Муовини Раиси Суди конститусионӣ Карим Каримзода: «Истиқлолияти давлатӣ дар баробари ваҳдати миллӣ бояд мояи ифтихор ва нангу номуси миллии ҳар фарди ҷомеаи Тоҷикистон гардад»

Сентябрь 8, 2020 08:30

ДУШАНБЕ, 08.09.2020 /АМИТ «Ховар»/. Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон моҳият ва ҷавҳари аслии истиқлолияти давлатиро амиқ дарк намуда, онро танҳо дар худшиносиву худогоҳӣ ва ҳувияти  миллии халқи тоҷик дарёфтаанд. Дар давраи басо ҳассоси таърихи навини миллатамон «ман ба Шумо сулҳ меорам» ва «то он вақте ки як ҳамватани мо берун аз мамлакат аст, ман худро ором ҳисобида наметавонам» намунаи олии шуҷоат, далерӣ ва мардонагӣ,  ифтихор аз гузаштаи  ноҳамвори таърихи миллат ва фарзандони барӯманди он ба шумор  меравад, ки аз ҳисси баланди ватандӯстӣ ва ҳувияти миллии ӯ дарак медиҳад. Ин матлабро муовини Раиси Суди  конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон, номзади илмҳои сиёсӣ Карим КАРИМЗОДА ба хабарнигори АМИТ «Ховар» Мавҷуда АНВАРӢ иброз намуд. 

Андешаҳои пурраи ин сиёсатшиноси тоҷикро дар зер манзури хонандагон мегардонем:  

— Сарвари давлат истиқлолияти миллиро пайваста тараннум, таъкид ва ҳифзи онро муқаддастарин вазифаи инсонию шаҳрвандии ҳар фарди бо нангу номуси миллат арзёбӣ менамоянд ва худ парчамбардори ин давлати соҳибистиқлол пазируфта шудаанд.

Истиқлолияти давлатӣ дар баробари ваҳдати миллӣ, ватан, ватандорӣ, худшиносиву, худогоҳӣ бояд мояи ифтихор ва нангу номуси миллии ҳар фарди ҷомеаи Тоҷикистон гардад. Он бояд ғояи муттаҳидкунанда ва рушди фарҳанги миллии мо бошад. Зеро маҳз музаффариятҳои иҷтимоию фарҳангӣ ва рушди устувори иқтисодиёти миллӣ моро ба сӯи ҷомеаи ҳақиқатан демокративу ҳуқуқбунёд ва иҷтимоӣ раҳнамун месозанд.

Истиқлолияти давлатӣ ба халқи тоҷик дар аввалҳои солҳои 90 -уми асри ХХ муяссар гардид, ки бо ҳамин орзуву омоли чандҳазорсолаи фарзандони ин миллат ҷомаи амал пӯшид. Аммо дар баробари рӯҳбаландию  қаноатмандӣ,  сарфарозӣ ва ифтихор аз миллати тамаддунофар  будан, арҷ гузоштан ба таърихи гузаштаи худ, мо бояд ба ҳифзи музаффариятҳои Истиқлолияти давлатӣ, унсурҳои сиёсию миллӣ, этникию фарҳангӣ ва арзишии он аҳамияти зарурӣ диҳем. Истиқлолияти миллӣ бояд идеологияи давлатдорӣ ва давлатсозӣ, рушду эътибори инкишофи шахсият, айнияти миллӣ ва сари баланду рӯйи сурхи мо тоҷикон бошад!

Мояи сарфарозист, ки устувор гардонидани Истиқлолияти давлатӣ, побарҷо мондан ва таҳкими заминаҳои асосии он аз ҷониби роҳбарияти сиёсии мамлакат ва халқи Тоҷикистон дуруст дарк карда шуда, сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар зарфи 29 соли Истиқлолияти давлатӣ ба ҳамин самт, яъне мустаҳкам намудани заминаҳои моддӣ ва маънавӣ, сиёсию иҷтимоӣ ва иқтисодию ҳуқуқии он равона гардид.

Истиқлолияти давлатӣ, ваҳдати миллӣ, ҳифз, нигаҳдорӣ, таҳким ва боз ҳам афзун гардонидани соҳибихтиёрии давлат бояд санги маҳаки барномаҳои сиёсии ҳама гуна ҳизбҳои сиёсии мамлакат буда, онҳо набояд ба хотири ба сари қудрати сиёсӣ  омадан, чуноне ки дар  баъзе аз давлатҳои пасошӯравӣ дида мешавад, аз даст дода шуда, мамлакат ба идоракунии давлатии давлатҳои хориҷӣ табдил дода шавад.

Мақсади асосии ҷанги шаҳрвандӣ низ дар мамлакати мо, пеш аз ҳама, аз роҳи рушду инкишофи миллӣ баровардани давлат ва миллати тоҷик буда, вазифаи ниҳоии  ин ҷанги таҳмилӣ – нест кардани айнияти миллӣ, хислат ва хусусиятҳои этникӣ, ба сари халқи мо бор кардани тарзи зиндагии барояш бегона, ба хурофот ва мазҳаби  дигари динӣ асосёфта, бо ҳамин аз байн бурдани Истиқлолияти давлатии мо ва зери идоракунии дастии яке аз давлатҳои исломӣ зистани мо ба шумор меравад.

Хурсандиовар он аст, ки  тири душманони миллати мо хок хӯрд.

Солҳои аввали Истиқлолияти давлатии мо ба давраҳои вазнини таърихи навини мо дохил мешавад, аммо ба нобасомониҳои солҳои аввал нигоҳ накарда, истиқлолият аз тарафи мардуми тоҷик хуш пазируфта шуд, зеро истиқлолияти давлатӣ натиҷаи муборизаи дуру дарози халқ ва фарзандони баруманди миллати мо, бедорӣ, худшиносию худогоҳии миллии онҳо мебошад.

Агар ҳисси худшиносиву худогоҳӣ, ифтихормандӣ аз мансубият ба этноси созандаю бунёдкор ва соҳибтамаддун, инчунин масъулияти инсонию шаҳрвандии фарзандони барӯманди халқи мо нисбат ба ҳифз ва афзун гардонидани дастовардҳои гузаштагонашон намебуд, минбаъд ба давлатдорию девонсолорӣ, фарҳанги ҷаҳоншумул ва истиқлолияти миллӣ намерасидем.

Чуноне ки Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Паёмашон ба муносибати 19-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон таъкид доштанд: «Мову шумо бояд ҳеҷ гоҳ фаромӯш насозем, ки озодӣ ва истиқлолият муқаддастарин ва волотарин дастоварди миллат буда, саҳифаҳои пурифтихори озодихоҳиву ватанпарастии мардуми мо бо хуни ҳазорон далерону родмардони ватанпарвар навишта шудаанд. Аз ин лиҳоз, давраи нуздаҳсолаи истиқлолияти Тоҷикистон дар умқи таърихи куҳанбунёдамон реша дорад ва ҳамеша аз он неруву ғизо мегирад».

Ҳамин аст, ки истиқлолият «муқаддастарину азизтарин неъмати дунё, рукни асосии давлати озод, рамзи шарафу номуси ватандорӣ, кафолати хонаи ободу сари баланд ва неруи таконбахши ҳаёти ҳаррӯзаи мо» арзёбӣ мегардад.

Бинобар ин, истиқлолияти давлатии мо бояд ҳамчун дастоварди бузург ва беназир, натиҷаи озодихоҳиву ватанпарастӣ, сарсупурдагӣ, муборизаву ҷонфидоии фарзандони барӯманди миллат, бармаҳал худшиносу худогоҳ будани гузаштагони мо, нақши бузургони миллати мо дар ғанӣ ва рангоранг гардонидани тамаддуни ҷаҳонӣ, фарҳанги давлатдорӣ, таҳаммулпазирӣ ва дорои хусусияти инсондӯстиву одампарварӣ, мавриди фаҳмиш, таҳқиқ ва таҳлил қарор дода шавад.

Чунин муносибат ба дарки фаҳмиши Истиқлолияти давлатӣ аз он бармеояд, ки таърихи тоҷикон шурӯъ аз давраи зуҳури ин халқ ва ташаккули он ба сифати нажоди ориёӣ аз рӯйдодҳои муҳими сиёсӣ, ҳуқуқӣ ва иҷтимоию фарҳангӣ саршор буда, як қисмати ноҳамвори таърихи ҷаҳонӣ маҳсуб меёбад.

Раванди пайдоиш ва ташаккули ин нажод аз замонҳои хеле қадим, яъне ҷамоаи авлодӣ ва қабилавӣ шурӯъ гашта, расидани он ба дараҷаи халқият ё миллат ба осонӣ ва якранг ҷараён нагирифтааст. Бунёди халқи мазкур дар як минтақаи ҷуғрофии алоҳида ба туфайли омезиши авлоду қабилаҳои гуногуни сарзамини ориёӣ, ташаккули муносибатҳои хешутаборӣ, пайдоиши забон ва расму оини ягона асос ёфтааст. Саҳифаҳои таърихи он аз муборизаҳои хунин барои мавҷудият, инчунин омезиши тамаддун, фарҳанг, забон ва нажодҳо низ орӣ нест.

Бавуҷудоварандагони аввалин дин будан, доштани пайғамбари соҳибкитоб бо номи Зардушт ва китоби ӯ «Авесто», аввалин алифбо ва империяи бузурги ҷаҳонӣ бунёд кардан, фарҳанги оламшумул, осори хаттӣ ва ёдгориҳои меъморӣ ба мерос гузоштани онҳо нишони худшиносию худогоҳии гузаштагони мо мебошад.

Миллате дар ҷаҳон чунин асари гаронбаҳои таърихӣ, ба монанди «Авесто» надорад ва он  барҳақ сарчашмаи маънавиёти миллати мо ба шумор меравад.

Мавриди зикр аст, ки худшиносии миллӣ яке аз хислатҳои асосии ҳар миллат аст ва инкишофи он имкон медиҳад, ки миллат ҳамчун гурӯҳи устувори таърихан ба вуҷудомадаи одамон, ки дар заминаи забони умумӣ, ҳудуди зист, ҳаёти иқтисодӣ, фарҳанг ва хислати ба худ хос ташаккул меёбад, фарқ карда, таркиб ёбад. Ин раванди худшиносӣ ва рушди хислати фарҳангӣ ва ба худ хоси миллат, инчунин хислати инсонӣ низ мебошад ва ба ӯ имконият медиҳад, ки ба кадом миллат мансуб буданашро муайян намояд.

Худогоҳии миллӣ худро ҳамчун миллат дарк кардани инсон аст. Ба таври дигар гӯем, он аз тарафи инсон дарк кардани амалҳои худ, ҳиссиёт, андеша, мақсади рафтор, манфиат ва мавқеи худ дар ҷомеаро ифода мекунад ва рушди худогоҳӣ шарти муҳими ташаккули шахсият ба шумор меравад.

Пас мо бояд аз фарзандони фарзонаи ин миллат сабақ гирем, худшиносу худогоҳ бошем, ҳувияти миллӣ дошта бошем. Арзишҳои миллиро чун гавҳараки чашм ҳифз кунем ва тоҷик  будан барои мо бояд мояи ифтихор бошад! Танҳо дар ҳамин ҳолат давлати мо метавонад умри абад дошта бошад ва мо дар он осуда  зиндагӣ ба сар  мебарем.

Сентябрь 8, 2020 08:30

Хабарҳои дигари ин бахш

35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Имсол дар ноҳияи Шамсиддини Шоҳин 41 иншоот ба истифода дода мешавад
Дар шаҳри Ҳисор бо иштироки муовини Сарвазири Тоҷикистон иншооти гуногуни ҷашнӣ ба истифода дода шуд
Бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар Кушониён синфхонаҳои иловагӣ ба истифода дода шуданд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Беморхонаи марказии ноҳияи Темурмалик пурра навсозӣ гардид
Дар ноҳияи Шаҳринав бинои нави шуъбаи рентгенӣ ба истифода дода шуд
Президенти Тоҷикистон: «Ҷашни Наврӯз ва истиқлолу озодӣ – ин ду мафҳуми барои ҳар яки мо азизу муқаддас аст»
«КАЪБА ЧӢ МЕРАВӢ, ДИЛЕРО ДАРЁБ…». Андешаҳо дар ҳошияи мулоқоти Президенти Тоҷикистон бо фаъолону намояндагони ҷомеа ва ходимони дин
Пешвои миллат: «Боиси ифтихор аст, ки Наврӯз – калимаи асили тоҷикӣ, яъне «рӯзи нав» ҳоло барои миллионҳо аҳолии сайёра ҳамчун рӯзи ҷашни фархунда вирди забон аст»
Эмомалӣ Раҳмон: «Наврӯз аз ҷумлаи бузургтарин ва маҳбубтарин ҷашнҳои тоҷикон мебошад»
Бахшида ба ҷашни Наврӯз дар ноҳияи Рӯдакӣ ду бунгоҳи тиббӣ ба истифода дода шуд
СИЁСИШАВИИ ДИН — ХАТАР БА ФАРҲАНГИ МИЛЛӢ ВА СУБОТИ ҶОМЕА. Андешаҳои профессор Нозим Маҳмадизода дар ин мавзуъ
Президенти Тоҷикистон: «Бо назардошти шароити замона анъанаи неки гузаштагон – сарфаю сариштакориро бояд риоя намоем»