Дар Ёвон ҳамоиши ҷавононе, ки ихтиёрӣ азми хизмат ба Ватан кардаанд, доир гардид
ЁВОН, 25.09.2020. /АМИТ «Ховар»/. Дар саҳни Кохи фарҳанги ноҳияи Ёвон бо иштироки 140 нафар ҷавононе, ки ихтиёран ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон пайвастан мехоҳанд, таҳти унвони «Хизмат ба Ватан шараф аст!» ҳамоиши калони тарғиботӣ-маърифатӣ доир гардид. Дар он инчунин донишҷӯёни коллеҷҳои тиббӣ ва технологӣ-фармасевтӣ, литсейҳои касбии техникӣ, хонандагони синфҳои болоии муассисаҳои таҳсилоти умумӣ, падару модарон ва сокинони ноҳия иштирок намуданд. Дар ин бора аз шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи ноҳияи Ёвон ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд.
Дар ҳамоиш ҷавонони фаъол иброз намуданд, ки “Ватан макони поку муқаддасест, ки моро дар оғӯши гарму пурмеҳраш ба воя мерасонад ва мо дар фазои орому осудаи он хотирҷамъона кору зиндагӣ мекунем. Аз ин рӯ моро зарур аст, ки ба Ватани худ содиқ бимонем ва муҳофизати онро барои худ шаъну шараф бидонем”.
Имсол бо саҳми мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ёвон қариб 200 нафар ҷавонон пеш аз хизмати ҳарбӣ дар курсҳои кӯтоҳмуддати назди Ташкилоти ҷамъиятии мададгори мудофиа ва шуъбаи шуғли аҳолии ноҳия таҳсил намуда, соҳибкасб шуда истодаанд. Чунин ташаббускорӣ сабаб гардидааст, ки имсол шумораи онҳое, ки бо хоҳиши худ ба сафи Артиши миллӣ шомил шудан мехоҳанд, нисбат ба солҳои пешин ба маротиб афзоиш ёбад.
Зимни ҳамоиш раиси Шӯрои собиқадорони ҷанг ва меҳнати ноҳия Қутбиддин Сафархолов, собиқадори соҳаи мудофиа Насрулло Содиқов, сарбозони қисми низомии 6593, даъватшавандаҳо ва ҷавонони фаъоли ноҳия сухан гуфта, хизмат ба Ватанро барои ҳар ҷавон мояи шараф ва ифтихори беандоза маънидод карданд.








Дар Рашт бинои нави шуъбаи Хадамоти давлатии оташнишонӣ ба истифода дода шуд
Дар фурудгоҳҳои байналмилалии Тоҷикистон бо шаҳрвандон корҳои иттилоотию фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуданд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи тандурустӣ густариш меёбад
ОГОҲӢ. То 13 ноябр дар Тоҷикистон ҳавои номусоид пешгӯӣ мешавад
Татбиқи лоиҳаи «Барқарорсозии зерсистемаи системаи ВМК-и канали Қумсангир» ба 95 фоиз расид
ЗИМИСТОНГУЗАРОНӢ. Дар Сангвор ситоди ноҳиявӣ оид ба омодагии пурра ба фаслҳои тирамоҳу зимистон таъсис ёфтааст
Дар Москва конгресси 5-уми миллӣ дар соҳаи тиб доир гардид
Дар Ҳисор бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон конференсия доир шуд
Оид ба Конститутсия ва ҷойгоҳи он дар танзими муносибатҳои идоракунии давлатӣ ҳамоиши ҷумҳуриявӣ доир шуд
«КОНСТИТУТСИЯ-КАФИЛИ АДОЛАТИ СУДӢ». Дар Суди Олии иқтисодии Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
Муассисаи «Шабакаи гармидиҳии шаҳри Душанбе»: «Муштариён метавонанд барои ҳалли мушкилот ба рақами кӯтоҳи 14-44 занг зананд»
Доир ба саҳми академик Муҳаммадҷони Шакурӣ дар рушди илму адаб конференсияи илмӣ баргузор шуд






