Лоиҳаи «Тақвияти таҳсилоти касбӣ-техникӣ ва омӯзиш» ба омӯзгорон истифодаи технологияи иттилоотӣ меомӯзонад

Сентябрь 28, 2020 09:35

ДУШАНБЕ, 28.09.2020 /АМИТ «Ховар»/. Дар маркази тренингии Гурӯҳи идоракунии лоиҳаи «Тақвияти таҳсилоти касбӣ-техникӣ ва омӯзиш»-и Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои омӯзгорони фанни технологияи иттилоотии литсейҳои ҳадафии лоиҳа ва маркази таълими калонсолони шаҳри Душанбе дар мавзӯи «Истифодаи технологияи иттилоотӣ ва тарзи дуруст ба роҳ мондани кори компютер» тренинги кӯтоҳмуддат баргузор гардид.

Ҳадаф аз баргузории тренинг баланд бардоштани малакаи кори компютерии омӯзгорон, устоҳои таълимӣ ва ҳайати роҳбарикунандаи муассисаҳои таълимии соҳаи таҳсилоти ибтидоии касбӣ мебошад.

Ин машғулиятҳо  аз 16 то 18 сентябр барои омӯзгорони муассисаҳои ҳадафии вилояти Суғд дар шаҳри Хуҷанд гузаронида шуданд. Баргузории омӯзишҳо барои омӯзгорони муассисаҳои ҳадафии вилояти Хатлон дар шаҳрҳои Кӯлоб аз 28 то 30 сентябр ва дар шаҳри Бохтар аз 1 то 3 октябр ба нақша гирифта шудааст. Дар маҷмӯъ тибқи нақша, 73 муаллими фанни технологияи иттилоотии литсейҳои ҳадафии лоиҳа ва марказҳои таълими калонсолон аз омӯзишҳои серӯза гузашта, пас аз хатми онҳо дониши андӯхтаашонро ба дигар омӯзгорони муассисаҳои таълимии соҳаи таҳсилоти ибтидоии касбӣ таҳвил хоҳанд кард.

Тренингҳои мазкур дар доираи қисмати аввали лоиҳа: «Мукаммалсозии методологияи низоми таҳсилоти ибтидоии касбӣ- техникӣ ва омӯзиш» гузаронида мешаванд, ки ин қисмат ҷорӣ намудани методологияи таҳсилот дар асоси салоҳияти касбиро дар назар дорад. Бо ин мақсад аз рӯйи 17 ихтисоси интихобшуда стандартҳои салоҳият, барнома, маводи таълимӣ ва воситаҳои баҳодиҳӣ бо назардошти масоили гендерӣ таҳия мегарданд.

Бо мақсади татбиқи самараноки лоиҳа ва баланд бардоштани малакаи кори кормандони соҳаи таҳсилоти ибтидоии касбӣ ба муассисаҳои соҳаи таҳсилоти ибтидоии касбӣ ва таълими калонсолон компютерҳои замонавӣ ва таҷҳизоти муосир дастрас гардида, баргузории чунин тренингҳо муҳим ва саривақтӣ арзебӣ карда мешавад.

Ёдовар мешавем, ки Лоиҳаи «Тақвияти таҳсилоти касбӣ-техникӣ ва омӯзиш» дар асоси созишномаҳо байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки Осиёии Рушд дар Тоҷикистон аз соли 2016 амалӣ мешавад.

Сентябрь 28, 2020 09:35

Хабарҳои дигари ин бахш

Форуми илмии байналмилалии «Илмҳои геологии Осиёи Марказӣ – 2026» доир гардид
Дар Тоҷикистон Рӯзҳои иммунизатсияи иловагӣ бар зидди бемориҳои сурхча ва гулафшон оғоз гардид
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар иқдоми ҷумҳуриявӣ доир шуд
ПУРСИДЕД, ҶАВОБ МЕДИҲЕМ. Кадом қонуншиканиҳо метавонанд боиси ихроҷи муҳоҷирони тоҷик аз Русия гарданд?
ДАР ПАЙРАВӢ БА ИҚДОМҲОИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ. Дар ноҳияи Рашт ба 80 оилаи ниёзманд ангишт кумак карда шуд
Дар ноҳияи Файзобод китобхона, кӯдакистон ва синфхонаҳои иловагӣ ба истифода дода шуданд
Нақшаи буҷети суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа дар вилояти Суғд беш аз 100 фоиз иҷро гардид
ИМРӮЗ–РӮЗИ ИТТИФОҚҲОИ КАСАБА. Беш аз 15 ҳазор аъзои иттифоқи касаба ба солимгардонӣ фаро гирифта шуданд
Бахшида ба Рӯзи байналмилалии бабри барфӣ дар Хоруғ конфронси илмӣ-амалӣ доир шуд
ПУРСИДЕД, ҶАВОБ МЕДИҲЕМ. Доғи судӣ чӣ гуна метавонад монеаи гирифтани патент дар Федератсияи Русия гардад?
Оид ба идоракунии инноватсионии давлатӣ дар шароити трансформатсияи иқтисоди рақамӣ дар Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Дар Самарқанд Саммити ҷаҳонӣ доир ба некӯаҳволии кӯдакон баргузор гардид