«Корвони китоб-2020» ба вилояти Суғд сафар намуд

Сентябрь 3, 2020 09:35

 ДУШАНБЕ, 03.09.2020 /АМИТ «Ховар»/. Дар арафаи таҷлили Рӯзи китоб ва 29-умин солгарди соҳибистиқлолии Тоҷикистон Ҳаракати фарҳангии «Корвони китоб-2020» ба шаҳрҳои Панҷакент, Хуҷанд, Гулистон, Бӯстон, Истиқлол ва ноҳияи Мастчоҳи вилояти Суғд сафар намуд. Ин кӯлвори китоб 210 номгӯй китобҳои бадеӣ, донишномаҳо, луғатҳо, осори илмӣ-пажӯҳишӣ, адабиёти кӯдакона бо теъдоди 2270 нусха, 50 номгӯй дастурҳои библиографӣ бо теъдоди 2560 нусхаро фаро гирифтааст, ки  ба тамоми муассисаҳои фарҳангии вилояти Суғд тақдим мегардад. Дар ин бора аз Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мухбири АМИТ «Ховар» хабар доданд.

Вазорати фарҳанги мамлакат тасмим гирифтааст, ки дар доираи Барномаи давлатии «Рушди муассисаҳои фарҳангӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020» шаҳру ноҳияҳои дурдасти мамлакатро бо китоб ва дастуру феҳрастҳои библиографӣ таъмин намояд.

Ёдовар мешавем, ки  ҳамасола 4 сентябр  дар саросари Тоҷикистон Рӯзи китоб бо шукӯҳу шаҳомати хосса таҷлил мегардад. Ҳанӯз 13 сол қабл Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни гузоштани санги асос ба  бунёди Китобхонаи миллии Тоҷикистон ин ҷашнро эълон намуда, иброз доштанд, ки «бо дарназардошти аҳамияти бузурги китобу китобдорӣ ва донишу маърифат пешниҳод менамоям, ки дар қатори идҳои дигар рӯзи оғози сохтмони Китобхонаи миллӣ ҳамчун Рӯзи китоб муқаррар карда шавад».

Сентябрь 3, 2020 09:35

Хабарҳои дигари ин бахш

Одил Дониш аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон боздид намуд
Ҳаракати фарҳангии «Корвони китоб» дар минтақаи Кӯлоб идома дорад
Дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъат оид ба нақши фарҳангу санъат дар муносибатҳои байналмилалӣ ҳамоиш баргузор гардид
Ҷилди панҷуми китоби «Таърихи халқи тоҷик» рунамоӣ гардид
«ТОҶИКИСТОН-ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Дар ҳашт сол шумораи иштирокчиёни озмун ба беш аз 33 ҳазор нафар расидааст
Доир ба таъриху фарҳанги Кӯшониён конфронси ҷумҳуриявӣ баргузор шуд
Маросими ҷоизасупории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» оғоз гардид
«КОРВОНИ КИТОБ-2026». Беш аз 6 ҳазор нусха китоб ба шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб ройгон тақдим мегардад
Дар мавзуи «Шинохти Мавлоно дар ҷаҳони муосир» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Густариши ҳамкории фарҳангии Тоҷикистону Озарбойҷон баррасӣ гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми 7-уми байналмилалии «Муколамаи байнифарҳангӣ» дар Боку иштирок намуд
«ГАНҶИНАИ ТАЪРИХ ВА ФАРҲАНГИ ТОҶИКОН». Таҳти ин унвон дар Тоҷикистон озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз мегардад