МУРОҶИАТНОМАИ вакилони Анҷумани ХIV ғайринавбатии Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон
ДУШАНБЕ, 05.09.2020 /АМИТ «Ховар»/. Тавре қаблан хабар додем, 31 августи соли равон дар Филармонияи давлатии Тоҷикистон ба номи Акашариф Ҷӯраеви шаҳри Душанбе Анҷумани XIV ғайринавбатии Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон баргузор гардид, ки дар он вакилон бо овоздиҳии якдилона Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро номзад ба мақоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбарӣ намуданд. Вакилони Анҷумани мазкур муроҷиатнома қабул намуданд, ки матни пурраи онро дар зер бидуни таҳрир манзур менамоем.
«Мо, вакилони Анҷумани ХIV Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон якдилона ва бо ҳамовозии амиқ номзади арзандаи худ – Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар марҳилаи нави рушди Тоҷикистон барои таҳкими иттиҳоду ягонагӣ ва ҳифзи манфиатҳои миллӣ ба интихоботи навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбарӣ менамоем.
Мо, вакилони Анҷумани ХIV Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон бо ифтихори баланд ва масъулияти ватандорӣ иброз менамоем, ки фарзанди фарзонаи миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар давраи ҳассоси таърихӣ миллатро аз вартаи нестӣ ва давлатро аз парокандагӣ раҳо намуда, кохи муҳташами сулҳи тоҷиконро эъмор, низоми давлатдории муосири халқро асос гузошта, тоҷиконро ҳамчун миллати дорои Ватан, забон, фарҳанг ва таърихи қадима ба ҷаҳониён муаррифӣ ва дар навбати худ давлати Тоҷикистонро ҳамчун давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона дар радифи халқу миллатҳои соҳибдавлат дар харитаи сиёсии дунё бо номи Тоҷикистони соҳибистиқлол ҷойгузин намуданд, ки ин ҳама қудрату тавоноӣ аз ҷавонмардиву ҷасорат ва ваҳдатофарии Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шаҳодат медиҳад.
Мо, аъзои Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон доимо мактаби бузург ва созандаи Пешвои миллатро сармашқи кори худ намуда, бо набзи ҳаёт ва асри нав ҳамқадам ва талаботи замонро пайваста эҳсос намуда, манфиати миллат ва амнияти давлати соҳибистиқлоли худро дар раванди пурталотуми бархўрдҳои ҷаҳонӣ бо зиракии сиёсии хеш ҳимоя менамоем. Мо аз он ифтихор мекунем, ки дар татбиқи чор ҳадафи стратегии Тоҷикистон Пешвои муаззами миллат ба қувва ва нерўи созандаи ҷавонон такя ва эътимоди бузург доранд.
Дар ҳақиқат хизматҳои шоёни Пешвои тоҷикони ҷаҳон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таҳкими сулҳу субот дар ҷомеа, рушди соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ, тайёр намудани мутахассисони сатҳи ҷаҳонӣ, тарбияи насли наврасу ҷавон дар рўҳияи ватандўстӣ, пос доштани муқаддасоту арзишҳои миллӣ, дўст доштани Ватан ва миллати худ бебаҳост. Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо фаъолияти созанда, бунёдкорона ва маҳбубияте, ки байни мардуми ҷумҳурӣ доранд, аз лаҳзаҳои аввали роҳбарии худ ҳамчун Пешвои миллат шинохта шудаанд. Нишонаҳои он – эҳтироми бузург, қадрдонӣ ва ҳамчун ифтихор донистани ин нобиғаи сиёсат ва давлатдории муосир аз тарафи халқ мебошад, ки хизматҳои барҷастаашон дар саҳифаи таърихи кишвар ҳамчун Президенти мардумӣ ва наҷотбахши сайёра бо ҳарфҳои заррин сабт хоҳанд шуд. Хушбахтии мо – ҷавонон дар он аст, ки дар фазои сулҳу суботи комил, тараннуми якдиливу якпорчагии ватани маҳбуб, таҳкими давлатдории навини миллӣ ва марҳилаи рушди устувору босуботи ҷомеа умр ба сар бурда, баҳри амалӣ намудани сиёсати дурандешона ва муваффақонаи Пешвои миллат, ки рамзи иттиҳоду сарҷамъӣ ва кафили саодату осудагии ҳар як сокини кишвар мебошад, камари ҳиммат баста, ҳамеша дар сафи пеши соҳибватанон қадамҳои устувор мегузорем.
Раванди давлатдориву давлатсозӣ ва дарки масъулият дар назди наслҳои гузашта, имрўза ва оянда аз ҳар яки мову шумо тақозо менамояд, ки рисолати бар душ гирифтаи худро дуруст анҷом диҳем. Таърих гувоҳи он аст, ки дар ягон давру замон масъалаи давлатдорӣ кори саҳл набудааст ва он дар шароити имрузаи бархурди манфиатҳои кишварҳои абарқудрат, мушкилоти рўзафзуни ҷомеаи башарӣ, тақсими нави ҷаҳон байни қудратҳо, оғози марҳилаи нави ҷанги сард, мусаллаҳшавии бошитоб, зуҳури бесобиқаи гурӯҳҳои террористиву экстремистӣ ва амалҳои таҳрибкоронаи онҳо, бадтар аз ҳама муносибати духура ё дугона дар мубориза ба ин омилҳои номатлуб, вазъро печидатар ва роҳи кишварҳоро дар рӯ ба рӯи мушкилоте қарор гирифта истодааст, ки ҳатто абарқудраттарин кишварҳо дар рўбарўи онҳо бечораанд. Пандемияи бавуҷудомада бозгўи ҳақиқати ҳол аст. Аммо, дар чунин як шароити мураккаб Тоҷикистони азизи мо таҳти сарварии Пешвои муаззами миллат ҳамоно бомаром ва бидуни аз даст додани иродаи созанда ба пеш ҳаракат дорад, ба пеш ба сўи созандагӣ, бунёдкорӣ, таҳкими арзишҳои миллӣ, амсоли истиқлолияту озодӣ, сулҳу ваҳдати саросарӣ, иттиҳоду ягонагӣ, атрофи ҳадафу ормонҳои ҳазорсолаи миллӣ, хосса атрофи роҳбари сиёсӣ. Оре ин ҳама арзишҳои умумимиллии моро ташкил дода, миллати моро ба сўи саодати бештар раҳнамун месозанд.
Мо ҷавонон, насли боэътимоди ин диёри маҳбуб бо дарки масъулият бояд беш аз ҳарвақта баҳри таҳкими фазои осоиштаи ватани биҳиштосои худ, афзун гардонидани дастовардҳои даврони соҳибистиқлолӣ ва сазовор гардидан ба боварии мардуми шарафманд муттаҳидиву якдилӣ, бародарӣ, поквиҷдонӣ ва хислатҳои неки инсониро пешаи роҳи худ қарор дода, баҳри якпорчагиву ҳифзи ҳар зарра хоки муқаддаси Ватани худ синаи худро сипар кунем ва бо пуштибонӣ аз сиёсати пешгирифтаи Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар роҳи ҳифзи муқаддасоти миллӣ, бунёди давлати навин, ваҳдату ҳамбастагии саросарӣ ва муаррифии кишвар дар арсаи байналмилалӣ талошу ташаббусҳои беназирро устуворона идома деҳем. Мо ҷавонони даврони соҳибистиқлоли кишвар ҳамчун пайравони асили Пешвои муаззами миллат бояд барои иттиҳоду ягонагӣ, ҳифзи арзишҳои миллӣ ва пешрафти Тоҷикистони азиз, ки шиори ҳар як аъзои Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон мебошад ва он иродаи аксарияти ҷавонони кишварро ифода менамояд, камари ҳиммат мебандем. Мо, аъзои Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон бо ҷӯшу хурӯши ҷавонӣ, шаъну шавкат, қувва, қудрат, ғуруру азамат бо ифодаи олии ғояҳои ватандориву худшиносии миллӣҳамеша аз номзади арзанда – Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷонибдорӣ менамоем ва онро ҳифз мекунему муқаддас мешуморем. Барои пойдорӣ, устуворӣ, абадият, бардавомӣва ҷовиду пояндагии бахту саодати миллат барои боз ҳам ободу пешрафт ва рушду нумуи Тоҷикистони маҳбуб якдилона ва бо ҳамовозии амиқ номзади арзандаи худ – Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба интихоботи навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбарӣ менамоем. Умедворем, ки халқи шарифи Тоҷикистон бо дарки амиқи ватандустӣ, масъулияти баланди шаҳрвандӣ, ҳифзи арзишҳои истиқлолияти давлатӣ ва фазои ноороми геопалитикии дунё номзади арзандаи Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистонро ҳамаҷониба дастгирӣ менамоянд ва дар марҳилаи нави рушди Тоҷикистони азиз бо Пешвои муаззами миллат устуворона қадам мегузоранд.
Шукуфон бод, Тоҷикистони соҳибистиқлол!».