МУКОФОТ МУБОРАК! Бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ду нафар кормандони АМИТ «Ховар» бо мукофотҳои давлатӣ қадрдонӣ гардиданд

Сентябрь 4, 2020 12:30

ДУШАНБЕ, 04.09.2020/АМИТ «Ховар»/. Тавре қаблан хабар дода будем, ба муносибати 29-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сарфарозгардонии кормандони соҳаи илму фарҳанг, тандурустӣ, истеҳсоли мол ва хизматрасониҳо, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, дигар хизматчиёни давлатӣ ва соҳибкорон» як қатор фаъолони соҳаҳои мазкур бо мукофотҳои давлатӣ сазовор гардонида шуданд. 

28 август Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Қасри миллат ба гурӯҳе аз тақдиршудагон мукофотҳои давлатиро шахсан супориданд.

Имрӯз, 4-уми сентябр  дар маҷлисгоҳи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон  бо иштироки Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Абдуҷаббор Раҳмонзода ба иддаи дигаре аз кормандон, ки дар муассисаҳои гуногуни давлатӣ ва  бахши таблиғи ҲХДТ кору фаъолият мекунанд,  мукофотҳои давлатӣ  тақдим карда шуданд.

Ҷоизаи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба номи Ибни Сино дар соҳаи илм ва техника ба як гурӯҳ олимон, аз ҷумла президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, академик Фарҳод Раҳимӣ, ректори Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон доктори илмҳои тиб, профессор Маҳмадшо Гулзода, академик Маҳкам Маҳмудзода ва узви вобастаи Академия миллии илмҳои Тоҷикистон Маҳмад Раҳимзода  супорида шуд.


ДАР АКСҲО: Маҳкам Маҳмудзода ва Маҳмад Раҳимзода ҳангоми гирифтани мукофотҳои давлатӣ

Дар миёни тақдиршудагон  ба ду нафар журналистони АМИТ «Ховар» чунин шарафи бузург насиб гардид: Мавҷуда Анварӣ  бо медали «Хизмати шоиста»  ва Акрамхоҷа Акбар бо Ифтихорномаи Ҷумҳурии Тоҷикистон  сарфароз гадонида шуданд.

«Зикр кардан ба маврид аст, ки шумораи зиёди занону ҷавонони мукофотгиранда дар соли таҷлил аз 29-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон  — ин шаҳодати фаъолгардии нақши ҷавонон бахусус, занон дар ҷомеа ва дастгирии бештари онҳо аз ҷониби давлат мебошад», — навиштааст Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон».

ДАР АКСҲО: журналистони АМИТ «Ховар» Мавҷуда Анварӣ ва Акрамхоҷа Акбар

Дар  фарҷоми  маросими супоридани мукофотҳои давлатӣ  Абдуҷаббор Раҳмонзода бори дигар ҳамаи онҳоеро, ки барои фаъолияти пурсамар дар  рушду пешрафти мамлакат аз ҷониби  Президенти Ҷумҳурии Толҷикистон  бо мукофотҳои олии давлатӣ қадрдонӣ гардиданд, самимона табрик гуфта, ба онҳо дар роҳи пешбурди меҳнати содиқона ба нафъи давлату миллат комёбиҳо орзу намуд.

 АКСҲО аз Тоҳир САИДЗОДА (АМИТ «Ховар»)

Сентябрь 4, 2020 12:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Нақши Президенти Тоҷикистон дар бунёди низоми муосири идоракунии давлатӣ назаррас аст
САҲМИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН ДАР ТАКМИЛИ ФОНДИ ОСОРХОНАИ МИЛЛӢ БУЗУРГ АСТ. Эҳдо ба Рӯзи Президент
Директори Агентии «Тоҷикстандарт»: Садоқат ба Президент, садоқат ба Ватан аст!
ПЕШВОИ РАЪИЯТПАРВАРИ МИЛЛАТ. Эҳдо ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
ПАДИДАИ ПЕШВО ДАР ТОҶИКИСТОН-АКСИ САДОИ ТАЪРИХ БА НИЁЗҲОИ СИЁСИИ МИЛЛАТИ ТОҶИК. Ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон бахшида мешавад
Эмомалӣ Раҳмон -таҳкимбахши Истиқлолияти давлатӣ ва Пешвои ваҳдатофар
Дар Осорхонаи миллӣ ба ифтихори Рӯзи Президент Рӯзи дарҳои кушод гузаронида мешавад
ҲАР РӮЗИ ФАЪОЛИЯТИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ТАЪРИХСОЗИСТ. Андешаҳои академик Фарҳод Раҳимӣ бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Сарвари давлат: «Ҳар як фарди ҷомеа вазифадор аст, ки моҳияту аҳаммияти Конститутсияро ба фарзандони худ ҳанӯз аз хурдсолӣ фаҳмонад»
Эмомалӣ Раҳмон: «Маҳз ба шарофати Конститутсия ва амалӣ шудани меъёрҳои он дар Тоҷикистон фазои орому осуда муҳайё гардид»
Президенти Тоҷикистон: «Конститутсия соҳибистиқлолии халқи моро ба расмият дароварда, асосҳои бунёдии ҷомеа ва давлати навини тоҷиконро муайян намуд»
КОНСТИТУТСИЯ — ШАҲОДАТНОМАИ ХАЛҚИ ТОҶИКИСТОН. Иқтибосҳо аз суханрониҳои Президенти Тоҷикистон