Дар «Шахтаи Фон-Яғноб» истихроҷи ангишт ба 545 ҳазор тонна расонида шуд
ДУШАНБЕ, 01.09.2020 /АМИТ «Ховар»/. Корхонаи фаръии «Шахтаи Фон-Яғноб»-и вилояти Суғд истихроҷи ангиштро ба 545 ҳазор тонна расонид, ки нисбат ба нақшаи пешбинигардида 5400 тонна зиёд мебошад.
Дар ин бора зимни ҷамъомад дар Корхонаи фаръии «Шахтаи Фон-Яғноб» -и ноҳияи Айнӣ бахшида ба Иди касбии кормандони соҳаи ангишт, ки ҳамасола якшанбеи охири моҳи август дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷашн гирифта мешавад, иттилоъ дода шуд.
Тавре аз мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, дар ҷамъомад роҳбарияти ноҳия, муовини Вазири саноат ва технологияҳои нав Содиқҷон Рустамӣ, муовини якуми Раиси вилояти Суғд Хол Ҳайдар, директори генералии Корхонаи воҳиди давлатии «Ангишти Тоҷик» Сайфиддин Аслиддинзода ва кормандони соҳаи ангишт дар ноҳияи Айнӣ иштирок доштанд.
Зикр карда шуд, ки кормандони корхона минбаъд низ аз уҳдаи вазифаҳои дар наздашон гузошта сарбаландона баромада, дар рушду нумӯи Тоҷикистони соҳибистиқлол нақши назаррас гузошта, бо дарки масъулияти баланд ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро таҷлил менамоянд.
Меҳмонон ҳамзамон аз сехи дӯзандагӣ ва маҷмааи варзишӣ дидан намуданд.
Бояд гуфт, ки бахшида ба ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ташаббуси бевоситаи роҳбарияти корхонаи фаръии «Шахтаи Фон-Яғноб» як коргоҳи дӯзандагӣ, толори варзишӣ ва майдончаи фароғатӣ бо 20 ҷойи нави корӣ ташкил карда шуда, дар арафаи Иди касбии ангиштканон мавриди истифода қарор дода шуд.
Иншооти мазкур ба тарзи замонавӣ сохта шуда, сехи дӯзандагӣ ва маҷмааи варзишӣ бо таҷҳизоти нави замонавӣ таъмин карда шудаанд.
Акс аз бойгонии АМИТ «Ховар»








Раванди татбиқи лоиҳаи «Сохтмони лӯлаи газгузари Тоҷикистон-Чин, қисмати Д» баррасӣ гардид
БАРНОМАИ РУШДИ ПАРВАРИШИ ПАВЛОВНИЯ. Дар 72,5 гектар плантатсияҳои дарахти павловния бунёд карда шуданд
Дар хоҷагиҳои пахтакори ноҳияи Рӯдакӣ ҷамъоварии пахта оғоз гардид
Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо корҳои кишоварзӣ дар шаҳри Ҳисор шинос шуд
Дар ноҳияҳои вилояти Хатлон ҷамъоварӣ ва коркарди пахта идома дорад
Бо иштироки муовини Сарвазири Тоҷикистон дар Шаҳринав ҷамъоварии пахта оғоз гардид
Дар Минск ҳамкории мақомоти дахлдори Тоҷикистон ва Русия дар самти муқовимат ба коррупсия баррасӣ шуд
Парвозҳои ҳавоӣ байни Душанбе ва Давҳа барқарор мегарданд
Дар Душанбе Конфронси панҷуми байналмилалии роҳдории Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Дар Панҷакент коргоҳи коркарди қуму шағал ва истеҳсоли бетон ба истифода дода шуд
Ҷаласаи навбатии Комиссияи байниидоравӣ оид ба таъмини бехатарии авиатсионӣ баргузор шуд
Намояндагони «Тоҷикаэронавигатсия» бо раванди таҳсили донишҷӯёни тоҷик дар Академияи давлатии авиатсияи Беларус шинос гардиданд






