Давлати Қатар бо мақсади мубориза бар зидди COVID-19 ба Тоҷикистон дастгоҳҳои тиббӣ тақдим намуд
ДУШАНБЕ, 04.09.2020 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон маросими супоридани кумаки башардӯстонаи тиббӣ аз ҷониби Давлати Қатар доир гардид. Кумакҳои башардӯстона бо мақсади мубориза бар зидди бемории COVID-19 равона шуда, аз дастгоҳҳои вокуниши занҷиравии полимеразӣ, ки маблағи умумиашон 250 ҳазор доллари ИМА-ро дар бар мегирад, иборат мебошанд.
Зимни супоридани кумакҳо Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода аз таърихи муносибатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Давлати Қатар сухан карда, иброз намуд, ки муносибатҳои ду давлат аз сафари расмии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз соли 2000 ба ин давлат ибтидо мегиранд. То имрӯз байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Давлати Қатар якчанд ҳуҷҷатҳои меъёрию ҳуқуқӣ ба имзо расида, барои мустаҳқам намудани муносибатҳои мутақобилан судманди ду давлат заминаи мустаҳкам фароҳам овардаанд.
«Давлати Қатар дар расонидани кумак ба муҳтоҷону ниёзмандон ва зарардидагони офатҳои табиӣ дар ҷаҳон нақши фаъол дошта, соҳаи тандурустӣ ва амнияти ҷомеаи шаҳрвандиро дар мадди аввал қарор додааст. Ин аст, ки аз ибтидои пайдоиши COVID-19 захира ва имкониятҳои хешро баҳри пешгирӣ аз паҳншавии ин вабо равона менамояд. Ин ҷо бо боварӣ метавон гуфт, ки кумакҳои башардӯстонаи мазкур тибқи риояи муқаррароти беҳдоштӣ қабул ва ба муассисаҳои тиббии мамлакат, ки дар онҳо беморони гирифтори коронавирус табобат мегиранду ба ин гуна таҷҳизот ниёз доранд, расонида мешаванд»,- гуфт Ҷамолиддин Абдуллозода.
Ҳамчунин Сафири Давлати Қатар дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Иброҳим Муҳаммад Ал-Абдуллоҳ доир ба ҳамкории ду давлати бо ҳам дӯст сухан карда, зикр намуд, ки кумакҳои мазкур дар асоси дастуру супоришҳои Амири Давлати Қатар баҳри пешгирии бемории COVID-19 ва дастгирии Ҳукумат ва мардум ба Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон тақдим мегарданд.
«Имрӯз бемории COVID-19 дар тамоми давлатҳо паҳн гардидааст ва давлати мо низ аз таъсири он дар амон нест. Аз ин рӯ бо азму ирода ва талошҳои нек кумаки Давлати Қатарро ба Ҷумҳурии Тоҷикистон мерасонем, то аз ин вазъият берун ояд. Мо бо тамоми кишварҳо танҳо орзуи онро дорем, ки дар як саф паҳлӯи ҳам истода, бар зидди ин беморӣ мубориза барем»,- афзуд Сафири Давлати Қатар дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Иброҳим Муҳаммад Ал-Абдуллоҳ.
Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода аз номи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва роҳбарияти вазорат ҷиҳати расонидани кумак баҳри мубориза бар зидди бемории COVID-19 ба Давлати Қатар изҳори миннатдорӣ намуд.
Ҷонибҳо ҷиҳати боз ҳам густариш додани ҳамкорӣ дар соҳаи тандурустӣ ҳавасмандии хешро иброз намуданд.










Дар ҷаласаи Шурои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон механизмҳои нави ҳимояи ҳуқуқи муҳоҷирони меҳнатӣ баррасӣ гардид
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд ҳамоиш доир шуд
Дар ноҳияи Данғара нақшаи ҷамъоварии пахта 100 фоиз иҷро гардид
Дар ноҳияи Деваштич иншооти гуногуни иҷтимоӣ ба истифода дода шуданд
Дар Академияи идоракунии давлатӣ оид ба нақши Конститутсия дар таъмини баробарии гендерӣ ҳамоиш доир шуд
Дар роҳи Душанбе–Чаноқ хатҳои уфуқӣ аз нав кашида мешаванд
Дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе кӯдакистони «Парасту» ифтитоҳ гардид
Дар Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон доир ба зеҳни сунъӣ ва тандурустии рақамӣ конференсия доир гардид
Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар оид ба истифодаи усулҳои гармофизикӣ конференсияи байналмилалӣ баргузор гардид
САЛОМАТИИ ҶОМЕА — САРВАТИ МИЛЛАТ. Истифодаи никотин ба рушди майна ва қобилияти омӯзиш таъсири манфӣ расонад
Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи 76-уми Кумитаи минтақавии аврупоии Созмони ҷаҳонии тандурустӣ иштирок намуд
Форуми дувоздаҳуми миллӣ оид ба волоияти қонун дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид






