӯзӣ ва истироҳати солим табдил ёбад»
Юсуф Раҳмон дар Форуми байналмилалии амният ва Вохӯрии байналмилалии намояндагони воломақом иштирок намуд
РӮЗИ ҚӮШУНҲОИ САРҲАДӢ. Афсарону сарбозони ин ниҳод рисолати фарзандии худро дар назди Ватан – Модар ва халқу давлат бо сарбаландӣ адо менамоянд
Котиби Шурои амнияти Тоҷикистон дар Вохӯрии котибони шуроҳои амният дар қолаби «Осиёи Марказӣ – Русия» иштирок намуд
Юсуф Раҳмон дар ҷаласаи Кумитаи котибони шуроҳои амнияти Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ иштирок намуд
Дар Тоҷикистон нақшаи даъвати баҳорӣ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ 100 фоиз иҷро шуд
Оид ба Стратегияи пешгирии экстремизм ва терроризм дар Тоҷикистон вохӯрӣ баргузор гардид






