Муовини Сарвазири мамлакат Ширин Исматуллозода бо сокинони ноҳияи Кӯшониён мулоқот намуд
ДУШАНБЕ, 19.09.2020 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз таҳти роҳбарии муовини Сарвазири мамлакат Ширин Исматуллозода ва ҳайати гурӯҳи кории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар маҷлисгоҳи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Кӯшониён бо сокинони маҳаллӣ мулоқот доир гардид.
Дар ин бора ба мухбири АМИТ «Ховар» аз шуъбаи иттилоотӣ-таҳлилии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон хабар доданд.
Дар ҷараёни мулоқот доир ба пешгирӣ аз амалҳои номатлуб дар ҷомеа, нишон додани мавқеи фаъоли шаҳрвандӣ, тақвият додани тадбирҳои зиддиэпидемикӣ, таъмини волоияти қонун ва масоили дигари мубрам мубодилаи судманди афкор сурат гирифт.
Дар ҳамоиш муовини раиси вилояти Хатлон Фирӯза Шарифӣ, раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳилолбӣ Қурбонзода, муовини раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш Дилноза Аҳмадзода, намояндагони Вазорати корҳои дохилӣ, мақомоти прокуратура, роҳбарони ташкилоти вилоятӣ ва фаъолони ноҳияи Кӯшониён иштирок намуданд.









ИҶЛОСИЯИ XVI – ЗАМИНАИ ТАЪРИХИИ ТАҲКИМИ ДАВЛАТДОРӢ, ҚОНУНИЯТ ВА АДОЛАТИ СУДӢ. Андешаҳо дар ин маврид
Дар Норак осоишгоҳи Вазорати корҳои дохилӣ ифтитоҳ гардид
АЗ НАСБИ ПАНЕЛҲОИ ОФТОБӢ ТО ЗАХИРАИ СӮЗИШВОРӢ. Муассисаҳои тандурустии Тоҷикистон ба зимистони солҳои 2026–2027 омода мебошанд
Дар Бохтар бахшида ба Иҷлосияи XVI Шурои Олӣ конференсияи ҳизбӣ баргузор шуд
Дар Душанбе Форуми байналмилалии тандурустӣ-2026 баргузор гардид
Ташаббусҳои Тоҷикистон дар соҳаи зеҳни сунъӣ дар Шанхай муаррифӣ карда шуданд
Дар ноҳияи Ёвон бахшида ба Рӯзи Президент ҳамоиши сиёсӣ-фарҳангӣ доир гардид
Ба муносибати 35-солагии муносибатҳои дипломатии Тоҷикистону Чин конфронси байналмилалӣ доир шуд
Дар Тоҷикистон рақамикунонии низоми нафақа тақвият меёбад
Дар Кӯлоб бахшида ба Рӯзи Президент конференсияи илмӣ-амалӣ баргузор шуд
Муовини Сарвазири Тоҷикистон ба ифтихори Рӯзи Президент дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳафтаи ҷашниро ифтитоҳ намуд
ПРЕЗИДЕНТ — РАМЗИ ВАҲДАТ, СУБОТ ВА ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Фирдавсӣ ҳамоиши сиёсиву фарҳангӣ баргузор шуд






