БА «ТОҶИКОН» МУҶАССАМА ГУЗОШТАНД. Шоҳасари Бобоҷон Ғафуров ва 700-солагии Камоли Хуҷандӣ дар санг абадӣ гардонида шуданд

Сентябрь 15, 2020 15:35

ДУШАНБЕ, 16.09.2020 /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Бӯстон  муҷассамаи шоҳасари «Тоҷикон»-и Бобоҷон Ғафуров ва рамзи 700-солагии шоири барҷастаи тоҷик Камоли Хуҷандӣ гузошта шуд.  Дар ин бора ба хабарнигори АМИТ «Ховар» Фирӯза ДАВЛАТЗОДА аз маркази матбуоти дастгоҳи Раиси шаҳри Бӯстон иттилоъ доданд.

Баландии муҷассамаи китоб бо пояи он 5 метр буда, паҳноияш 3 метрро ташкил медиҳад. Рамзи 700-солагии шоири барҷастаи тоҷик Камоли Хуҷандӣ, ки аз ҷониби Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 4 августи соли равон тасдиқ гардид, бо андозаи 4,5 х 4,5 бо ороиши хосса гузошта шуд.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёмашон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 декабри соли 2019 ба Ҳукумати мамлакат супориш дода буданд, ки бо мақсади омӯзиши амиқи таърихи пурифтихори халқи тоҷик шоҳасари Бобоҷон Ғафуров «Тоҷикон» аз ҳисоби Фонди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон чоп ва то ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ аз номи Роҳбари давлат ба ҳар оилаи мамлакат тақдим карда шавад.

Айни замон аз тарафи чопхонаи «Нашриёти муосир» чопи он оғоз шуда, нимаи дуюми моҳи сентябр тақсими он ба шаҳру ноҳияҳо шурӯъ мегардад.

Хотиррасон мешавем, ки ҳадаф аз гузоштани муҷассама ба шоҳасари академик Бобоҷон Ғафуров «Тоҷикон» ва рамзи 700-солагии шоири барҷастаи тоҷик Камоли Хуҷандӣ дар гулгашти Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон — баланд бардоштани эҳсоси худшиносию худогоҳӣ ва ифтихори ватандории сокинону меҳмонони шаҳр ва хусусан насли наврасу ҷавон мебошад. Маҳз ба ҳамин хотир чаҳор сол пеш дар шаҳри Ҳисор муҷассамаи китоби Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон «Тоҷикон дар оинаи таърих» гузошта шуда буд.

ДАР АКС: муҷассамаи китоби «Тоҷикон дар оинаи таърих» дар шаҳри Ҳисор

Китоб – сарвати бебаҳо, калиди хазинаи донишу маърифат ва омили муҳими тараққиёту пешрафти халқҳо ва кишварҳо мебошад. Аз ин ҷост, ки ба мақсади гиромидошти ин неъмати бузург дар даҳҳо шаҳрҳои олам, аз қабили Москва, Санкт-Петербург, Пекин, Берлин, Лос-Анҷелес, Барселона, Лиссабон, Оксфорд ва ғайра ба китоб ҳайкалу муҷассамаҳои ёдгорӣ гузошта шудаанд.

 

Сентябрь 15, 2020 15:35

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе намоиши дастнависҳо, нусхаҳои чопи сангӣ ва хушнависиҳои ашъори Ҳофизи Шерозӣ баргузор шуд
Мехоҳед таътили тобистонаи фарзандатон босамар гузарад? Пас ба Китобхонаи миллии Тоҷикистон биёяд
Дар шаҳри Норак 2 ёдгории бостонӣ кашф ва таҳқиқ карда шуд
Дар Душанбе дуюмин Синамоҷашнвораи байналмилалӣ «Тоҷи сомон» баргузор мегардад
Дар театри Муҳаммадҷон Қосимов намоишномаи «Ман Таҳминаам…» аз рӯи достони «Шоҳнома» пешниҳод мегардад
Бо ташаббуси Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ дар ноҳияи Ховалинг Рӯзи Ваҳдати миллӣ ҷашн гирифта шуд
Шоири халқии Тоҷикистон Камол Насрулло: «Ҳақиқат ин аст, ки Пешвои миллат ваҳдатро бунёд гузошту таҳким доду қавӣ сохт»
Дар Осорхонаи миллӣ гӯшаи доимоамалкунандаи «Ваҳдати миллӣ» ташкил гардидааст
Тамоми комёбиҳои миллат ва саодати рӯзгори мардум аз иттиҳоди миллӣ ибтидо мегирад
«ЭМОМАЛӢ РАҲМОН – МЕЪМОРИ СУЛҲУ ВАҲДАТ». Дар Вазорати фарҳанг ҳамоиши илмӣ доир гардид
Таҳти унвони «Қисса ва ҳикояҳо» китоби Абдурофеъ Рабизода нашр гардид
«ДАР МЕҲМОНИИ ДУШАНБЕ». Фестивали байналмилалии эҷодиёти бадеии кӯдакон ва наврасони ИДМ оғоз гардид