Конфронси VII байналмилалии «Масъалаҳои муосири физика» дар Душанбе тариқи онлайн баргузор мешавад

Сентябрь 28, 2020 10:20

ДУШАНБЕ, 28.09.2020 /АМИТ «Ховар»/. 9-10 октябр дар Донишкадаи  физика ва техникаи ба номи С. Умарови Академияи миллии илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон Конфронси VII байналмилалии «Масъалаҳои муосири физика» баргузор мешавад. Дар ин бора аз донишкадаи мазкур  хабар додаанд.

Конфронси байналмилалӣ баъд аз соли 2008 маъмулан дар ду сол як маротиба доир мешавад.

Бо дарназардошти таъсири ҷаҳонии пандемияи COVID-19 аз тарафи кумитаи илмӣ ва ташкилӣ дар кори он баъзе тағйирот ворид шудааст: системаҳои фосилавӣ барои рӯнамоиҳо ва мубоҳисаҳо, инчунин бахши иловагии «Физикаи тиббӣ ва биологӣ» пешниҳод шуданд.

Дар ҷараёни конфронс шунидан ва муҳокимаи зиёда аз 100 маърӯзаи илмӣ ба нақша гирифта шудааст, ки аз ҷумла беш аз 30-тои онҳо аз пажӯҳишгоҳҳо ва донишгоҳҳои кишварҳои узви ИДМ, ИМА ва дигар кишварҳои хориҷӣ ворид шудаанд.

Бино ба гуфтаи директори Донишкадаи физика ва техникаи ба номи С. Умарови Академияи миллии Тоҷикистон Фарҳод Шокир, маводи воридшуда аз маърӯзаҳои ба масъалаҳои физикаи плазма, физикаи нимноқилҳо, физикаи назариявӣ, мониторинги радиатсионии маҳал, таҳлили маҳсулоти хӯрокворӣ барои муайян намудани мавҷудияти унсурҳои зараровар, тағирёбии иқлим, коркарди маводи нанокомпозитӣ, манбаҳои барқароршаванда ва ғайримаъмулии неруи барқ, булӯршиносӣ, уфунати коронавируси нави COVID-19, физикаи ноқилҳои фавқулода ва ғайра бахшидашуда иборат мебошад.

«Дар Кумитаи тадорукоти конфронс беш аз 40 нафар олимон ва мутахассисон, аз ҷумла намояндагони Британияи Кабир, Исроил, Қазоқистон, Россия ИМА, Туркия, Ӯзбекистон, Украина ва дигар кишварҳо шомил мебошанд. Сарфи назар аз маҳдудияти вобаста ба пандемия, мо бояд аз тамоми имконот  ҷиҳати таъмини фаъолияти муттасили илмӣ-тадқиқотӣ истифода намоем. Бо сабаби вазъияти мавҷуда, мо натавонистем, ки олимони кишварҳои узви ИДМ, ИМА, Аврупо, инчунин Чин ва Японияро даъват кунем, аммо масоили илмӣ ва дурнамои ҳамкорӣ бо ширкати олимони хориҷӣ дар шакли онлайн муҳокима хоҳад шуд», — зикр намуд роҳбари донишкада.

Ба ақидаи ӯ, табиати илм танаффусро  таҳаммул намекунад, зеро ҳар рӯзи қатъ шудани ҷараёни таҳқиқоти илмӣ боиси талафи чанд рӯзи иловагӣ мешавад, чунки барои аз нав барқарор намудани таҳқиқот чанд рӯзи дигар лозим мешавад. Пас аз ҷамъбасти натоиҷи конфронс таҳияи маҷмӯаи мавод, маърӯзаҳои беҳтарини гузришҳо оид ба таҳқиқоти илмии иштирокчиёни хориҷӣ, ки сабаби дастовардҳои нави илмӣ ва коркардҳои амалии инноватсионӣ шудаанд ва интишори онҳо дар маҷаллаи илмии “Ахбори  АМИТ” ба нақша гирифта шудааст.

Сентябрь 28, 2020 10:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Антропологи машҳури рус дар ёдгории Сари Майни ноҳияи Айнӣ таҳқиқот мегузаронад
НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ. 21 июл дар вазорату идораҳои Тоҷикистон нишастҳои матбуотӣ оғоз мегарданд
«Қалъаи Хуҷанд» ба рӯйхати 10 мавзеи ҷолиби сайёҳии Тоҷикистон шомил гардидааст
Дар мавзеи Сари Майни ноҳияи Айнӣ корҳои омӯзишии бостоншиносӣ ва антропологӣ оғоз ёфт
Санъаткорони Қирғизистон Осорхонаи миллии Тоҷикистонро тамошо карданд
Дар Душанбе бо мақсади рушди ҳамкорӣ дар самти илмҳои яхшиносӣ вохӯрӣ баргузор гардид
Ба Маркази мероси хаттӣ беш аз 100 нусха китобҳои чопи сангӣ ва дастнависҳо тақдим гардид
«ШОҲНОМА». Фирдавсӣ дар сар то сари ин асари безавол дӯст доштани Ватанро таъкид мекунад
Беш аз 23 ҳазор нусха китобҳои Китобхонаи миллии Тоҷикистон ба шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ фиристода шуд
«ДӮСТИИ АБАДӢ». Таҳту чунин унвон барномаи фарҳангии Тоҷикистон ва Қирғизистон доир мегардад
Собиқ Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Тамара Абдушукурова аз олам даргузашт
Ҷаласаи вазирони фарҳанги давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай доир гардид