НАМУНАИ ИБРАТ. Вакили Маҷлиси намояндагон Ҳаёт Одинаев ба тарбиятгирандагони №3-и ноҳияи Восеъ кумак намуд
ДУШАНБЕ, 10.09.2020 /АМИТ «Ховар»/. Вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳаёт Одинаев тасмим гирифт, ки барои беҳдошти шароити таълим дар муассисаи таҳсилотии томактабии №3, воқеъ дар деҳаи Селбури Ҷамоати деҳоти ба номи Миралӣ Маҳмадалиеви ноҳияи Восеъ ба муассисаи мазкур як миқдор маводи таълимӣ, аз ҷумла 25 адад миз, 50 адад курсиҳои бачагона ва 2 адад ҳаллоҷии кӯдакона тақдим намояд. Дар ин бора котиби матбуоти Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳаммадато Султонов ба хабарнигори АМИТ «Ховар» хабар дод.
Маъмурияти муассисаи таҳсилоти томактабии №3-и деҳаи Селбури Ҷамоати деҳоти ба номи Миралӣ Маҳмадалиеви ноҳияи Восеъ иброз доштанд, ки дар таъмини тарбиятгирандагони муассиса бо мизу курсӣ, кати хоб ва дигар маводи таълимию тарбиявӣ мушкил доштанд.
«Зимни як вохӯрӣ мо ба вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳаёт Одинаев, ки ба ҷонибдориаш овоз дода будем, дар ин бора гуфтем. Вакили мардумӣ Ҳаёт Одинаев ин дархости моро ба инобат гирифта, барои тарбиятгирандагони муассиса ашёи лозимиро ҳадя намуданд», — тазаккур доданд маъмурияти муассисаи таҳсилоти томактабии №3.









Дар иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагон ба якчанд қонун тағйиру илова ворид карда шуд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Федератсияи Русия созишнома ба тасвиб расид
Нахустин арзишҳои маънавии инсон, заминаи ҷаҳонбинӣ, ахлоқ ва шуур маҳз аз оғӯши модар ташаккул меёбанд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум баргузор шуд
Дар Маҷлиси намояндагон оид ба аҳаммияти гузариш ба низоми дувоздаҳсолаи таълим ҳамоиш доир гардид
Дар иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум ду созишнома ба тасвиб расид
Дар Маҷлиси намояндагон бахшида ба Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳ ҳамоиши идона доир шуд
Вакили Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон дар ҷаласаҳои муштараки зимистонаи Ассамблеяи парлумонии САҲА иштирок намуд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Дар Маҷлиси намояндагон муҳокимаи парламентӣ баргузор гардид
ИЛМУ МАОРИФ БА ОЯНДАИ БОСАОДАТИ ДАВЛАТУ МИЛЛАТ ТАВЪАМ АСТ. Андешаҳо дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ






