Дар Тоҷикобод ҷиҳати сафарбарнамоии ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ ҳамоиши тарғиботӣ гузаронида шуд
ДУШАНБЕ, 24.09.2020 /АМИТ «Ховар»/. 23 сентябр дар ноҳияи Тоҷикобод барои сафарбарнамоии ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди Парчам ва Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳия ҳамоиши тарғиботию омодагӣ ва ҳамзамон дар бинои фарҳанг мулоқоти роҳбарони ноҳия бо ҷавонони синни даъватии солҳои таваллуди 1994-2003 доир гардид. Дар ин бора хабарнигори АМИТ «Ховар» бо истинод ба маркази матбуоти раиси ноҳияи Тоҷикобод иттилоъ медиҳад.
Раиси ноҳияи Тоҷикобод Қадриддин Фақерзода зикр намуд, ки «хизмат ба Ватан қарзи шаҳрвандии ҳар фарди Тоҷикистон маҳсуб ёфта, ҳифзи марзу бум барои ҷавонон вазифаи муқаддас аст. Ҷавонон бояд ин муқаддасотро мисли гавҳараки чашм нигоҳ доранду барои ҳифзаш ҳамеша омода бошанд».
Мавсуф иброз дошт, ки имрӯзҳо ҷавонони ноҳия дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сари баланд адои хизмат менамоянд. Ин аст, ки аксари онҳо сазовори ҳурмату эҳтироми баланд гардида, бо медал ва Раҳматномаи Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон мукофотонида шудаанд.
Инчунин ба ҳамаи падарону модарон, роҳбарони муассисаҳои таълимӣ, ки чунин фарзандони боғуруру ватандӯстро бо меҳру муҳаббати самимӣ тарбия намудаанд ва онҳо имрӯз бо амри дил барои хизмати Ватан-Модар ҳозир гаштаанд, аз номи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия миннатдорӣ баён гардид.
Зикр шуд, ки аз ҷониби роҳбарони ноҳия барои дастгирии ҳамаҷонибаи ҷавонон ҷиҳати дар оянда ба касбомӯзӣ фаро гирифтани онҳо замина фароҳам оварда шудааст. Зимни ҳамоиш ба ҷавонон барои ба Комиссариати ҳарбӣ ҳозир шудану ихтиёран азми хизмат карданашон ифтихорномаҳо тақдим гардиданд.
Ҷавонон дар навбати худ ваъда доданд, ки хизмати Модар –Ватанро софдилонаю поквиҷдонона адо менамоянд.
Сипас ҷавонони даъватшуда аз муоинаи тиббӣ гузашта, шахсони солим барои дар рӯзи аввали даъват ҳозир шудан ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи ҷумҳурӣ номнавис гардиданд.
Ёдовар мешавем, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон соле ду маротиба маъракаи даъвати ҷавонписарони синни даъватӣ ба сафи Қувваҳои мусаллаҳ доир мегардад. Имрӯзҳо дар шаҳру ноҳияҳо барои давраи даъвати тирамоҳӣ корҳои тарғиботиву ташвиқотӣ ҷараён доранд.








ИҶЛОСИЯИ XVI – ЗАМИНАИ ТАЪРИХИИ ТАҲКИМИ ДАВЛАТДОРӢ, ҚОНУНИЯТ ВА АДОЛАТИ СУДӢ. Андешаҳо дар ин маврид
Дар Норак осоишгоҳи Вазорати корҳои дохилӣ ифтитоҳ гардид
АЗ НАСБИ ПАНЕЛҲОИ ОФТОБӢ ТО ЗАХИРАИ СӮЗИШВОРӢ. Муассисаҳои тандурустии Тоҷикистон ба зимистони солҳои 2026–2027 омода мебошанд
Дар Бохтар бахшида ба Иҷлосияи XVI Шурои Олӣ конференсияи ҳизбӣ баргузор шуд
Дар Душанбе Форуми байналмилалии тандурустӣ-2026 баргузор гардид
Ташаббусҳои Тоҷикистон дар соҳаи зеҳни сунъӣ дар Шанхай муаррифӣ карда шуданд
Дар ноҳияи Ёвон бахшида ба Рӯзи Президент ҳамоиши сиёсӣ-фарҳангӣ доир гардид
Ба муносибати 35-солагии муносибатҳои дипломатии Тоҷикистону Чин конфронси байналмилалӣ доир шуд
Дар Тоҷикистон рақамикунонии низоми нафақа тақвият меёбад
Дар Кӯлоб бахшида ба Рӯзи Президент конференсияи илмӣ-амалӣ баргузор шуд
Муовини Сарвазири Тоҷикистон ба ифтихори Рӯзи Президент дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳафтаи ҷашниро ифтитоҳ намуд
ПРЕЗИДЕНТ — РАМЗИ ВАҲДАТ, СУБОТ ВА ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Фирдавсӣ ҳамоиши сиёсиву фарҳангӣ баргузор шуд






