ҒИЗОИ МАКТАБИИ ТОҶИКИСТОН БЕҲТАРИН ДАР ҶАҲОН ЭЪТИРОФ ШУД! Россия ва БУО оид ба маблағгузории ин система дар ҷумҳурии мо Ёддошти тафоҳум имзо намуданд

Сентябрь 30, 2020 08:43

ДУШАНБЕ, 30.09.2020 /АМИТ «Ховар»/. Россия ва Барномаи Умумиҷаҳонии Озуқавории (БУО) СММ Ёддошти тафоҳумро дар бораи тартиби интиқол ва масрафи маблағҳои мақсадноки ихтиёрии Россия барои рушди системаи устувори ғизои мактабӣ  дар Тоҷикистон дар ҳаҷми 11,2 миллион доллар дар солҳои 2020-2023 имзо намуданд. Тавре АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, ВКХ Россия дар ин бора 29 сентябр иттилоъ додааст.

Дар хабари ВКХ ФР зикр шудааст, ки 24 сентябр Намояндаи доимии Федератсияи Россия дар Ташкилоти озуқаворӣ ва кишоварзии (ТОК) СММ ва дигар созмонҳои байналмилалӣ дар Рим В. Василйев ва Директори Департаменти БУО СММ оид ба масъалаҳои шарикӣ ва сафарбаркунии захираҳо К. Маненте Меморандум оид ба рушди босуботи системаи ғизо дар мактабҳои Тоҷикистонро (11,2 миллион доллари ИМА) дар солҳои 2020-2023 имзо карданд.

Ёддошти тафоҳум маблағгузории татбиқи марҳилаи 3-юми лоиҳаи БУО -ро дар мавриди ғизои мактабӣ дар Тоҷикистон танзим ва зиёда аз 500 ҳазор хонандагони синфҳои ибтидоиро фаро мегирад.

Тавре ки қаблан АМИТ Ховар бо истинод ба Бунёди Томсон Ройтерс хабар дода буд, Китоби номгӯйи ғизои нисфирӯзии мактаббачагони Тоҷикистон, ки аз ҷониби БУО -и СММ  навишта шудааст, соли 2017 дар ҷаҳон беҳтарин эътироф шудааст. Дар 200 саҳифаи китоб дар бораи тарзи таҳияи 127 таоми суннатии тоҷикӣ, ки аз маҳсулоти дастрас ва арзон таҳия мешаванд, маълумот дода шудааст.

Китоби пухту паз дар раддабандии ҷоизаи бонуфузи байналмилалии Gourmand World Cookbook — ҳамсони Оскар дар ҷаҳони китобҳо оид ба ошпазӣ сазовори баҳои баланд шудааст. Маросими ҷоизасупорӣ дар Янтайи Чин баргузор шуд. Дар ин озмун намояндагони беш аз 200 кишвари ҷаҳон ширкат намуданд.

Илова бар ин, Китоби номгӯйи ғизоҳои нисфирӯзии мактаббачагони Тоҷикистон дар категорияи “Амнияти озуқаворӣ” сазовори ҷои аввал ва инчунин ҷоизаи махсуси ҳакамони озмун гардид.

Китоби мазкур соли 2016 дар ҳамкорӣ бо вазоратҳои тандурустӣ ва маорифи Тоҷикистон ва инчунин Пажӯҳишгоҳи саноатии ғизоии Россия нашр шуда буд.

«Ин эътирофи муҳим ва дастоварди барҷастаи БУО дар Тоҷикистон мебошад. Умедворем ин китоб, ки дорои маълумот дар бораи ғизоҳои солим мебошад, ба рушди босуботи системаи ғизои мактабӣ дар Тоҷикистон мусоидат хоҳад кард», — гуфта буд Паоло Маттей, директори вақти БУО дар Тоҷикистон.

                                                           АКС:  WFP / Emma Khachatryan

Сентябрь 30, 2020 08:43

Хабарҳои дигари ин бахш

Вуруди Резервати биосферии «Ромит» ба Шабакаи ҷаҳонии мамнуъгоҳҳои ЮНЕСКО — рӯйдоди муҳим дар соҳаи экологии Тоҷикистон
ДИПЛОМАТИЯИ ТОҶИКИСТОН: АЗ СУХАНРОНИИ ТАЪРИХӢ ТО ТАШАББУСҲОИ ГЛОБАЛӢ. Эҳдо ба Рӯзи кормандони хизмати дипломатии Тоҷикистон
Президенти Тоҷикистон: «Таъсиси Маркази минтақавии зеҳни сунъиро дар шаҳри Душанбе салоҳи кор мешуморем»
Пиряхҳо ва дигар манбаъҳои обии Тоҷикистон то 60 фоизи захираҳои оби Осиёи Марказиро ташкил медиҳанд
Тоҷикистон дар соҳаи дипломатияи об мавқеи фаъол дорад
Тоҷикистон аз пайомадҳои манфии раванди тағйирёбии иқлим нигарон мебошад
Эмомалӣ Раҳмон: «Қатъномаи махсуси СММ оид ба эълон кардани «Даҳсолаи таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда» мавриди баррасӣ қарор дода шавад»
Президенти Тоҷикистон: «Маҷмаи Умумии СММ имконияти эълон намудани Соли байналмилалии маърифати ҳуқуқиро мавриди баррасӣ қарор диҳад»
Муҳаммадҷаъфари Ёҳаққӣ: «Мо раҳбари хирадмандеро меситоем, ки дасти як миллатро бар «Шоҳнома»-и устоди Тӯс кушода кард»
Бо пешниҳоди Тоҷикистон 14 қатъномаи Маҷмаи Умумии СММ оид ба масъалаҳои обу иқлим қабул гардид
БА ҚАДРИ НЕЪМАТИ БЕБАҲО — ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ БОЯД РАСИД. Андешаҳои Пешвои миллат дар ин хусус
ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ БУЗУРГТАРИН ВА МУҚАДДАСТАРИН НЕЪМАТ. Андешаҳои Пешвои миллат доир ба ин неъмати бебаҳо