ГЕСӮИ ДАРОЗ — НИМИ ҲУСН. Имрӯз Рӯзи байналмилалии зебоӣ низ таҷлил карда мешавад

Сентябрь 9, 2020 09:58

ДУШАНБЕ, 09.09.2020 /АМИТ «Ховар»/. 9 сентябр  Рӯзи байналмилалии зебоӣ (International Beauty Day) низ таҷлил карда мешавад. Ин ид аз соли 1995 бо ташаббуси Кумитаи байналмилалии эстетика ва косметология CIDESCO (Comité International D’Esthétique Et De Cosmétologie)   ба вуҷуд омадааст. Аввалин озмуни зебоиҳои ҷаҳон моҳи сентябри соли 1888 дар шаҳри курортии Спаи Белгия баргузор гардид. Боз як озмуни бонуфузи “Miss World” моҳи апрели соли 1951 баргузор шуда буд. Аз ҳамон солҳо то замони пандемия озмунҳои зебоӣ дар тамоми ҷаҳон гузаронида мешуданд.

Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки узви комилҳуқуқи ҷомеаи ҷаҳонист, дар замони соҳибистиқлолӣ бо дастгирии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон анъанаҳои мардумӣ, ба монанди мӯйбофӣ, оинабинон, рӯйбинон, оростани мӯй бо тарзи миллӣ аз нав эҳё шуданд, ки ҳамаи ин арҷгузорӣ ба мероси аҷдодии мост. Дарвоқеъ, бо ин гуна мероси бои аҷдодӣ занону бонувони зебои тоҷик бо оро додани рӯю мӯй ва пӯшидани либосҳои зебои тоҷикона дар озмунҳову фестивалҳои гуногуни зебоӣ иштирок намуда, Тоҷикистонро дар дохил ва хориҷи мамлакат муаррифӣ намуданд.

Ногуфта намонад, ки зани тоҷик аз замони пеш бо мӯйи дарозу ҳусну ҷамоли худ ном бароварда буд. Агар  ба таърих назар афканем, Малика Томирис, Рухшона, Гурдофарид, Шаҳзодаи тоҷбарсарро, ки ҳама духтарони зебосанам буданд, ба хотир овардан мумкин аст. Ҳамаи ин занон тибқи ривоятҳо ва сарчашмаҳои таърихӣ мӯйи сари дароз доштаанд. Имрӯзҳо низ кам нестанд бонувони ҳунарманду номдори тоҷик,   ки бо гесувони дарозашон байни ҳамагон шуҳрат пайдо намудаанд.

Дар замони ҳозира модарон  тарзи нигоҳубини мӯй, ҷамолакбандию майдабофӣ, кокул, пилтатобӣ, пилтатобии бадахшӣ, пӯпак ва дигар намуди ороишро ба духтарони худ меомӯзанд. Алҳол дар шаҳру деҳот дароз кардану бофтани мӯй дар байни занону бонувон  чун  анъанаи хос маъмул гардида, ташаккулу такомул ёфта истодааст.

сокини ноҳияи Муъминободи вилояти Хатлон мебошад, ки бо гесувони дароз дар байни ҳамдеҳагонаш ном баровардааст. Номбурда муаллимаи фанни забону адабиёти тоҷик аст ва дар мактаби №13-и деҳаи Момандиёни ноҳияи Муъминобод ба толибилмон дарс мегӯяд. Номбурда дар суҳбат бо мо гуфт, ки солҳо боз гесувони дарозашро парвариш мекунад ва ёд надорад, ки боре ҳам мӯяшро бурида бошад.

-Ман аз хурдсолӣ мӯямро набурида будам ва то ба имрӯз онро хуб нигоҳубин мекунам.  Ҳеҷ гоҳ дар андешаи он набудам, ки мӯйҳоямро бурам. Зани тоҷик аз аввал бо гесувони шабрангу дароз дар адабиёту китобҳо тасвир ёфтааст, аз  ин рӯ мо, ҳамагон бояд ин анъанаи аҷдодиамонро пос дорем ва ба ояндагон низ расонем,-иброз намуд ҳамсуҳбати мо.

Тавре дар ин маврид Шоири халқии Тоҷиткитстон устод Боқӣ Раҳимзода беҳуда нагуфтааст:

Илтиҷо дорам, ки мӯятро мабур,
Кокулони  мушкбӯятро мабур.

Ҳамсуҳбати дигари мо Давлатпочо Вазирова иброз менамояд, ки мӯйи дарозро ними ҳусни зан мегӯянд, аз ин рӯ мӯйи сари зан бояд дароз бошад. Давлатпочо зодаи ноҳияи Дарвоз ва  айни ҳол сокини шаҳри Душанбе мебошад.

Ӯ мегӯяд: «Дар шароити  кӯҳистон, вақте модарам мӯямро мешуст ё шона мекард, гиря мекардам, зеро хеле монда мешудам ва илтимос мекардам, ки мӯямро бурад, вале падарам таъкид мекарданд, ки мӯи духтар бояд дароз бошад. Ин суханони волидон дар гӯшам ҳамеша  садо медоданд ва дигар ҳаргиз нияти буридани мӯямро накардам. Маҳз ҳамин мӯйи сарам буд, ки ду бор дар озмуни “Чакомаи гесӯ” иштирок намуда, соҳиби ҷойҳои ифтихорӣ гардидам».

Давлатпочо мегӯяд, ки ҳарчанд имрӯзҳо барои шустану нигоҳубини мӯйҳо маҳлулҳои зиёд баромадаанд, аммо ӯ аз онҳо истифода намебарад.

Вай ба духтарони тоҷик тавсия медиҳад, ки мӯяшонро дароз нигоҳ доранд, зеро мӯйи дароз зеби духтари тоҷик аст.

 

 

София ШОИК,
АМИТ «Ховар»

Сентябрь 9, 2020 09:58

Хабарҳои дигари ин бахш

«ДОСТОНИ ХУДШИНОСӢ». Китоби нави Шоири халқии Тоҷикистон Давлат Сафар рӯнамоӣ гардид
Пагоҳ Душанбе мизбони Бозиҳои XX Делфии ҷавонони кишварҳои аъзои ИДМ мегардад
Даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» оғоз гардид
ЗАБОН–САДОИ ХОТИРАИ МИЛЛАТ. Мулоҳизаҳои академик Фарҳод Раҳимӣ ба ифтихори Рӯзи забони давлатӣ
Президенти Тоҷикистон: «Мутахассисони соҳа бояд, ки истилоҳоти дурусту фаҳмо ва мувофиқ ба мазмуну муҳтавои соҳаҳои гуногунро барои истифода пешниҳод намоянд»
ЗАБОНИ МОДАРИИ МО—ЗАБОНИ ШИРИНУ ШЕВО ВА ШОИРОНАИ ТОҶИКӢ! Иқтибосҳо аз суханрониҳои Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
«ҶАҲОНИ РАССОМ». Дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон намоиши асарҳои Дӯст Азизов ташкил гардид
Дар Душанбе Рӯзҳои синамои Қирғизистон доир мегарданд
Дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон барои омӯзгорон сайри идонаи осорхонавӣ ташкил гардид
«НАМАКДОНИ МИЛЛАТ КАФИ ДАСТИ ӮСТ!». Таҳти чунин унвон китоби Давлат Сафар рӯнамоӣ гардид
ЗАБОН ВА 35 СОЛИ ИСТИҚЛОЛ. Бахшида ба Рӯзи забони давлатӣ конференсияи илмӣ-амалии ҷумҳуриявӣ доир шуд
Барои Сарвазири Тотористон ва ҳамроҳонаш сайри осорхонавӣ ташкил гардид