Ифтитоҳи намоишгоҳ дар Кумитаи иҷроияи ИДМ дар Минск ба ифтихори Рӯзи Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон
ДУШАНБЕ, 10.09.2020 /АМИТ «Ховар»/. Дар Кумитаи иҷроияи ИДМ дар Минск ба ифтихори Рӯзи Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон намоишгоҳ ифтитоҳ ёфт. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба хадамоти матбуоти Кумитаи иҷроияи ИДМ хабар медиҳад.
Дар намоишгоҳ китобҳо, албомҳо ва аксҳое, ки дар бораи таърихи пурғановат, манзараҳои зебои мамлакат, фарҳанги асили мардуми тоҷик, ҳунарҳои мардумӣ ва фолклорӣ ривоят мекунанд, ба намоиш гузошта шудаанд. Қисми зиёди нашрияҳо ба иқтисодиёти Тоҷикистон, сиёсати хориҷӣ ва фаъолияти он дар доираи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил бахшида шудаанд.
Дар намоишгоҳ инчунин наворҳо дар бораи зиндагии имрӯзаи мамлакат, дастовардҳои халқи тоҷик дар давраи соҳибистиқлолӣ ва ҷойҳои дидании Тоҷикистон намоиш дода мешаванд.
Намоишгоҳ бо мусоидати Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Беларус ва Китобхонаи Президентии Ҷумҳурии Беларус омода шудааст.














ПАРЧАМИ НАНГУ НОМИ МО. Аз барафрохтани Парчами давлатии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе 14 сол сипарӣ гардид
Пешвои миллат: «Таҳти ин парчами муқаддас 35-солагии истиқлоли давлатиро бо дастовардҳои назаррас истиқбол намоем»
Аввалин Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ёдгории нодир аст. Эҳдо ба Рӯзи Парчами давлатӣ
Президенти Тоҷикистон: «Дар зери Парчами давлатиямон боз ҳам бештар муттаҳид бошем!»
Нақши Президенти Тоҷикистон дар бунёди низоми муосири идоракунии давлатӣ назаррас аст
САҲМИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН ДАР ТАКМИЛИ ФОНДИ ОСОРХОНАИ МИЛЛӢ БУЗУРГ АСТ. Эҳдо ба Рӯзи Президент
Директори Агентии «Тоҷикстандарт»: Садоқат ба Президент, садоқат ба Ватан аст!
ПЕШВОИ РАЪИЯТПАРВАРИ МИЛЛАТ. Эҳдо ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
ПАДИДАИ ПЕШВО ДАР ТОҶИКИСТОН-АКСИ САДОИ ТАЪРИХ БА НИЁЗҲОИ СИЁСИИ МИЛЛАТИ ТОҶИК. Ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон бахшида мешавад
Эмомалӣ Раҳмон -таҳкимбахши Истиқлолияти давлатӣ ва Пешвои ваҳдатофар
Дар Осорхонаи миллӣ ба ифтихори Рӯзи Президент Рӯзи дарҳои кушод гузаронида мешавад
ҲАР РӮЗИ ФАЪОЛИЯТИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ТАЪРИХСОЗИСТ. Андешаҳои академик Фарҳод Раҳимӣ бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон






