Дар Москва ҷаласаи IX Шӯрои ҳамкории байниминтақавӣ ва наздимарзии кишварҳои аъзои ИДМ баргузор шуд

Сентябрь 11, 2020 13:49

ДУШАНБЕ, 11.09.2020 /АМИТ «Ховар»/. 10 сентябр ҷаласаи IX Шӯрои ҳамкории байниминтақавӣ ва наздисарҳадии кишварҳои аъзои  Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ) дар шакли видеоконфронс, ки Вазорати рушди иқтисодӣ ва коҳиши сатҳи камбизоатии Ҷумҳурии Ӯзбекистон ташкил намуда буд, баргузор гардид, иттилоъ медиҳад  сомонаи расмии Кумитаи иҷроияи ИДМ. 

Дар ҷаласа намояндагони ҳамаи давлатҳои аъзои ИДМ — аъзои Шӯро: ҷумҳуриҳои Арманистон, Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон, Ӯзбекистон ва  Федератсияи Россия, инчунин Кумитаи иҷроияи ИДМ, Ассамблеяи Байнипарлумонии кишварҳои узви ИДМ ва Шӯрои сарони палатаҳои кишварҳои аъзои ИДМ ширкат варзиданд.

Иштирокчиёни ҷаласа вазъи ҳамкории байниминтақавӣ ва наздисарҳадиро дар кишварҳои аъзои ИДМ, аз ҷумла бо дарназардошти вазъи эпидемиологии вобаста ба тавсеаи уфунати коронавируси COVID-19 муҳокима карданд,  раванди иҷрои Нақшаи чорабиниҳо оид ба татбиқи марҳилаи сеюми (солҳои 2016-2020) Стратегияи рушди иқтисодии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақилро барои давраи то соли 2020 дар бахши ҳамкории байниминтақавӣ ва наздимарзӣ баррасӣ ва оид ба дигар масъалаҳои мубрам табодули афкор намуданд.

Ба муҳокимаи лоиҳаҳои Консепсияи ҳамкории байниминтақавӣ ва наздисарҳадии кишварҳои аъзои ИДМ барои давраи то соли 2030 ва Нақшаи чорабиниҳо оид ба татбиқи он, ки Консепсияи раёсати Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил барои соли 2020 пешбинӣ намудааст, таваҷҷуҳи хос дода шуд. Иштирокчиёни ҷаласа пешниҳод намуданд, ки лоиҳаҳои асноди мазкур ба баррасии ҷаласаи навбатии Шӯрои иқтисодии ИДМ ирсол шаванд.

Қарор шуд, ки ҷаласаи навбатии Шӯрои ҳамкории байниминтақавӣ ва наздимарзӣ дар Тошканд соли 2021 баргузор шавад.

Сентябрь 11, 2020 13:49

Хабарҳои дигари ин бахш

Эмомалӣ Раҳмон: «Ҳар корманди милитсия бояд бо рафтору гуфтор, дониш, самимияту эътимод сазовори боварии шаҳрвандон бошад»
Дар Роғун Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Дар Суғд Рӯзи милитсияи тоҷикро ботантана таҷлил намуданд
Дар 26 шаҳру ноҳияи Тоҷикистон шуъбаҳои Вазорати корҳои дохилӣ бо биноҳои замонавӣ таъмин шуданд
Рӯзи милитсияи тоҷик дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ботантана таҷлил гардид
10 НОЯБР — РӮЗИ МИЛИТСИЯИ ТОҶИК. Барои беҳтар намудани шароити хизмат дар мақомоти корҳои дохилӣ беш аз 1500 иншоот бунёд гардидааст
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи милитсияи тоҷик ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Котиби Шурои амнияти Тоҷикистон дар вохӯрии котибони Шуроҳои амнияти кишварҳои ИДМ иштирок намуд
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкории ҳуқуқиро тақвият медиҳанд
Дар Вазорати корҳои дохилӣ ба муносибати Рӯзи милитсияи тоҷик ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар доираи татбиқи Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба паст кардани хавфи офатҳои табиӣ тадбирҳои муҳим андешида шудаанд
Ба ифтихори Рӯзи Конститутсия дар Прокуратураи генералӣ маҷлиси тантанавӣ баргузор гардид