ФУТБОЛ. Дастаи «Равшан» бар дастаи «Истиқлол» бо ҳисоби калон ғолиб омад

Сентябрь 14, 2020 09:30

ДУШАНБЕ, 14.09.2020. /АМИТ «Ховар»/. Дирӯз дар варзишгоҳи марказии шаҳри Кӯлоб бозии  даври 1/4 — ниҳоии Ҷоми Тоҷикистон байни дастаҳои  футболи «Равшан»- и шаҳри Кӯлоб ва «Истиқлол»-и шаҳри Душанбе дар сатҳи  баланд баргузор гаридида, ба нафъи мизбонон ба анҷом расид. Дар ин бора мухбири АМИТ «Ховар» Меҳрони Қурбон бо истинод ба Федератсияи футболи Тоҷикистон иттилоъ медиҳад.

Дар дақиқаҳои аввали бозӣ бозингарони дастаи футболи  «Равшан»-и шаҳри Кӯлоб афзалиятро ба даст гирифта, бо голи задаи Ҳасан Рустамов ба пеш  баромаданд. Бо гузаштани 30 дақиқа лигионери дастаи «Истиқлол»  Марко Милич натиҷаро мусовӣ кард. Бо ҳисоби мусовӣ дастаҳо ба танаффус рафтанд. Дар қисми дуюми бозӣ, аниқтараш дар дақиқаи 60- ум Рустам Соиров дастаи футболи «Истиқлол»-и шаҳри Душанберо ба пеш баровард. Ҳасан Рустамов дар дақиқаҳои иловагӣ дастаи «Равшан»- ро аз бохт наҷот дод. Вақти асосии бозӣ мусовӣ ба анҷом расид. Довар қисми иловагӣ таъйин кард.

Дар қисми иловагии бозӣ дастаи  «Равшан» пурра афзалиятро ба даст гирифта, дар дақиқаи 93-юм Наврӯз Рустамов ҳисобро 3-2 ба нафъи дастааш кард. Бозингарони шаҳри Кӯлоб бо ин гол қаноат накарда, дар дақиқаи 111- ум бо голи задаи Абдураҳмон Нозимов ғалабаи дастаашонро пурра таъмин карданд.

Ёдовар мешавем, ки дастаи футболи  «Равшан»- и шаҳри Кӯлоб роҳи хешро ба даври нимниҳоии Ҷоми Тоҷикистон рӯшан кард. Дастаи футболи  «Истиқлол»-и шаҳари  Душпанбе аз идомаи мусобиқа маҳрум шуд.

Ҷоми Тоҷикистон-2020

Даври ¼- ниҳоӣ

«Равшан» (Кӯлоб) – «Истиқлол» – 4:2

Голҳо: Ҳасан Рустамов, 8 (1:0). Марко Милич, 38 (1:1). Рустам Соиров, 60 (1:2). Ҳасан Рустамов, 90+2 (2:2). Наврӯз Рустамов, 91 (3:2). Абдураҳмон Нозимов, 111 (4:2).

Сентябрь 14, 2020 09:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футзал бозии дӯстонаи дуюмро бо Узбекистон мусовӣ анҷом дод
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар оғози Мусобиқаи «Рanda Сup-2026» бо Кореяи Ҷанубӣ ҳисоби бозиро мусовӣ кард
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон омодагӣ ба мусобиқаи «Кing’s Сup 2026»-ро оғоз кард
Паҳлавонони тоҷик аз Чемпионати ҷаҳон оид ба самбо бо шаш медали ифтихорӣ бармегарданд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Кот-д’Ивуар мусовӣ бозӣ намуд
Президенти Кумитаи миллии паралимпии Тоҷикистон дар ҷаласаи Кумитаи байналмилалии паралимпӣ иштирок намуд
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бозии дӯстонаи якумро бо дастаи Узбекистон анҷом дод
Ҷоми Осиё-2027 оид ба футбол аз моҳи декабри соли 2027 то январи 2028 доир мешавад
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои иштирок дар Мусобиқаи «Кing’s Сup-2026» муайян шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Дубай се бозии дӯстона анҷом медиҳад
БАРНОМАИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ТОҶИКИСТОН. Беш аз 15 ҳазор наврасон ба тамрини футбол фаро гирифта шуданд
Шурои мураббиёни ФФТ натиҷаи фаъолияти дастаҳоро ҷамъбаст ва нақшаҳои соли 2027-ро баррасӣ намуд