ИНТИХОБОТИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН-2020. Дар кишвар 10 ҳазор нафар волонтёрон барои расонидани хизмат дар ин маъракаи муҳими сиёсӣ ҷалб карда шудаанд

Сентябрь 18, 2020 16:25

ДУШАНБЕ, 18.09.2020 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо Комиссияи маркази интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади омода намудан ва дар сатҳи баланд баргузор гардидани интихоботи навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки 11 октябри соли 2020 таъйин гардидааст, барои волонтёрони забондон семинари омӯзишӣ баргузор намуд.

Мухбири АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, ки дар семинар  150 нафар волонтёрон аз ҳисоби донишҷӯёни фаъоли донишгоҳу донишкадаҳои олии мамлакат иштирок намуданд.

Бояд гуфт, ки интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун раванди муҳими сиёсӣ ҷалб ва кумаки неруҳои гуногунро тақозо менамояд, ки фаъолияти волонтёрӣ дар  он мақоми махсус дорад. Дар Ҷумҳурии  Тоҷикистон фаолияти волонтёрӣ  тавассути Қонуни Ҷумҳурии   Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти волонтёрӣ» танзим карда мешавад.

Муовини раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Дилноза Аҳмадзода иброз дошт, ки  “имрӯз дар ҷумҳурӣ фаъолияти волонтёрӣ хуб ба роҳ монда шуда, онҳо дар баргузории ҷамъомадҳои сиёсӣ, фарҳангиву фароғатӣ, илмӣ-маърифатӣ, варзишӣ-оммавӣ ва барномаҳои сатҳи байналмилалӣ фаъолона ширкат варзида, саҳми худро дар пешрафти мамлакат   мегузоранд. Волонтёрон шахсоне мебошанд, ки ройгон ба фоидаи ҷомеа кор карда, барои кори кардаи худ подош талаб намекунанд. Онҳо мехоҳанд ба одамон кумак расонида, ҷомеаи худро нигоҳ доранд ва  худро узви хуби ҷомеа эҳсос кунанд».

Номбурда афзуд, ки дар умум 10 ҳазор нафар волонтёрон дар тамоми шаҳру навоҳии мамлакат барои   расонидани хизмат дар маъракаи муҳими сиёсӣ  ҷалб карда шудаанд ва аз ин теъдод танҳо 250 нафар волонтёроне, ки донандаи хуби забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ мебошанд, барои мушоҳидони байналмилалӣ  ҳамчун роҳбалад хизмат менамоянд.

Коршиноси КМИР ҶТ Азимҷон Ҷӯраев зикр кард, ки  Комиссияи маркази интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар раванди омодагӣ ба баргузории «Интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон -2020» ҳамчун мақоми давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон  аз хизматрасонии волонтёрон дар самтҳои гуногун, аз ҷумла барӯйхатгирии интихобкунандагон, тақсимоти маводи иттилоотӣ, мусоидат дар баргузории суҳбату вохӯриҳо бо мақсади баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии аҳолӣ, иттилоотонии интихобкунандагон бо қонунгузории мамлакат дар бораи интихобот, ҳамроҳӣ намудани мушоҳидони байналмилалӣ, кумак расонидан дар участкаҳои интихоботӣ ба пиронсолон ва шахсони имконияташон маҳдуд ба таври васеъ истифода мебарад.

Дар охири семинар ба волонтёрон китобчаи «Роҳнамо барои волонтёрон дар интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон», ки аз ҷониби Кумитаи кор бо ҷавонон ва КМИР ба нашр расидааст, дода шуд.

Сентябрь 18, 2020 16:25

Хабарҳои дигари ин бахш

Бо саҳми соҳибкорон ва шахсони саховатпеша дар Суғд 5 ҳазору 500 километр роҳҳои маҳаллӣ таъмиру навсозӣ карда шуданд
ПУРСИДЕД, ҶАВОБ МЕДИҲЕМ. Ҳангоми интиқоли маблағ ба кортҳои шахсони ношинос ба чӣ бояд диққат дод?
Дар Алмато платформаи миллии рақамии тандурустии Тоҷикистон муаррифӣ гардид
«ИСТИҚЛОЛ — ГАНҶИ МИЛЛАТ, БАҚОИ ДАВЛАТ». Бо чунин унвон дар шаҳри Хуҷанд ҳамоиши ҷумҳуриявӣ доир шуд
Оид ба дурнамои дӯстӣ ва шарикии стратегии Тоҷикистону Туркманистон конфронси байналмилалӣ доир гардид
Мавзеи Аксикони ноҳияи Ашт бо кӯли дорои лойи табиии шифобахш ва табиати нотакрор маъруф аст
Мактаб, оила ва ҷомеа — се неруе, ки бояд иттиҳоди ҳамешагӣ дошта бошанд
20 СЕНТЯБР — РӮЗИ ҶАҲОНИИ ТОЗАГӢ. Маданияти шаҳрнишиниро риоя бояд кард!
Ҷавонони Тоҷикистон дар Фестивали байналмилалии ҷавонон-2026 дар Екатеринбург иштирок намуданд
Дар Душанбе «Стратегияи ҳифзи саломатии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» баррасӣ шуд
Дар Тоҷикистон Озмуни ҷумҳуриявии «Табиби сол – 2026» ҷамъбаст гардид
Байни Агентии хизмати давлатии Тоҷикистон ва Вазорати идоракунии ҳайати Ҷумҳурии Корея Ёддошти тафоҳум ба имзо расид